“
Мадинаи 25-сола (ном иваз шудааст) аз шаҳри Душанбе борҳо мавриди дағалрафторӣ аз сӯйи ронандаҳои таксӣ қарор гирифтааст.
"Тирамоҳи соли 2017 тақрибан соатҳои 19:00 духтари холаам, ки дар наздикиҳои Фурӯшгоҳи марказӣ зиндагӣ мекунад, занг зада хоҳиш кард, ҳарчӣ зудтар ба наздаш биёям. Ман дар наздикии кинотеатри "Ватан" зиндагӣ мекунам. Зуд ба роҳ баромадам. Дар ин хатсайр таксиҳои зиёди "3" ва "8" ҳастанд, ки аксар вақт мусофиронро маҳз аз назди кинотеатри "Ватан" мешинонанд.
Ронанда бо ангуштонаш рақами 3-ро нишон дод, ман ӯро нигоҳ доштам. Медонистам, ки дар роҳи асосӣ рейдҳои зиёд мешавад ва аз ин хотир бештари ронандаҳо навиштаҷоти хатсайрро истифода накарда, бо ангуштонашон рақами хатсайрро нишон медиҳанд.
Дар мошин се ҷавон нишаста буд ва маълум буд, ки ҳамдигарро мешиносанд. Бо маҳзи нишастан ба ронанда роҳкиро дароз кардам, аммо рад карда гуфт, ки "ба мо пули ту лозим нест, духтарак. Ҳоло туро ба якҷо мебарем ва истироҳат мекунем".
Дар ин лаҳза тамоми вуҷуди маро тарс фаро гирифт. Дари мошин ба таври худкор баста шуд. Дар ҳоле ки аз тарс меларзидам, гуфтам: "Бародар, агар таксӣ набошӣ барои чӣ рақами 3-ро нишон додӣ?".
Ронанда ҷавоб дод: "Ту аблаҳ нестӣ, медонистӣ ки дар мошини кӣ мешинӣ, медонистӣ, ки мо таксӣ нестем. Ноз накун...".
Баъди ин суханҳо мошинро бо суръати 100-120 км/с ронд. Хоҳиши маро барои нигоҳ доштани мошин нодида гирифт, мисле ки ба ишораи нозири роҳ аҳамият надод. Аммо дар маркази шаҳр моро як нозири дигар интизор буд, ки ба миёнаи роҳ баромад ва мошинро нигоҳ дошт. Ман зуд аз мошин поин шуда, назди корманди БДА рафта, гуфтам, ки онҳо мехоҳанд маро ба куҷое баранд ва роҳкиро нагирифтанд. Ронанда зуд ба назди нозири роҳ омада, ба ӯ гуфт: "Э, ака, ин фоҳиша аст. Худаш ба мошин нишаст ва гуфт, ки куҷое меравед, ман ҳам меравам".
Ӯ бо ин ҳарфаш шаъну шарафи маро дар назди корманди БДА паст зад ва маро дар фоҳишагарӣ муттаҳам кард. Аммо ин ҳарфҳо барои ман аллакай ҳеч аҳамияте надоштанд, муҳим ин буд, ки аз мошин берун шудам. Вақте дидам, ки онҳо ба ҳамдигар баҳс доранд, зуд аз онҷо гурехтам ва ҳатто ба ёдам нарасид, ки рақами мошинро нигоҳ кардаву дар хотир бигирам. Ба истиснои чанд дугонаам, ин ҳодисаро ба касе нақл накардам, зеро медонистам, ки касе ба ман бовар намекунад, баръакс гунаҳкор ҳам мекунанд.
Бори дуввум, тирамоҳи соли 2018 боз ҳам ба чунин як ҳодиса дуҷор шудам. Шомгоҳ буд, ҳамроҳи дугонаам аз як чорабинӣ баромадем ва сӯйи хона роҳ гирифтем. Боз ҳам дар кӯчаи марказӣ. Дар роҳ мошин кам буд ва ман бояд ҳарчӣ зудтар хона мерафтам, чун модарам танҳо буд. Як таксӣ омад ва ронанда ба ман навиштаҷоти №8-ро нишон дод, ман нишастам. Шишаҳои мошин сиёҳ буд, ба маҳзи нишастан эҳсос кардам, ки боз ҳам хато кардаам. Боз ҳам дар дохили мошин се нафар нишаста буданд ва боз ҳам ронанда аз ман пул нагирифт. Айнан мисли ҳолати аввал. Аммо ин навбат марде ки дар нишастгоҳи қафо қарор дошт, дасташро дароз карда, кушиш кард, маро ламс кунад. Сахт тарсидам ва баланд пурсидам, ки "чӣ кор мекунед, барои чӣ ба ман даст мерасонед?" Ӯ гуфт, ки чизеро гум кардааст ва гӯиё ман болои он нишаста бошам. Ман гуфтам: "Мошинро нигоҳ дорем, ман мефароям". Ронанда бо лабханд гуфт, ки "меистем, аммо баъдтар...".
Мошин бо суръати 100-120 км/ ҳаракат мекард. Барои он ки боз ҳам ҳамон як иштибоҳро содир кардам, худамро бад дидам. Метарсидам ки агар ба хона наравам худам, модарам ва тамоми наздиконамро шарманда мекунам. Дар сарам фикрҳои бади зиёде чарх мезад. Баъдан, худро ба даст гирифтам ва вақте мошин аз маркази шаҳр бо суръати 120 км/с ҳаракат мекард, дарро боз карда, хостам худамро аз он берун партоям, ҳамин вақт ронанда мошинро нигоҳ дошт. Аз фурсат истифода намуда, аз мошин берун шудаму ба қафоям нигоҳ накарда, давидам. Вақте ба ҷойи амнтар расидам, таксӣ фармоиш додам ва то хона рафтам. Ин бор ҳам дар мавриди ҳодиса ба касе чизе нагуфтам... Тасмим гирифтам, ки дигар аз хизматрасониҳои ба қавле "таксиҳои сесомона" истифода намекунам.
Пас аз ҳодисаи аввал нисбати худам нафрат надоштам, зеро медонистам, ки ман гунаҳкор нестам ва аз рӯи нофаҳмӣ дар мошин нишастам. Дар оянда бояд таваҷҷуҳ кунам, ки ба кадом мошин мешинам. Аммо баъди ҳодисаи дуввум худамро бахшида натавонистам, зеро дониста, иштибоҳи аввалро такрор кардам.
Бо гузашти беш аз ду сол ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накардам. Медонам ки ҳеч далеле барои собит кардани суханҳоям надорам, ҳатто рақами мошинро намедонам. Гузашта аз ин, бовар надорам, ки мақомот ҳатто бо доштани далелҳо ба нафъи ман ҷинояткоронро боздошт ва муҷозот мекунанд",-мегӯяд Мадина.