Узбекистон:
Растан аз озори ҷинсӣ...
ва мурдан
20 ноябри соли 2019 дар пайи як садама дар Узбекистон ҳунарпеша Гавҳар Шарифова ба ҳалокат расид. Ӯ савори як мошини боркаш буд ва аз Самарқанд ба Гузар мерафт. Дар пайроҳаи биёбон суръати боркаш то 140 км/с расид. Ронанда бо як даст чанбари мошинро дошта, бо дасти дигар ба духтар даст расонидан гирифт. Ҳунарпеша дари мошинро боз намуд, аммо ронанда на танҳо суръати онро кам накард, балки ба амалҳои худ идома додан гирифт. Духтар барои раҳо шудан аз бадрафторӣ худро аз мошин берун андохт ва ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 39 сол дошт.
Нисбат ба ронанда бар пояи қисми 2-и моддаи 266 (Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки сабаби марги одам шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Барои бадрафторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии Узбекистон чӣ ҷазо медиҳанд?
Дар Узбекистон барои бадрафторӣ на ҷазои маъмурӣ мавҷуд аст ва на ҷиноӣ. Қонун "Дар бораи ҳифзи занҳо аз зулму хушунат", ки соли гузашта қабул гардид, бадрафториро ҷузъе аз зулму ситам таъриф мекунад: "зулму ситам — амал (беамалӣ)-е, ки шаъну шарафи занҳоро паст мезанад, озору азият, ки барои анҷоми он ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноӣ пешбинӣ нашудааст".
Ин дар ҳолест, ки мафҳуми бадрафторӣ ё озору азият шарҳ дода нашудааст. Қонуни мазкур ҳам новобаста ба номаш дар масъалаи ҳифзи занҳо аз бадрафторӣ фоидаовар набуд. Он чор роҳ ё чораи пешгирии зулму ситамро пешниҳод мекунад:
  • 1
    гузаронидани суҳбатҳои профилактикӣ;
  • 2
    додани дастури ҳифозатӣ;
  • 3
    дар марказҳои махсуси кумак ба қурбониёни зулму ситам ва хушунат ҷойгир кардан;
  • 4
    гузаронидани барномаҳои ислоҳӣ оид ба тағйир додани рафтори хушунатомез.
Яъне, як нафар метавонад нисбат ба духтаре бадрафторӣ кунад ва ҳар навбат бо ӯ суҳбатҳои профилактикӣ анҷом дода мешавад. Барои такроран анҷом додани озору азият чораҳои сахттаре пешбинӣ нашудаанд. Дастури ҳифозатӣ ё ордери муҳофизатӣ дар сурате муассир аст, ки агар ҷабрдида бо озордиҳанда шинос бошад ё иртибот дошта бошад. Аммо кам нестанд ҳолатҳое, ки қурбониёни бадрафторӣ онҳоеро, ки шаъну шарафашонро паст задаанд, намешиносанд. Чораи сеюм, бештар нисбати занҳое гирифта мешавад, ки ба хушунати хонаводагӣ дучор шудаанд. Барномаҳои ислоҳӣ оид ба тағйир додани рафтори хушунатбор бошад, ҳанӯз дар Узбекистон коркард нашудааст.

Дилфуза Куролова
Фото: личный архив
Ҳуқуқшинос Дилфуза Куролова, сарпараст ва бунёдгузори Global Shapers Tashkent Hub, бар ин аст, афродеро, ки ба озору азият даст задаанд, мешавад ғайримустақим ба ҷавобгарӣ кашид:
Барои майдаавбошӣ (моддаи 183-и Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Узбекистон): "Майдаавбошӣ, яъне дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, - ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то понздаҳ шабонарӯз ҷазо муайян шудааст;
Барои таҳқир (моддаи 41-и Кодекси ҷавобгарии маъмурии ҶУ): "Таҳқир, яъне қасдан паст задани шаъну шараф – ҷарима ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
Агар амал бо латту кӯб ва ё зарари сабуки ҷисмонӣ алоқаманд бошад, пас барои авбошӣ тибқи моддаи 277-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Узбекистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан мумкин аст.
Дар ИМА, ки ҳисоби шикоятҳо аз бадрафторӣ дар таксиро ба роҳ мондаанд, давоми солҳои 2017-2018 беш аз 6000 шикоят сабт шудааст. Дар Узбекистон омори расмии вобаста ба бадрафторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавҷуд нест. Умеда Абдуллоева, ки Раёсати кор бо занони назди ВКД-и Узбекистонро раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, феълан озору азият ҳамчун категорияи алоҳида ҳисобида намешавад, чунки тибқи Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ ҳамчун қонунвайронкунӣ ҷудо нашудааст. Бештари шикоятҳои марбут ба бадрафторӣ тибқи моддаи 183-и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ "Майдаавбошӣ" баррасӣ мешаванд. Аммо вобаста аз сатҳи кирдори анҷомшуда мешавад, ки бар асоси дигар моддаҳо низ баррасӣ шаванд. Бино ба иттилои ВКД-и Узбекистон, соли 2019 барои қонунвайронкунӣ нисбат ба занҳо дар асоси моддаи 183-и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ 13 895 протокол ва дар 9 моҳи соли 2020 – 7 693 протокол тартиб дода шудааст.

25 июни соли 2020 дар портали дархостҳои дастаҷамъии Узбекистон дар бораи ҳифзи занҳо аз бадрафторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар ҷойи кор ва дар интернет муроҷиатномае мунташир гардид.

Барои нашр шудани муроҷиатнома он бояд аз ташхис бигзарад. Ташхис тақрибан якуним моҳ тӯл кашид, ки хилофи муҳлати муайяншуда барои баррасӣ мебошад. 6 августи соли 2020 комиссияи ташхисӣ, ки аз 8 мард таркиб ёфтааст, нашри онро рад кард ва далел овард, ки ҳуқуқи занҳо тавассути қонунҳои амалкунанда ҳифз шудаанд.
12 сентябри соли 2020 муаллифи муроҷиатнома онро тавассути қабулгоҳи президенти Узбекистон ирсол намуд ва протоколи маҷлисро пурсид. "Бар асоси моддаи 7-и Қонун дар бораи кафолатҳо ва озодии дастрасӣ ба иттилоот хоҳиш мекунам протоколи маҷлиси ҳамин комиссияи кориро, ки ба муроҷиати ман марбут аст, пешниҳод кунед. Ман мехоҳам ҳайати шахсони иштирокдоштаи маҷлисро ном ба ном бидонам, далелҳои онҳоро аз пуштибонӣ ва муқобили муроҷиатномаи ман дошта бошам, инчунин маълумотҳои дигари вобаста ба баррасии муроҷиатномаам дар бораи ҳифзи занон аз бадрафторӣ дар Узбекистонро фаҳмам". Муроҷиатномаро маъмурияти президент пазируфт, аммо то 27 октябр ҷавоби он дастрас нест.
Дар ҳолати дучор шудан бо бадрафторӣ дар таксӣ чӣ бояд кард?
Ҳуқуқдон Дилфуза Куролова тавсия медиҳад, ки далели бадрафториро сабт кунед (диктофонро фаъол кунед ва ё видео бигиред), хоҳиш кунед, ки мошинро нигоҳ дорад, рақамҳои қайди давлатии мошинро дар хотир бигиред (беҳтар аст, онро акс бардоред) ва бо шумораи 102 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё нозири минтақавӣ муроҷиат кунед. Дар аризаи шикоятӣ муҳим аст, нависед, ки кай дар таксӣ нишастед, ин таксии расмӣ буд ё ғайриқонунӣ, рақами мошинро зикр кунед, инчунин шарҳ диҳед, ки ронанда чӣ тавр ба шумо бадрафторӣ кард. Ва хоҳиш кунед, ки ӯ тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Дар ин сурат ронанда метавонад дасти кам бар асоси моддаи 183 (Майдаавбошӣ) ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дилфуза таъкид мекунад, ки санадҳои вобаста ба муҳофизати ҷабрдидаҳои бадрафторӣ дар ҳар кишвар, вобаста аз низоми ҳуқуқии онҳо фарқ дорад. Масалан, дар Фаронса ва Ҳиндустон озору азият кирдори ҷиноӣ ба ҳисоб меравад, ки барои анҷом додани он то 7 сол маҳрумият аз озодӣ ва ё ҷаримаҳои ҳангуфт таъин мекунанд. Пурсарусадотарин ҳолати бадрафтории ҷинсӣ дар таксӣ парвандаи Ҷон Ворбойс аз Бритониёи Кабир мебошад. Соли 2009 додгоҳ ӯро дар бадрафторӣ ва таҷовузи 12 зан дар солҳои 2006-2008 муҷрим шинохта, 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Соли 2018 Додгоҳи олӣ шикоятҳои такрории ҷабрдидаҳоро баррасӣ намуда, муҳлати ҷазоро зиёдтар кард.

Лиана Натрошвили
Фото: личный архив
Равоншинос Лиана Натрошвили тавсия медиҳад, ки дар ҳолати бадрафторӣ аз ҷониби ронандаи таксӣ бояд бо ҳар баҳонае ҳарчӣ зудтар аз идомаи сафар худдорӣ кард: "Гуфтан мумкин, ки рақами мошинро ба дӯстон (падар, шавҳар)-атон фиристодаед ва онҳо масири шуморо пайгирӣ доранд ва дар сурати сари вақт ба ҷойи лозим нарасидан, ронанда ба мушкил рӯбарӯ мешавад. Воқеан, агар имкон бошад, ин корро анҷом бидиҳед. Агар аз хадамоте мисли "Яндекс.такси" истифода мекунед, пас метавонед тугмаи изтироби замимаи мобилиро пахш кунед".

Инчунин ӯ тавсия медиҳад, техникаи асосии бехатарӣ бояд риоя шавад: дар курсии пеш нанишастан, аз роҳ таксӣ надоштан. Ин маънии онро надорад, ки агар зан дар курсии пеш нишаст нисбати ӯ бадрафторӣ кардан муҷоз аст. Аммо ин чиз занро дар назди одаме, ки фикрҳояш баданд, осебпазиртар месозад.
Вобаста ба ҳолатҳои бадрафторӣ дар таксӣ ба равоншиносон хеле кам муроҷиат мекунанд. Ба андешаи Лиана, ин ба он вобаста аст, ки бадрафторӣ то ҳаддест, ки он як чизи муқаррарӣ ба назар менамояд. Одамон-ку муроҷиат намекунанд, ки зимистон барф меборад. Инчунин инҷо бештари духтарон (ҳангоми пайваста муроҷиат кардан ба хадамоти таксӣ) бо чунин озору азият ва талоши иртиботи шаҳвонӣ дучор мешаванд. Маъмулан чунин мавзӯъҳо дар баробари ҳолатҳои дигари хушунат ва бадрафтории ҷинсӣ дар ҷараёни кор рӯ мезананд.
Дар ширкати MyTaxi, ки яке аз агрегаторони бузурги даъвати таксӣ дар Узбекистон ба шумор меравад, гуфтанд, мусофир метавонад масири ҳаракатро тавассути дилхоҳ паёмрасон (мессенҷерҳо) ба дигарон равон кунад. Ба ин тартиб, қабл аз нишастан дар таксӣ мешавад наздикону пайвандони худро аз масири ҳаракати худ огоҳ намоед – онҳо пайванди масири ҳаракатро дарёфт ва онро мушоҳида мекунанд.

Мусофири MyTaxi ҳангоми дучор шудан бо рафтори ноҷо аз сӯйи ронанда метавонад тавассуи Телеграм @call_centre мустақим ба хадамоти дастгирии MyTaxi тамос бигирад. Вобаста ба ҳар ҳолате мешавад хабар дод ва то баррасии ҳолат ронанда ба таври худкор дар система блок мешавад.
Маълумот дар бораи сафарҳо дар система беш аз як сол ҳифз хоҳанд шуд. Агар зан ё духтар дар таксие, ки тавассути замимаи MyTaxi фармоиш дода шудааст, дучори бадрафторӣ шуд, метавонад бо ариза ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад. Кормандони ширкат бо дархости мақомоти салоҳиятдор маълумоти зарурӣ, аз қабили санадҳои тасдиқкунандаи шахсияти ронанда, рақаме ки тавассути он фармоиш анҷом шудааст ва тамоми масири ҳаракати ин таксиро пешниҳод мекунанд.

Аз ширкати "Яндекс.такси", ки ҳамчунин хизматрасонии агрегатори таксиро дар қаламрави Узбекистон анҷом медиҳад, ба саволҳои журналист ҷавоб надоданд.

Таҳиякунандагони лонгрид:
Муаллифон:
Зульфия Раисова,
Назигуль Жусупова,
Мазхаб Джумъа,
Ирина Матвиенко
Муҳаррири лонгрид:
Наталья Ли

Муаллифони идея:
Зульфия Раисова
Дастан Аккожа
Гирдоварандаи қиссаҳо:
Исмаил Карыпов,
Фарангис Давронова,
Вера Сухина,
Анастасия Черепанова,
Дастан Аккожа,
Кирилл Флаймен,
Молдир Албан
Рассом:
Насиба Каримова

Тарроҳ:
Карина Толмачева
Лонгрид дар доираи маъракаи иттилоотии "Амният дар таксиҳои Осиёи Марказӣ" таҳия шудааст