Ҳарассмент дар таксиҳо дар Осиёи Марказӣ:
беҷазоӣ бидуни ҳуқуқ барои дифоъ
Ин натиҷаи назарсанҷии онлайнест, ки дар доираи маъракаи иттилоотии "Амният дар таксиҳои минтақа" анҷом дода шуд.

Бисёр мешавад, ки ҳангоми аз нуқтаи А ба нуқтаи Б рафтан духтарон бо шӯхиҳои ноҷо, киноя, пешниҳоди шиносоӣ, инчунин иртиботи нописанди ҷисмонӣ аз сӯйи ронандаҳо дучор мешаванд.

Дар Осиёи Марказӣ бо бадрафторӣ дар таксӣ чӣ бархӯрд мекунанд ва дар сурати дучор шудан бо озору азият дар таксӣ чӣ бояд кард? Дар матлаби CABAR.asia бихонед.

Ҳарассмент – нақзи марзҳои шахсӣ ва тобеъият, озору азият, таҳқир ва нақзи ҳарими хусусӣ мебошад. Он метавонад дар шакли ҷисмонӣ (ламс ё даст расонидани номатлуб, бӯсидан, оғуш кашидан, пучидан) ва шифоҳӣ (таъоруфҳои фаҳш ё таҳқиромез, ишораҳои номуайян барои алоқаи шаҳвонӣ ва ғ.ҳ.) анҷом шавад.
113 қисса
аз 4 кишвар
113 қисса
аз 4 кишвар
Натиҷаҳои назарсанҷии онлайн дар мавриди бадрафторӣ дар таксиҳо дар Осиёи Марказӣ
Назарсанҷӣ чӣ гуна гузаронида шуд?
Ҳадафи назарсанҷӣ:
Мушаххас кардан, ки занон дар Осиёи Марказӣ чӣ андоза бо озору азият дар таксӣ дучор мешаванд.

Вазифаҳо:

1. Мушаххас кардан, ки чанд дарсади занҳо дар Осиёи Марказӣ бо бадрафторӣ дучор шудаанд.
2. Мушаххас кардан, ки чанд дарсади занҳо дар Осиёи Марказӣ бо бадрафторӣ дар таксӣ дучор шудаанд.
3. Муайян кардан, ки аз ҳама бештар ҳарассмент дар таксӣ нисбат ба занҳо дар чӣ шакле зоҳир мешавад.
4. Муайян кардан, ки занҳо дар таксӣ чӣ андоза бо озору азият дучор мешаванд.
5. Муайян кардан, ки занҳо то куҷо ба бадрафторӣ дар таксӣ вокуниш мекунанд.
6. Муайян кардан, ки занҳо пас аз ҳолатҳои бадрафторӣ дар таксӣ чӣ тасмим мегиранд.
Ҷуғрофиёи назарсанҷӣ

Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон
Давомнокӣ
Назарсанҷӣ аз 7 октябр то 7 ноябри соли 2020 гузаронида шуд. Пурсишнома шомили 17 саволи таркибӣ буд.
Пурсишномаҳо

Бо панҷ забон дастрас буданд (русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва узбекӣ)
Роҳҳои паҳнсозӣ

Пурсишномаҳо тавассути каналҳои расмии CABAR.asia дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, Telegram), инчунин тавассути блогерони Осиёи Марказӣ паҳн гардиданд.
Намунаи назарсанҷии онлайн
Мухотабони ин назарсанҷӣ занону духтарони сину соли мухталиф аз Осиёи Марказӣ буданд, ки аз хизматрасонии таксӣ истифода мебаранд.

Маҳдудият
Ин назарсанҷӣ андешаи онҳоеро, ки аз хизматрасонии таксӣ истифода мекунанд, аммо ба интернет дастрасӣ надоранд, инъикос намекунад.
Дар назарсанҷӣ асосан сокинони шаҳрнишини Осиёи Марказӣ иштирок карданд.

Теъдоди умумии иштирокдорони назарсанҷӣ – 400 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Дар назарсанҷӣ асосан одамони 18-28-сола иштирок карданд.


Намунаи интихоб аз рӯи аломатҳои ҷинсӣ
Дар назарсанҷӣ 22 мард иштирок карданд.

Мавриди тазаккур аст, ки аз 5 дарсади мардони дар назарсанҷӣ иштирокдошта, танҳо 1%-и мардон бо бадрафтории шифоҳӣ дучор шудаанд, ки дар кунҷковии ронанда ба зиндагии шахсии мусофир зоҳир шудааст.
Таҳлили пурсишномаҳо инчунин нишон дод, ки мардон бештари вақт наздикони худро ҳамроҳӣ мекунанд, чунки аз танҳо дар
таксӣ равон кардани онҳо
хавф доранд.

62%-и иштироккунандаҳои пурсишнома 18-28-сола будаанд
Бадрафторӣ нисбат ба занҳо дар Осиёи Марказӣ
71%-и бонувони посухдиҳанда гуфтаанд, дар зиндагӣ бо бадрафторӣ дучор шудаанд. 81 дарсади занҳои пурсидашуда таъкид кардаанд, ки дар таксӣ бо бадрафторӣ дучор шудаанд. Асосан ҳарассмент дар шакли шифоҳӣ (тавассути саволҳои хусусӣ, талошҳои номатлуби шинос шудан, инчунин луқмапартоиҳову пешниҳодҳои ноҷо) зуҳур кардааст.
Дар маҷмӯъ, ҳар 20-ум сафар дар таксӣ барои посухдиҳандаҳои пурсишнома бо бадрафторӣ тавъам будааст. Маъмулан занҳо намедонанд, ки бо бадрафторӣ чӣ вокуниш кунанд, аз ин хотир то расидан ба ҷойи лозим хомуширо авлотар медонанд. Пас аз анҷом ёфтани сафар бошад, кушиш мекунанд, ки ин қазияро фаромуш кунанд. Ҳамзамон, духтарон гуфтанд, ки маъмулан ронандаҳои таксӣ ба зиндагии шахсии онҳо таваҷҷуҳ мекунанд, талош мекунанд, ки бо мусофир шинос шаванд ва дар сурати ҷавоби рад гирифтан, дарҳои мошинро мебанданд.
Дар ҳолати дучор шудан бо бадрафторӣ дар таксӣ чӣ бояд кард?
Занҳо дар Осиёи Марказӣ муроҷиат накардан ба пулисро аз ҳолатҳои озору азият дар таксиҳо авлотар медонанд. Танҳо 4,3%-и духтарон пас аз чунин ҳолатҳо ба пулис шикоят кардаанд, дигарон талош кардаанд чунин ҳолатҳоро ба гӯшаи фаромушӣ андозанд. Ин натиҷаи назарсанҷӣ дар доираи маъракаи иттилоотӣ перомуни бадрафторӣ дар таксиҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ба гуфтаи коршиносон, агар духтар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад ҳам, худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тафтиши чунин ҳолатҳо манфиатдор нестанд. Ин дар ҳолест, ҳар нафаре, ки ба ҳарассменти ҷинсӣ дучор шудааст, ҳаққи муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – раёсати пулис ё милитсияро дорад.
«Барои собит кардан, ки шахс ба амали муайяни хусусияти шаҳвонидошта дучор шудааст, то ҳадди лозим доштани сабти шавоҳиде, ки ҳамон лаҳза дар таксӣ рӯй додааст, зарур аст, аз ҷумла, чӣ рӯй додааст, аз ҷониби ронанда чӣ амалҳо анҷом шудааства монанди ин. Агар шумо аз замимаҳои касбии фармоиши таксӣ истифода мебаред, зарур аст, ки бо ариза ба раҳбарияти он ширкат муроҷиат кунед. Дар ариза нависед, ки аз ҷониби ронанда рафторҳои дағал ва ғайриахлоқӣ анҷом шуд, ки мазмуни шаҳвонӣ ва озору азият дошт. Эҳтимол, ин даст расонидан ба мусофир буд ё шояд муносибати беэҳтиромона дар он ифода меёфт, ки зимни ҳаракати воситаи нақлиёт ронанда расмҳо ва наворҳои ғайриахлоқиро тамошо мекард. Ҳатман бояд бо чунин шикоят ба пулис муроҷиат кард», — таъкид мекунад ҳуқуқшинос Динара Ҷубатова.
Агар мусофир имкон дорад, пас бояд ба ҳадди тавон тамоми ҳолатҳои ба вуқӯъомада дар раванди сафарро сабт кунад: ба навор гирад, садоро сабт кунад ва агар дар наздикӣ шоҳидон ҳастанд, аз онҳо хоҳиш кунад, ки шоҳидӣ бидиҳад.
Аммо бояд таъкид намуд, ки меъёрҳои Кодекси ҷиноӣ кашидан ба ҷавобгариро танҳо дар сурате пешбинӣ мекунад, ки агар ронанда рӯйирост пешниҳоди алоқаи ҷинсиро карда бошад.

"Дар ҳолате ки агар ӯ чунин талош накунад, агар ба мусофир рӯирост пешниҳоди алоқаи ҷинсиро накунад, пас чунин амалҳо ҳамчун майдаавбошӣ дониста мешаванд",-мегӯяд коршинос.
Тавсияҳо:
чӣ тавр амнияти худро дар таксӣ таъмин кард
1
Дар кӯча мошин нигоҳ доштан хуб нест. Беҳтар аст, ки таксии расмӣ фармоиш диҳед, аммо агар тавассути хадамоти таксӣ ронандае ба назди шумо омад, ки боэътимод нест, беҳтар аст аз сафар худдорӣ кунед.
2
Қабл аз нишастан дар мошин, рақамҳои қайди давлатии онро акс бигиред, инчунин ба кадом як наздиконатон занг зада, бо садои баланд рақами мошинро бигӯед, то ронанда инро бишнавад.
3
Бо ронанда гап задан лозим нест, агар ӯ талош кунад, ки бо шумо суҳбат ва ё шухӣ кунад – нишон бидиҳед, ки намехоҳед суҳбат кунед.
4
Танҳо дар курсии ақиб нишинед.
5
Агар ронанда дар роҳ боз каси дигарро савор карданӣ шавад, барои чанд дақиқа назди дӯсташ ё ба гараж рафтанӣ шавад, ба ҳеч ваҷҳ ба чунин чиз розӣ нашавед.
6
Дар телефони худ GPS-навигатор насб кунед, роҳро назорат кунед ва масири худро ба кадом як нафари наздик ирсол кунед. Агар таваҷҷуҳ кардед, ки ронанда дар масир ҳаракат намекунад, пас сабаби инро пурсед ва ё талаб кунед, ки мошинро нигоҳ дорад.
7
Барои худмуҳофиҳатӣ балонаки газӣ ё электрошокер бигиред. Аммо дар хотир дошта бошед, ки тибқи қонун дар ҳолати худмуҳофизатӣ аз ҳамла одам ҳақ надорад, ки дараҷаи худмуҳофизатии заруриро вайрон кунад.

Ёрии равонӣ муҳим аст.

Бино ба натиҷаҳои назарсанҷӣ танҳо 2%-и занони посухдиҳанда аз Осиёи Марказӣ пас аз ҳолатҳои бадрафторӣ дар таксӣ барои гирифтани кумаки равоншиносӣ муроҷиат кардаанд. Аммо набояд аз кумаки мутахассисон рӯй гардонд, чунки осеб пас аз бадрафторӣ метавонад сабаби инкишофи ихтилоли стресс шавад. Аз ин хотир, агар ҳисси гунаҳкорӣ, тарс, шарм, танҳоӣ ва ё дигар эҳсосу хотираҳои бад доред, ба равоншинос муроҷиат кунед.
Таҳиякунандагони лонгрид:
Муаллифон:
Зульфия Раисова,
Назигуль Жусупова,
Мазхаб Джумъа,
Ирина Матвиенко
Муҳаррири лонгрид:
Наталья Ли

Муаллифони идея:
Зульфия Раисова
Дастан Аккожа
Гирдоварандаи қиссаҳо:
Исмаил Карыпов,
Фарангис Давронова,
Вера Сухина,
Анастасия Черепанова,
Дастан Аккожа,
Кирилл Флаймен,
Молдир Албан
Рассом:
Насиба Каримова

Тарроҳ:
Карина Толмачева
Лонгрид дар доираи маъракаи иттилоотии "Амният дар таксиҳо дар Осиёи Марказӣ" таҳия шудааст