Асосӣ
Қиссаҳо
Қазоқистон
Қирғизистон
Тоҷикистон
Узбекистон
Кишварҳо
Қазоқистон
Қирғизистон
Тоҷикистон
Узбекистон
Грамматика ва услуби навишти муаллифон ҳифз шудааст.
Бо далели набудани вақт барои мунтазир шудани таксӣ, маҷбур шудам мошинҳои равандаро нигоҳ дорам. Як ҷип истод...
Алматы
Хондан
Аз сафари хидматӣ баргаштам. Соат тақрибан 4-и субҳ буд…
Алматы
Хондан
Тобистони соли 2003 буд. Ман нав мактабро хатм карда будам…
Алматы
Хондан
Моҳи сентябр буд. Ҳамроҳи дӯстписарам дар тӯйи дугонаам будем…
Алматы
Хондан
Ин қиссаро дугонаам ба ман нақл кард. Ӯ дар вазъияти даҳшатноке қарор гирифтааст, ки касе ба вай кумак карда натавонист…
Алматы
Хондан
Дар таксӣ нишастам, ронанда тақрибан 26-27-сола буд…
Алматы
Хондан
Ронандаи таксӣ дар охири сафар ба ман бадрафторӣ кард…
Алматы
Хондан
Ман бо дугонаам дар Арбат будем, баъд ба қаҳвахона даромада хӯроки шом хӯрдем. Дугонаам дӯстписари худро интизор буд ва бо ӯ он ҷо истод, ман тасмим гирифтам ба хона равам…
Алматы
Хондан
Субҳи барвақт аз роҳ таксӣ нигоҳ доштам (бо ишораи даст, он вақт ба фикрам ҳанӯз яндекс маъруф нашуда буд), ронанда марди тануманди тақрибан 40-солае буд…
Алматы
Хондан
Ронанда, ки марди солрафтае буд, маҷбур кард, ки дар пеш бишинам, гуфт ки дари қафо кор намекунад…
Алматы
Хондан
Ӯ хоҳиш кард, ки дар курсии пеш бишинам, чунки мехоҳад аз роҳ боз ягон нафари дигарро савор кунад…
Алматы
Хондан
Ин ҳодиса бо дугонаам шудааст. Рости гап, намедонам оё ҳаққи нақл карданашро дорам ё не…
Нур-султан
Хондан
Соати 8-и субҳ буд, ман ба кор мерафтам. Дар миёнаҳои роҳ ронанда мошинро аз роҳи калон берун кард…
Алматы
Хондан
Ронанда баъди ба нуқтаи Б расидан талаб кард, ки ба сифати ҳаққи роҳ аз лабонам бибӯсад…
Нур-Султан
Хондан
Соли 2015 дар курси 3 мехондам ва таҷрибаомӯзи як ширкати ҳуқуқӣ будам…
Алматы
Хондан
Аз роҳ таксӣ нигоҳ доштам. Шалвори кутоҳу ҷуробҳои дароз ва кофта пушида будам. Ронанда ба гапзанӣ сар кард…
Хондан
Бо далели набудани вақт барои мунтазир шудани таксӣ, маҷбур шудам мошинҳои равандаро нигоҳ дорам. Як ҷип истод...
Бо далели набудани вақт барои мунтазир шудани таксӣ, маҷбур шудам мошинҳои равандаро нигоҳ дорам. Як ҷип истод. Курсиҳои қафо пури бастаҳо буд ва маҷбур шудам дар курси паҳлӯи ронанда шинам. Ронанда тақрибан 27-сола буд. Либоси ман танҳо болотар аз зонуро мепӯшонд. Ба ман саволҳои аҷибе додан гирифт: - куҷо меравӣ? – биё, пас аз кор наздат меоям ва ба куҳ меравем. – дар куҷо кор мекунӣ ва монанди ин. Кушиш мекард, ки дар бораи ман зиёдтар маълумот бигирад. Бо лаҳни дағалу густохона суҳбат мекард. Ман ҷавоб нагуфтам, ки мабодо ӯро ба хашм биёрам. Тарсидам. Дар сарам саволҳои зиёде мечархид, ки чаро духтарон бояд шарм доранд ва худро ноамн ҳис кунанд.
Аз сафари хидматӣ баргаштам. Соат тақрибан 4-и субҳ буд…
Аз сафари хидматӣ баргаштам. Соат тақрибан 4-и субҳ буд. Тақрибан ду шабонарӯз хоб нарафта будам. Тавассути Яндекс аз фурудгоҳ то хона – маркази шаҳр таксӣ фармоиш додам. Ронанда дар аввал перомуни «табиату ҳаво» суҳбат кард, баногоҳ ба шикоят шурӯъ кард, ки яндекс барои ҳаракат ба фурудгоҳ ва баргашт нархи хеле поин мегузорад. Ман мисли пешин оромона гуфтам, ки нархнома баръакс баланд шудааст. Маъмулан чунин сафарҳо то 40 дарсад арзонтар ҳастанд – ахиран ду бор дар ҳафта ман ба ҳамин минвол сафар кардам. Ронанда садояшро баланд кард, ба дашном оғоз кард ва дасташро рӯи зонуи ман гузошт (ман маҷбур будам, ки дар курсии пеш нишинам – ҳангоми сафари дурудароз дар курсии қафо хаста мешавам). Гуфт ки биё фарқиятро дигар хел баробар кун. Як дақиқа карахт шудам, аммо баъдан дидам, ки ба хонаи ман наздик расидаем, ҷузвдонро гирифта (хушбахтона ман ҳамагӣ ду рӯз дар сафар будам ва бо худ чизи зиёд надоштам), аз мошин поин шудаму тарафи ҳавлиҳо тохтам (онҷо чунон роҳҳои пурпечутоб ҳаст, ки одами ношинос ба куҷо рафтанашро намедонад). Табиист, ки баъдан ба Яндекс шикоят кардам. Дар ҷавоб паёмаке мисли ин гирифтам, ки «Мутаассифем, ки хизматрасонӣ ба шумо писанд наомадааст, ронанда дигар ба назди шумо намеояд».
Сахт тарсидам. Ман ҳеч вақт чунин сахт надавида будам. Хостам ки ба пулис занг занам, аммо дарҳол тасаввур кардам, ки ин кор чӣ қадар вақти зиёдро мегирад… аз раъйам гаштам. Гузашта аз ин, чанд вақт пештар дугонаам барои он ки дар кӯча кадом марде ба думбааш даст задааст, ба пулис муроҷиат кард. Ӯро на худи ин вазъият, балки ончи ки дар идораи пулис шудааст, сахт нигарон кард – шухиҳои ноҷо, таҳқир ва ҳарфҳое мисли ин ки «айби худат ҳаст». Ман ҳамаи инро тасаввур карда, фаҳмидам, ки наметавонам фардо дар нишасти хеле муҳим иштирок кунам. Наметавонам бигӯям, ки маҳз ҳамин чиз таъсири зиёд расонд. Дар қиёс ба талоши дастдарозӣ ба номус ин кор як чизи одӣ менамояд. Аммо ман хеле эҳтиёткор ва хунсардтар шудам. Бо чунин ҳол барои ман аз таваҷҷуҳи нолозим гурехтан осонтар аст.
Тобистони соли 2003 буд. Ман нав мактабро хатм карда будам…
Тобистони соли 2003 буд. Ман нав мактабро хатм карда ва ба донишгоҳ дохил шудам. Ҳаво аз ҳад гарм буд ва ман шалвори кутоҳ пушида будам. Дар Арбат, маркази шаҳр сайругашт карда, пасон дар Абилайхона - Жибек жоли таксӣ нигоҳ доштам, то ба ноҳияи худ (он вақт як канори шаҳр ба ҳисоб мерафт) равам. Дар хотир дорам, як волгаи кабуд истод, ки дарунаш марди ҳузарбе нишаста буд, тақрибан ҳамсину соли падарам буд. Ман дар курсии пеш нишастам. Мошин ба ҳаракат даромад ва ронанда ба гуфтани ҳар гуна шухӣ сар кард ва маро аз назар мегузаронид. Баъдан аҳамият додам, ки ӯ на ба самти роҳи ман, балки ба кадом як минтақаи хусусӣ меравад. Ман инро ба ӯ гуфтам, аммо ронанда механдид. Баъдан ӯ пойҳои маро ламс кард. Гуфтам ки ин корашро бас кунад, набошад пушаймон мешавад. Ба ёд дорам, ки хеле асабӣ шуда будам ва бо ҳассосият ҷониби ӯ фарёд задам. Сахт тарсида будам. Дар натиҷа ронанда маро ба назди хонаамон овард. Аммо вақте аз мошин поин шудам, ӯ бо оҳанги таҳдид ба ман гуфт: «Як бори дигар дар роҳ бо шалвори кутоҳ бинам, аз ман гурехта наметавонӣ»…
Ман сахт тарсида будам, дар ҳолати шок қарор доштам. Интизор надоштам, ки таксӣ метавонад ҷойи амн набошад. Баъди ин ҳодиса дигар ҳеч гоҳ дар курсии пеши таксӣ нанишастам, ҳамеша танҳо дар курсии пушт ва дуртар аз ронанда менишинам, то дар сурати хатар имкони гурехтан дошта бошам. Ин таҷриба ҳамчунин маро маҷбур кард, ки ба таври дигар либос пӯшам. Яъне, агар ҳамроҳи ман касе бошад, либоси доманкутоҳ мепӯшам, аммо агар ҷойе танҳо рафтанӣ шавам, либоси дигар ба бар мекунам, то сабаби таҳрики ронандаҳои таксӣ нашавам.
Моҳи сентябр буд. Ҳамроҳи дӯстписарам дар тӯйи дугонаам будем…
Моҳи сентябр буд. Ҳамроҳи дӯстписарам дар тӯйи дугонаам будем. Тӯй нимашаб тамом шуд. Мо барои нигоҳ доштани таксӣ кӯча баромадем. Худамон мошин надоштем ва дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр зиндагӣ мекардем. Аз ин рӯ пешниҳод кардам, ки худам танҳо таксӣ гирифта, хона меравам. Дӯстписарам розӣ шуд ва маро гусел кард. Ман дар минтақае дар канори шаҳр зиндагӣ мекардам. Ронандаи таксӣ аз ман пурсид: «Шумо наметарсед, ки нимашабӣ ба хона бармегардед?» Ростӣ гап ман наметарсидам ва ҳатто ба мазмуни савол сарфаҳм нарафтам, чунки хонаи ман 50 метр дуртар аз роҳ ҷойгир буд. Ронанда маро дар канори роҳи назди хона поин кард. Ман роҳкироро дароз карда, тарафи хона рафтам. Вақте 10 метр то гузаргоҳ монда буд, ронанда аз пасам давида омад! Маълум шуд, ки мошинро нигоҳ дошта, пасон аз паси ман омадааст! Аз дастам сахт дошт, чашмонаш медурахшиданд ва ба ман гуфт, «Исто!» Дар хотир дорам, ки ба боло, ба тирезаи хонаамон нигоҳ кардам, медонистам ки модарам маро интизор аст ва телевизор тамошо мекунад. Инчунин медонистам, ки падарам дар хона нест. Ман ба тирезаи хонаамон нигоҳ кардам ва тамоми зиндагиам аз пеши чашмонам гузашт. Фаҳмидам, ки ин касиф мехоҳад маро таҷовуз кунад, шояд бикушад. Қасд кардагӣ барин дар кӯча касе набуд. Ва ин вақт ба бахти ман модарам мисле ки фикри маро мехонда бошад, ба телефонам занг зад! Телефон дар дастам буд ва зуд ҷавоб додам. Зуд дар сарам як идея расид! Ман бо садои баланд ба тирезаамон нигоҳ карда, бо телефон гап задам: «Модар, ба падарам бигӯ, ки зуд ба поён фарояд! Инҷо аблаҳе маро азият мекунад!» Ин кор мардро дар ҳолати ногувор гузошт. Ӯ дасти маро раҳо кард ва ман зуд ба гузаргоҳи бино ворид шуда, дарро бастам. Бо суръат ба ошёнаи сеюм баромадам, модарам аллакай дари хонаро боз карда буд. Ман ба дохил даромада, дарро бастам!
Сахт тарсидам! Ба модарам, худо ва тақдир шукр гуфтам, ки маҳз ҳамон лаҳзаи хеле муҳим ба ман занг зад. Ин муъҷизаи воқеӣ буд! Чунки маъмулан вақте ман дар чунин бевақтӣ ба хона меомадам, ӯ ба ман занг намезад. Аммо ин навбат тасмим гирифтааст, ки занг зада бипурсад, ки кай ба хона бармегардам. Ин занг маро аз хушунат аз ҷониби ронандаи таксӣ наҷот дод. Баъди ин воқеа ман дигар ҳеч вақт аз роҳ таксӣ нигоҳ намедорам. Танҳо таксӣ фармоиш медиҳам. Он вақт таксиҳои расмӣ аз таксиҳои ғайриқонунӣ каме гаронтар буданд. Аммо ман дигар намехостам, ки амнияти худро зери хатар гузорам.
Ин қиссаро дугонаам ба ман нақл кард. Ӯ дар вазъияти даҳшатноке қарор гирифтааст, ки касе ба вай кумак карда натавонист…
Ин қиссаро дугонаам ба ман нақл кард. Ӯ дар вазъияти даҳшатноке қарор гирифтааст, ки касе ба вай кумак карда натавонист. Ӯ таксӣ фармоиш додааст, ронанда ба зиндагии вай таваҷҷуҳ кардааст, аз сабаби он ки пас аз кор хеле хаста буд, ба ин аҳамият надодааст. Ронанда ӯро ба ҷойи торику беодаме бурда дарҳои мошинро баста, маҷбур кардааст, ки либосҳояшро бадар кунад. Ӯ фарёд зада ва муқобилият нишон додааст, аммо ин чиз ронандаро бознадоштааст, баъдан дугонаам гуфтааст, ки агар раҳояш накунад, худашро мекушад, ронанда аз ин ҳарфҳо тарсида, озодаш кардааст. Ӯ мегӯяд, ин воқеа хеле зуд ба вуқӯъ пайваст, аммо ба ӯ чунин намудааст, ки тамоми умр дар ин мошин қарор доштааст. Вай сахт тарсидааст. Маълум шуд, ки ронанда ӯро кайҳо мешинохтааст ва чанд бор назди ҷойи кораш (ӯ маъмури як майхона буд) омада будааст.
Акнун ӯ ва албатта ман ҳам дар интихоби таксӣ хеле эҳтиёткор шудаем, шарҳҳоро дар бораи ин ё он ронанда мехонем. Ин кор акнун барои ман як амри ҳатмӣ шудааст.
Дар таксӣ нишастам, ронанда тақрибан 26-27-сола буд…
Дар таксӣ нишастам, ронанда тақрибан 26-27-сола буд. Аввал мусофирони дигарро ба маконҳояшон бурд. Ва вақте каси дигаре дар мошин намонд, ном ва шумораи телефони маро пурсид. Аввал гуфт, агар мабодо ба ман таксӣ лозим шавад, метавонам ба ӯ занг занам. Ман аз тарс ба саволҳои ӯ ҷавоб мегуфтам. Баъдан гуфт, рақамҳои ношиносро ҷавоб намедиҳад ва хоҳиш кард, ки ба вай занг занам. Ҳамин тавр рақамҳои маро ҳифз кард ва пасон маро то макони лозим расонд. Баъдан ба ман паёмак навишт, ман ӯро блок гузоштам, аммо чанд сол ҳисси тарс маро ором намегузошт….
Нобоварӣ ба ронандаҳои таксӣ, тарс аз мардони ҳамсину соли он ронанда ва тарси сафар бо таксӣ маро дунбол мекард.
Ронандаи таксӣ дар охири сафар ба ман бадрафторӣ кард…
Ронандаи таксӣ дар охири сафар ба ман бадрафторӣ кард, олоти мардиашро бароварда, пешниҳод кард, ки ба ҷойи роҳкиро бо ӯ ҳамхобагӣ кунам.
Ман бо дугонаам дар Арбат будем, баъд ба қаҳвахона даромада хӯроки шом хӯрдем. Дугонаам дӯстписари худро интизор буд ва бо ӯ он ҷо истод, ман тасмим гирифтам ба хона равам…
Ман бо дугонаам дар Арбат будем, баъд ба қаҳвахона даромада хӯроки шом хӯрдем. Дугонаам дӯстписари худро интизор буд ва бо ӯ он ҷо истод, ман тасмим гирифтам ба хона равам. Соат тақрибан 11 ё 12-и шаб буд. Дар рӯ ба рӯи Арбат дар Абилайхона ҳамеша таксиҳо ҳастанд ва мо доимо аз онҳо истифода мекардем. Ин ҷо асосан таксиҳои шахсӣ ҳастанд, ки доимо мусофиронро ба ҷойҳои ба онҳо даркорӣ мебаранд ва ман фикр намекардам, ки ягон воқеа рух доданаш мумкин. Ба дугонаам занг зада гуфтам, ки ба чӣ гуна мошин нишастам ва ба хона меравам ва ҳамааш хуб аст.
Мо бо ӯ ҳамеша ҳамин тавр мекунем. Суроғаи худро гуфтам, он вақт дар ноҳияи Абай/ Мате Залки зиндагӣ мекардам. Дар нишастгоҳи ақиби мошин нишастам. То Абай расидем ва дар чароғак як ҷавони дигар дар курсии пеш нишаст. Ронанда гуфт, ки ӯро ҳам якбора, то ҷойи даркориаш мерасонад, хавотир нашавам. Ин мусофир кушиш кард, ки бо ман шинос шавад, пурсид, ки куҷо меравам, чаро танҳо ҳастам, чунин зебо ҳастам ва ким-чиҳои дигар мегуфт. Ман дуруғ гуфтам, ки шавҳар дорам ва ӯ дар хона маро интизор аст. Баъдан ронанда ба дигар тараф тоб хӯрд ва гуфт, ки ин хел тезтар мерасем. Ман шаҳрро хуб медонам ва ба ҷойи зисти ман бо дигар роҳ рафтан имкон надорад, агар ба шарте то Толе би нафароӣ. Ман хоҳиш кардам, ки мошинро нигоҳ дорад ва тавре маслиҳат карда будем, 600 тенге дароз кардам. Вай истод ва пулро гирифт, ҷавони мусофир ҳам фаромад. Вақте ман дарро кушода фаромаданӣ шудам, маро ба қафо тела дод ва худашро болои ман партофт. Кушиш кард, ки ҷинсамро кашад. Ронанда зуд рафт. Ман дод задам, ӯ кушиш мекард, ки маро буса кунад. Пойафзолҳои ман пошнабаланд буд, кушиш кардам, тирезаро шиканам. Моҳи ноябр буд, тақрибан миёнаҳои ноябр. Ин ҷавон дар болои ман буд, тамоми баданамро ламс мекард ва вақте сахт дод задам, бо мушт ба рӯям зад ва аз ҳуш рафтам. Вақте ба ҳуш омадам дар миёни дарахтон, дар наздикии роҳ будам. Аллакай рӯз шуда буд. Намедонам, чӣ қадар вақт беҳуш хобидаам. Ҳама ҷоям сурху кабуд буд. 2 телефон, ороишот тақрибан 40 ҳазор тангаи нақд ва корти бонкиам набуд. Каме дуртар ҷузвгирамро пайдо кардам – калидҳои хона дар дохили ҷузвгир буд. Ман каме худро ба тартиб оварда кушиш кардам, фаҳмам ки дар куҷо қарор дорам. Мошинеро нигоҳ доштам ва марди солманде маро то идораи пулис бурд. Ариза навиштам, аммо ҳатто кормандони пулис ҳам кушиш карданд, ки ба ман даст расонанд ва намехостанд, аризаро қабул кунанд. Ман мехостам, ки ҳар чӣ зудтар тамоми чизҳо, ҳам либос ва ҳам хотираҳои он шабро оташ занам. Аммо бо гузашти 8 сол бинии шикаста ва тарсу нафрат нисбат ба мардон ҳанӯз ҳамроҳи мананд ва пайваста он сафари даҳшатбор дар таксиро ба ёд меоранд. Худатонро эҳтиёт кунед.
Субҳи барвақт аз роҳ таксӣ нигоҳ доштам (бо ишораи даст, он вақт ба фикрам ҳанӯз яндекс маъруф нашуда буд), ронанда марди тануманди тақрибан 40-солае буд…
Субҳи барвақт аз роҳ таксӣ нигоҳ доштам (бо ишораи даст, он вақт ба фикрам ҳанӯз яндекс маъруф нашуда буд), ронанда марди тануманди тақрибан 40-солае буд. Ҳангоми сафар қиссаҳои ба ҳамхобагӣ вобастаро нақл мекард (аз он чизе ки ёд дорам, нақл кард, ки дар куҷое ҷуфтеро дидааст, ки ишқварзӣ мекардаанд ва духтар нолиш мекардааст, ронанда гӯиё нақши он духтарро мебозида бошад, ба нолиш кардан сар кард). Дар ниҳоят каме пештар аз дарвозаи мактаб мошинро нигоҳ дошт, ба тарафи ман тоб хурд ва ким-чиҳо гуфтан гирифт, ба фикрам тавсияҳо медод, ки чӣ тавр бояд аз ишқварзӣ ҳаловат бурд ва ногоҳ бо дасташ аз синаи ман қапид. Ба фикрам бо дастам ӯро задам ва аз ин амалаш нигаронӣ кардам (ба фикрам бо ҳақоратҳои қабеҳ). Аз мошин фаромада, то мактаб гирякунон давидам. Намедонам барои чӣ, аммо он вақт ин ҳодисаро ба ҳамсинфонам нагуфтам. Аз тарс хеле гиря кардам.
Худамро чашми дидан надоштам, ки натавонистам дар ҳамон аввал, вақте фаҳмидам, ки ронандаи хуб нест, аз мошинаш фароям. Худамро барои он маломат мекунам, ки ба худам иҷоза додам, дар чунин вазъият қарор бигирам. Худамро нафратовар ҳис мекардам, ки бидуни иҷозаи ман касе ба ман даст расонд. Ман мефаҳмам, ки ин таҷовуз нест, аммо аз ин чиз ман сабук намешавам.
Ронанда, ки марди солрафтае буд, маҷбур кард, ки дар пеш бишинам, гуфт ки дари қафо кор намекунад…
Ронанда, ки марди солрафтае буд, маҷбур кард, ки дар пеш бишинам, гуфт, ки дари қафо кор намекунад. Гуфт ки одамонро бо дасташ табобат мекунад. Бо қазоқӣ гап мезад. Дар ҳоле ки мошин ҳаракат мекард, гуфт ки нофатро нишон те. Бо як даст ҷинси маро боз карда дасташро андохтанӣ шуд. Ҳамзамон дар бораи табобатҳояш пургӯӣ мекард. Ман дарҳол сарфаҳм нарафтам, ки ин бадрафторӣ аст. Базӯр маҷбураш кардам, ки мошинро нигоҳ дорад ва гурехтам. Ба қаҳвахона назди дугонаҳоям мерафтам. Ба онҳо ҳодисаро нақл кардам, аммо аз он ки касе аз ин чиз ҳайратзада нашуд, нигарон шудам. Гӯиё чизи баде нашуда бошад. Аммо ман дар ҳолати шок будам.
Ӯ хоҳиш кард, ки дар курсии пеш бишинам, чунки мехоҳад аз роҳ боз ягон нафари дигарро савор кунад…
Ӯ хоҳиш кард, ки дар курсии пеш бишинам, чунки мехоҳад аз роҳ боз ягон нафари дигарро савор кунад. Вақте ҳаракат мекардем, пешниҳод кард, ки ба хонаи ӯ рафта, ишқварзӣ кунем. Мегуфт ки одами хуб, меҳрубон, оиладор ва соҳиби фарзанд ҳаст. Албатта ман рад кардам. Баъдан ӯ ба пойҳои ман даст расонда гуфт, ки оҳ, чӣ лингҳои бомазза дорӣ. Ман талаб кардам, ки мошинро нигоҳ дорад. Ӯ гуфт, ки туро то ҷойи корат мерасонам ва дар роҳ боз чанд бор рони поямро қапид.
Ин ҳодиса бо дугонаам шудааст. Рости гап, намедонам оё ҳаққи нақл карданашро дорам ё не…
Ин ҳодиса бо дугонаам шудааст. Рости гап, намедонам оё ҳаққи нақл карданашро дорам ё не. Аммо ба шарти ифшо нашудани ному насаб мегӯям. Ҳодиса ин тавр шудааст: дугонаам дар таксӣ мешинад ва дар миёнаҳои сафар ронанда дасташро ба рони ӯ мегузорад, баъдан шармгоҳи ӯро меқапад. Дугонаам дар ҳолати шок меафтад, гӯиё «фалаҷ» шуда бошад, ҳаракат карда наметавонад. Аз тарси зиёд, ки ӯро бурда таҷовуз мекунанд, ҳатто ягон ҳарф гуфта натавонистаст. Вақте ронанда ба роҳ нигоҳ мекардааст, дугонаам ба дӯсташ маълумоти мошинро, ки дар замимаи даъвати таксӣ ҳаст, ҳамроҳ бо мавқеи ҷойгиршавии мошин мефиристад. Баъди чанд вақт ронанда мошинро нигоҳ дошта, дугонаамро мефарорад. Ӯ ба пулис муроҷиат накард, ҳанӯз метарсад, ки дар таксӣ савор шавад.
Соати 8-и субҳ буд, ман ба кор мерафтам. Дар миёнаҳои роҳ ронанда мошинро аз роҳи калон берун кард…
Соати 8-и субҳ буд, ман ба кор мерафтам. Дар миёнаҳои роҳ ронанда мошинро аз роҳи калон берун кард, ман фикр кардам, шояд аз танбашавии мошинҳо халос шуданист. Баногоҳ дар миёни хонаҳои маскунӣ истод ва гуфт ки инҷо дӯстдухтараш зиндагӣ мекунад ва барои бурдани ӯ омадааст. Баъди чанд дақиқа пурсид, ки «Ҳамроҳи ман меравӣ?...» Ман гуфтам, ки не, кушиш кардам, дарро боз кунам, аммо баста буд. Ӯ ба тарафи курси ман тоб хӯрда (ман дар қафо нишаста будам) ва ба таҳдид гузашт. Гуфт ки корд дорад ва ман бояд ба ҳарфҳояш розӣ шавам. Вай ба ман даст расонд (ба шармгоҳам). Ман дар кӯча як мардро дида, фарёд задам. Аммо шишаҳои қафо сиёҳ карда шуда буданд ва мард маро надид. Ронанда мошинро ба ҳаракат дароварда, каме дуртар рафта истод. Ман фарёд задан гирифтам, аз ҳавлӣ як мошин баромад. Ронанда тарсид ва дарҳоро боз кард, ман аз мошин фаромадам.
Ронанда баъди ба нуқтаи Б расидан талаб кард, ки ба сифати ҳаққи роҳ аз лабонам бибӯсад…
Ронанда баъди ба нуқтаи Б расидан талаб кард, ки ба сифати ҳаққи роҳ аз лабонам бибӯсад, дарҳо баста буданд. Ман пулро ба рӯи ӯ партофта, телефонамро гирифтаму бо он сабт карданӣ шудам, баъди дидани телефон хомуш монд. Баъди ин ҳодиса ман дигар аз хизматрасонии таксӣ истифода намекунам. Ҳисси нафрат ба ҷинси мард дар ман бедор шудааст. Ва тарс аз дарки ин ки занро ҳамчун шахсе қабул надоранд, ки мисли мардон ҳуқуқи зиндагӣ ва интихобро дорад.
Соли 2015 дар курси 3 мехондам ва таҷрибаомӯзи як ширкати ҳуқуқӣ будам…
Соли 2015 дар курси 3 мехондам ва таҷрибаомӯзи як ширкати ҳуқуқӣ будам. Тақрибан ҳар рӯз бо таксӣ ба кор мерафтам. Як бор аз роҳ мошин нигоҳ доштам ва дар роҳ бо ронанда, ки тақрибан 30-сола буд, каме суҳбат кардем. Дар маҷмӯъ ин ронанда дар рӯзҳои дигар боз чанд бор маро то ҷойи кор расонд, мани содда гумон кардам, ин як тасодуф аст. Дар натиҷа, бори сеюм ронанда пешниҳод кард, ки ба ҷойи пардохти роҳкиро дар курсии қафои мошинаш «истироҳат» кунем. Ман хомуш аз мошин фаромадам ва гурехтам. Бояд таъкид кунам, ки пешниҳоди «истироҳат кардан» бо ронанда ба ҷойи ҳаққи роҳ баъдан на як бору бор аз ҷониби ронандаҳо садо дод. Як ҳолати дигар буд. Пас аз шабнишинии солинавии 2016 Uber даъват кардам, каме нушида будам ва дар курсии қафо бо чашмони пушида нишастам. Як вақт таваҷҷуҳ кардам, ки ронанда маро берун аз шаҳр мебарад. Зуд ба тамоми дӯстонам занг задам ва бо садои баланд дар бораи ин ронанда ва мошин нақл кардаму мавқеи ҷойгиршавиро фиристодам. Ронанда хомушона мошинро гардонд ва маро ба ҷойи даркорӣ бурд. Ман ба Uber шикоят навиштам, аммо аз ҷониби онҳо ягон чора андешида нашуд.
Ман фикр кардам, ки шояд рафтори ман ё намуди зоҳириам барангезанда аст, албатта чунин набуд. Аммо чунин ҳолатҳо дар ман ҳисси тарсро барангехт. Ман дигар аз роҳ мошин нигоҳ намедорам, бо ронанда гап намезанам ва агар нушида бошам, дар таксӣ танҳо намешинам.
Аз роҳ таксӣ нигоҳ доштам. Шалвори кутоҳу ҷуробҳои дароз ва кофта пушида будам. Ронанда ба гапзанӣ сар кард…
Аз роҳ таксӣ нигоҳ доштам. Шалвори кутоҳу ҷуробҳои дароз ва кофта пушида будам. Ронанда ба гапзанӣ сар кард. Аввал нафаҳмидам, ки чӣ мехоҳад. Аз рӯи одоб ба саволҳо ҷавоб гуфтам. Пурсид ки дар куҷо кор мекунам. Ман пешхизмат шуда кор мекардам. Кутоҳи гап, ӯ маро фоҳиша гумон карда, рӯйирост таҳқир кард. Суханҳояшро дақиқ дар хотир надорам, аммо тақрибан чунин гуфт: «Рав хубтар кор кун, босифат хизматрасонӣ кун». Албатта бо писханду нигоҳҳои шаҳвонӣ. Ман дурудароз нафаҳмидам, ки чаро вай чунин фикр кард, аммо пас аз чанд сол дӯстам гуфт, дар гардише, ки ронанда маро расонда буд, фоҳишахонаи пинҳонӣ аст. Ронанда фикр кардааст, ман дар ҳамин фоҳишахона кор мекунам.
Ман худамро барои шалвори кутоҳ пушиданам гунаҳкор мекардам. Фикр кардам, бо сабаби он маро фоҳиша гумон кардаанд. Кӯдак будам ва намефаҳмидам, ки мушкил дар ронанда аст. Гуфтагӣ барин, ҳоло дигар ҳеч гоҳ дар курсии пеши мошин намешинам.
Ман ҳамеша Яндекс таксӣ фармоиш медиҳам, чунки аз роҳ мошин доштан барои ман нест (гап сари бехатарӣ меравад), аммо инҷо ҳам хато кардам...
Нур-Султан
Хондан
Ҳолати ман шояд аз ҳама «безарар» бошад, аммо ба ҳар сурат…
Нур-Султан
Хондан
Дар курсии қафо нишастам, домани кутоҳ доштам. Ронанда дар тамоми муддати ҳаракат кушиш кард, ки рақами телефони маро бигирад…
Шымкент
Хондан
Тирамоҳ буд, 7 ё 9 ноябр, солашро дақиқ дар хотир надорам. Чун натавонистам пас аз кор бо автобус равам, таксӣ нигоҳ доштам…
Хондан
Ронанда шилқинӣ кардан гирифт, дасташро рӯи пойи ман гузошт…
Хондан
Зимистон. Дар тарабхона шабнишинии соли навӣ доштем. Вақте ба утоқи либоспӯшӣ рафтам, дар толор марди машкукеро мушоҳида кардам…
Хондан
Дар таксии расмӣ, ки тавассути телефон даъват кардем, нишастам. Шаб набуд, аммо торик шуда буд (зимистон, соати 19:00)...
Хондан
Дар бораи намуди зоҳириам гапҳои зиёди озордиҳанда гуфт, дар бораи зиндагии шахсӣ саволҳои нохушоянду номуносиб дод…
Хондан
Як ҷипи бузург наздам истод, ман мехостам дар қафо шинам, аммо ронанда, марди тақрибан 70-сола хоҳиш кард, ки дар курсии пеш биншинам…
Хондан
Ман дар роҳи Талгар таксӣ нигоҳ доштам…
Хондан
Ӯ саволҳои аҷиб-ғариб додан гирифт: чандсолаӣ, пул кор мекунӣ, шавҳар дорӣ, танҳо зиндагӣ мекунӣ…
Хондан
Тавассути замимаи индрайвер таксӣ даъват кардам. Ронанда танҳо набуд. Ин чиз дарҳол ба ман писанд наомад...
Хондан
Ронанда марди 55-60-солаи қазоқ буд. Борон меборид, ӯ дар бораи ҳаво гап сар кард…
Хондан
Аз Емсова-Рискулов то шаҳраки Водник таксӣ гирифтам. Ронандаи ҷавон дарҳол ба саволҳои шахсӣ додан шурӯъ кард…
Хондан
Ронандаи таксӣ бе ибо тугмаи шимашро кушода бо дасташ онҷоро молиш додан гирифт. Ӯ чашмашро аз ман наканда нигоҳ мекард...
Хондан
Бори аввал вазъияти нохуб соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, аммо он замон ронанда фурсат наёфт, ки коре кунад…
Хондан
Агар дар он лаҳза дарҳои мошин баста мебуд, ҳатто намедонам, чӣ мешуд…
Хондан
Дар боғ интизори дугонаҳоям будам, аммо онҳо наомаданд. Зиёд интизор шудам, дигар автобусҳо ҳаракат накарданд…
Хондан
Ман ҳамеша Яндекс таксӣ фармоиш медиҳам, чунки аз роҳ мошин доштан барои ман нест (гап сари бехатарӣ меравад), аммо инҷо ҳам хато кардам...
Ман ҳамеша Яндекс таксӣ фармоиш медиҳам, чунки аз роҳ мошин доштан барои ман нест (гап сари бехатарӣ меравад), аммо инҷо ҳам хато кардам. Ронанда гаппартойӣ кард ва дар бораи зиндагии шахсӣ саволҳо додан гирифт, аммо ин барои ман як чизи маъмулӣ намуд, ҳарчанд чизи маъмулие ҳам нест. Ронанда бояд хомуш бошад, на ин ки саволборон кунад ва ҳарими хусусии одамонро нақз кунад. Баъди чанд вақт дар WhatApp як рақами ношинос ба ман навиштан гирифт, ин ҳамон ронанда будааст. Навишт, занг зад, ман ӯро дар рӯйхати сиёҳ партофтам. Аммо баъди чанд вақти дигар дар инстаграм аз аккаунти номаълуме дархост омад. Функсияе ҳаст, ки тавассути феҳристи телефонҳо аккаунти инстаграмро пайдо кардан мумкин аст. Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки маро ором гузорад, аммо ӯ аз аккаунти дигар менависад ва аз рақамҳои дигар занг мезанад. Дар WatsApp аз дигар рақамҳо менависад, ман пурсидам, ки «аз ман чӣ мехоҳӣ? Ман баҳонае барои суҳбатро надодаам». Агар кутоҳакак бигӯем, вай гуфт, ки аз ман ҳамхобагӣ мехоҳад ва ман ба ӯ сахт писанд омадаам (ӯ тамоми либосҳоеро, ки ман дар таксӣ доштам, ба хотир дорад) ва аз ҳамон лаҳза наметавонад маро фаромуш кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар хобаш ишқварзӣ бо манро дидааст ва ҳангоми ҳамхобагӣ бо ҳамсараш маро тасаввур мекунад (маълум шуд, ки зан ва 4 фарзанд доштаст). Ман дар ҳолати шок меафтам ва мефаҳмам, ки ин инсони аз нигоҳи равонӣ солим нест. Гуфтам ки ба ҳамсарат мегӯям ё ба милиса шикоят менависам. Гум шуд ва баъди чанд вақт ба ман ҳамхобагии сенафариро пешниҳод кард, гӯиё акси маро ба ҳамсараш нишон додааст ва ба ӯ писанд омадааст. Ман ҳайратзада шуда будам. Чун ҳамешагӣ рақамро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардам. Як бор ӯ навишт, ки «чаро дархости маро дар индрайвер қабул намекунӣ?». Ман пурсидам, ки «ба кадом мақсад?». Вай ҷавоб дод, ки соати 2-и шаб ман ба индрайвере дархост гузоштаам барои аз қаҳвахона то хона рафтан. Ӯ дархостро қабул кардааст, аммо мо розӣ нашудаем. Ман ба ёд овардам, ки бале, дугонаам воқеан он рӯз бо телефони ман таксӣ даъват карда буд. Ман асабӣ шудам ва ҳарфҳои баде навиштам, як дӯстамро ки дар пулис кор мекунад, хоҳиш кардам, ки чора андешад. Дӯстам масъаларо ҳал кард, баъди ин дигар безобита намекунад. Ин чиз тақрибан 3 моҳ идома кард. Акнун ман кушиш мекунам, ки бо ронандаҳо тамоман кам суҳбат кунам. Мехоҳам, бо нишастан дар таксӣ худамро бехатар эҳсос кунам, на ин ки фикр кунам, чӣ бояд кард ки маро таҷовуз накунанд? Ин хуб нест!
Ҳолати ман шояд аз ҳама «безарар» бошад, аммо ба ҳар сурат…
Ҳолати ман шояд аз ҳама безарар бошад, аммо ба ҳар сурат. Ман 26-28-сола менамоям, аз ин рӯ ҷавонон зиёд талоши шиносшавӣ мекунанд. Ронандаи таксӣ (тақрибан 20-сола) гаппартойӣ кардан гирифт. Суҳбат кардем, ман махсус тамоми «домҳо»-и шифоҳии ӯро сарфи назар кардам, аммо ба ҳар сурат ҷуръат карда савол дод, ки «Вақте луб-луч бошед, чӣ хел мешавед?» Ман гуфтам, ки гӯиё варзишгар будам ва аз баданам шикоят надорам. Ман хунсардиро ҳифз карда, кушиш кардам, ки ба иғво дода нашавам, аммо бешармӣ, такаббурӣ ва надоштани арзишҳои одии ронанда маро ба ҳайрат овард.
Дар курсии қафо нишастам, домани кутоҳ доштам. Ронанда дар тамоми муддати ҳаракат кушиш кард, ки рақами телефони маро бигирад…
Дар курсии қафо нишастам, домани кутоҳ доштам. Ронанда дар тамоми муддати ҳаракат кушиш кард, ки рақами телефони маро бигирад, новобаста аз он ки дар курси пеш буд, чанд бор дасташро рӯи зонуҳоям гузошт. Ман рақамҳоямро надодам, ӯ бошад далелҳо меовард, ки чаро бояд рақамҳоямро диҳам ва як далелаш ин буд, ки «хай, аллакай 16-сола нестӣ-ку» (инро дар назар дошт, ки дигар духтар нестам). Ман намедонистам, чӣ вокуниш кунам, кушиш кардам, оромона ҷавоб гардонам, аммо вақте бори дуюм дасташро рӯи зонуям гузошт, гуфтам, ки девона шудааст. Вай бахшиш пурсид, аммо ман худамро бад ҳис кардам. Ҳамин тавр роҳро идома додем. Аз миёнаи роҳ фаромадан ва таксии дигар нигоҳ доштан, тарсноктар буд, чунки фикр мекардам мабодо ба ронандаи аз ин бадтар дучор нашавам.
То ин ҳодиса ҳам ҳолатҳои нофорами шиносшавӣ дар таксӣ буданд, аммо даст дароз кардан набуд. Он рӯз ман худамро ҷанг кардам, ки вокуниши ҷиддитаре накардам. Баъди ин ҳеч вақт дар сурати танҳо будан аз роҳ мошин нигоҳ намедорам, ҳарчанд агар роҳи наздике ҳам рафтанӣ бошам.
Тирамоҳ буд, 7 ё 9 ноябр, солашро дақиқ дар хотир надорам. Чун натавонистам пас аз кор бо автобус равам, таксӣ нигоҳ доштам…
Тирамоҳ буд, 7 ё 9 ноябр, солашро дақиқ дар хотир надорам. Чун натавонистам пас аз кор, соати 20:00 бо автобус равам, дар истгоҳ таксӣ нигоҳ доштам. Дар роҳ ронанда пурсид, ки дар ин рӯзи хунукӣ чӣ кор мекунам... Ман нагуфтам, ки дар фалон ҷо кор мекунам, балки гуфтам дар меҳмонӣ будам... То ҷойи даркорӣ нарасида, ба байни хонаҳои шаҳраки Оқсой-1 гузашта, зери дарахтон истод. Намехост ки маро раҳо кунад, дарҳоро баст ва бо садои ларзон чизе мегуфт... Ба куҷое даъват кард, гуфт, ки истироҳат карда меоем... Аз ҳолати шок ман наметавонам ба ёд биёрам, ки дақиқ чӣ гуфт... Ман бо асабоният гуфтам, ки дарро боз кунад... ӯ бошад дасти росташро печонд ё чизеро пинҳон кард, ман нафаҳмидам... вақте 3 духтар аз наздикӣ мегузаштанд, шишаро поин карда ёрӣ хостам, ки дарро аз берун кушоянд, онҳо зуд дарро кушоданӣ шуданд, ронанда дарҳоро боз кард, ба фикрам тарсид. Ман ба духтарон ташаккур гуфтам ва ба тарафи хона давидам. Роҳам дароз буд... То расидан ба хона тасмим гирифтам, ки дигар ягон вақт дар таксӣ намешинам.
Ронанда шилқинӣ кардан гирифт, дасташро рӯи пойи ман гузошт…
Ронанда шилқинӣ кардан гирифт, дасташро рӯи пойи ман гузошт ва сарфи назар аз эътирозҳои ман шармгоҳи маро ламс карданӣ шуд, ман дасташро тела додам, маҷбур шудам бо калидҳо ба дасташ занам.
Зимистон. Дар тарабхона шабнишинии соли навӣ доштем. Вақте ба утоқи либоспӯшӣ рафтам, дар толор марди машкукеро мушоҳида кардам…
Зимистон. Дар тарабхона шабнишинии соли навӣ доштем. Вақте ба утоқи либоспӯшӣ рафтам, дар толор марди машкукеро мушоҳида кардам. Намедонам чаро, аммо ӯ зуд ба ман писанд наомад. Аҷибаш ин буд, ки он рӯз ман тамоман нанушида будам, ҳушёр будам. Дар поёни зиёфат ҳамаро дар мошинҳо шинонда, гусел кардам, ҳамин тавр нафаҳмидам, ки худам танҳо мондаам. Соат 4:00-и субҳ буд, ҳаво сард. Ман аз роҳ мошин нигоҳ доштам. Ҳайратзада шудам, вақте дидам, ки ронанда ҳамон марди дар толорбуда ҳаст. Дар бораи нархи роҳ гапзанон кардем, аммо баъди гардиш ӯ гуфт, ки бояд ба нуқтаи фуруши сӯзишворӣ равад. Вақте аз мошин фаромад, аҳамият додам, ки бо телефон суҳбат мекунад, аммо ба мошин сузишворӣ намерезад. Ман оҳиста тирезаро поин карда, шунидам, ки мегӯяд, якто ёфт ва ҳозир меорад. Ман сахт тарсидам, намедонистам чӣ кор кунам. Ман фаҳмидам, ки ӯ дар бораи ман гап мезанад. Зуд аз мошин фаромадам, ӯ кушиш кард, маро боз дорад, гуфт, ки ҳозир меравем. Аммо ман ӯро ҳатто намешунидам, зуд ба роҳ давида, таксии дигарро нигоҳ доштам. Аз мошин нигоҳ кардам, ки мошинашро сузишворӣ пур накарда, ҳаракат намуд. Тасаввур карданаш душвор аст, ки ӯ маро ба куҷо бурданӣ буд? Худатонро эҳтиёт кунед, духтарҳо.
Дар таксии расмӣ, ки тавассути телефон даъват кардем, нишастам. Шаб набуд, аммо торик шуда буд (зимистон, соати 19:00)...
Дар таксии расмӣ, ки тавассути телефон даъват кардем, нишастам. Шаб набуд, аммо торик шуда буд (зимистон, соати 19:00). Роҳ қисман аз мавзеи ғайриистиқоматӣ мегузашт. Ронанда ба саволҳои хусусӣ додан сар кард, мисли шавҳар дорӣ ё не, дар ҳамхобагӣ чиро дӯст медорӣ, баъдан бепарда пешниҳоди ҳамхобагӣ намуд. Ман дар ҳайрат будам, ҳатто ёд надорам, ки дар ҷавоб чӣ гуфтам. Баъдан ба таҳдид гузашта гуфт, ки «ҳозир туро ба дашт мебарам, онҷо корамро ҳал мекунам ва касе маро ҳеч кор карда наметавонад, мегӯям ки худаш хост». Шояд маро занги телефон наҷот дод. Ман гуфтам, ки ба хона меравам, ронанда соқ нест ва таксиро аз фалон ширкат аз фалон суроға фармоиш додам. Ронанда мисле ки тарсид ва гуфт, ки шухӣ кардааст. Дар истгоҳи оянда ман талаб кардам, ки нигоҳ дорад ва фаромадам.
Дар бораи намуди зоҳириам гапҳои зиёди озордиҳанда гуфт, дар бораи зиндагии шахсӣ саволҳои нохушоянду номуносиб дод…
Дар бораи намуди зоҳириам гапҳои зиёди озордиҳанда гуфт, дар бораи зиндагии шахсӣ саволҳои нохушоянду номуносиб дод. Дар ниҳоят сафар бо шухиҳо дар бораи тӯй ва ҷумлаи «Акнун медонам, ки дар куҷо зиндагӣ мекунӣ…» тамом шуд. Шояд касе мегӯяд, ки ин бадрафторӣ нест, аммо бояд фаҳмем, ки бадрафторӣ шаклҳои гуногун дорад ва ман худамро дар амният эҳсос накардам.
Як ҷипи бузург наздам истод, ман мехостам дар қафо шинам, аммо ронанда, марди тақрибан 70-сола хоҳиш кард, ки дар курсии пеш биншинам…
Як ҷипи бузург наздам истод, ман мехостам дар қафо шинам, аммо ронанда, марди тақрибан 70-сола хоҳиш кард, ки дар курсии пеш биншинам. Вай беист гап мезад, баъдан кафи дасташро болотар аз зонуҳои ман гузошт (тобистон буд ва ман шорти кутоҳ доштам). Баъди ин ман аллакай беҳаракат будам, чунки майнаи сар аз амали «бизан, ҳаракат накун ва гурез» беҳаракатиро интихоб кард. Баъди ин ман аз мошин фаромадам ва бо сукути комил ба самти худ ҳаракат кардам…
Ман дар роҳи Талгар таксӣ нигоҳ доштам…
Ман дар роҳи Талгар таксӣ нигоҳ доштам. Ронанда марди миёнасоле буд ва хоҳиш кард, ки дар курсии пеш шинам, чунки дар қафо чизҳои зиёде буд. Ӯ хомуш наистода гап задан гирифт. Вақте қариб то ҷойи даркорӣ – Саёҳат расидем, гуфт ки қудрати муайян кардани бемориҳои занонро дорад. Ва гӯиё ман «бемории занона» дорам. Инро гуфта, шармгоҳи маро қапид. Ин вақт мо ба Саёҳат расидем ва ман аз мошин фаромадам.
Ӯ саволҳои аҷиб-ғариб додан гирифт: чандсолаӣ, пул кор мекунӣ, шавҳар дорӣ, танҳо зиндагӣ мекунӣ…
Ӯ саволҳои аҷиб-ғариб додан гирифт: чандсолаӣ, пул кор мекунӣ, шавҳар дорӣ, танҳо зиндагӣ мекунӣ (ин саволҳо танҳо барои он набуд, ки ҳамту суҳбат кунем, дарк мекардам, ки кадом фикри нопоке дорад)? Ман аз донишгоҳ таксӣ даъват карда бояд то Хоншатир мерафтам. Тақрибан соатҳои 19:30 буд. То Хоншатир ду роҳ аст, яке аз тарафи пеш ва дигари аз қафо. Роҳе ки дар қафо аст, онҷо хонасозӣ мекунанд ва барқ надорад. Ба ман пешниҳод шуд, ки маҳз бо ҳамон роҳ равем, чунки тамбашавӣ надорад. Худоро шукр, ман ӯро розӣ кунондам, ки бо роҳи пеш равад. Барои дар наздикии Хоншатир истодан, боз ҳам ба ҷойи беодам ва таваққуфгоҳи торик бояд равӣ. Барои ба онҷо нарафтан ман дар истгоҳ дар ҷойе, к мумкин набуд, зуд аз мошин баромадам. Худоро шукр, ки чароғак сурх буд.
Тавассути замимаи индрайвер таксӣ даъват кардам. Ронанда танҳо набуд. Ин чиз дарҳол ба ман писанд наомад...
Тавассути замимаи индрайвер таксӣ даъват кардам. Ронанда танҳо набуд. Ин чиз дарҳол ба ман писанд наомад. Аммо фурсати интизор шудани таксии дигар набуд. Ман дар курсии қафо нишастам ва бо телефонам андармон шудам. Вақте ҳаракат мекардем, ронанда ва дӯсташ дар бораи ман гап мезаданд, онҳо фикр мекарданд, ки ман чизеро намефаҳмам. Ман рус ҳастам, аммо бо забони қазоқӣ ба таври кофӣ хуб гап зада метавонам. Онҳо дар бораи либос, ороиши ман гап мезаданд... яке ба дигараш пешниҳод кард, ки бисанҷад, оё ҳама ҷо ман мӯи гулобӣ дорам ё танҳо дар сарам? Ман тоқат накардам ва ҳар чизе ки дар бораи онҳо фикр мекардам ба забон овардам. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки онҳо мардони ба қадри кофӣ солдида буданд. Дар экрани телефони яке аз онҳо акси духтараки хурд буд. Ба фикрам духтараш… Аммо охир ман ҳам духтар, зан… модари кадом як инсон ҳастам-ку?
Ронанда марди 55-60-солаи қазоқ буд. Борон меборид, ӯ дар бораи ҳаво гап сар кард…
Ронанда марди 55-60-солаи қазоқ буд. Борон меборид, ӯ дар бораи ҳаво гап сар кард, ман чизе нагуфтам, баъдан дар бораи ишқи аввалини худ ва ишқварзиҳояш бо ӯро нақл кард. Ман хомуш будам. Дар идома гуфт ки бо донишҷӯдухтари 19-сола мулоқот мекунад ва пешниҳод кард, ки агар шитоб надошта бошам, ҳамроҳи ӯ дар шаҳр сайр кунам, ман дар ҷойи даркориам аз мошин фаромадам ва бо ҳамин тамом. Ростӣ гап, мутмаин нестам, ки ин ҳодиса бадрафторӣ ҳисоб мешавад ё не, чунки вай ба ман даст нарасонд.
Аз Емсова-Рискулов то шаҳраки Водник таксӣ гирифтам. Ронандаи ҷавон дарҳол ба саволҳои шахсӣ додан шурӯъ кард…
Аз Емсова-Рискулов то шаҳраки Водник таксӣ гирифтам. Ронандаи ҷавон дарҳол ба саволҳои шахсӣ додан шурӯъ кард, «шавҳар дорӣ?», «Фарзанд дорӣ?», «чаро таваллуд намекунӣ?» ва монанди ин. Як вақт ман ба ӯ гуфтам, ки ин чиз ба ӯ дахл надорад, чунки хеле маҳрамонаанд. Ӯ бошад ба шӯр омад ва суръати мошинро баланд кард. Гуфт ки «агар ту бача мебудӣ саратро дар замин мезадам (басыңды жерге тығар едім)». Ман тарсидам ва ҳарфҳоямро ба ин шакл фаҳмондам, ки «ҳатто бародарам аз ман намепурсад, ки чаро таваллуд намекунам». Вақте мошин истод, аз мошин фаромадам.
Ронандаи таксӣ бе ибо тугмаи шимашро кушода бо дасташ онҷоро молиш додан гирифт. Ӯ чашмашро аз ман наканда нигоҳ мекард...
Ронандаи таксӣ бе ибо тугмаи шимашро кушода бо дасташ онҷоро молиш додан гирифт. Ӯ чашмашро аз ман накарда нигоҳ мекард, баъзан ба роҳ менигарист. Ман дар курсии паҳлӯи ӯ нишаста будам. Аввал фикр кардам, ки вай эпилептик аст, аммо баъдан ба ин рафтораш сарфаҳм рафтам. Дар сарам ин фикр чарх мезад, ки «бояд фавран аз мошин бароям!» Ман хоҳиш кардам, ки нигоҳ дорад, аммо ӯ хомушона роҳро идома медод. Вақте амали ӯ тамом шуд, мошинро нигоҳ дошт ва ман фаромадам. Телефони вайронаи ман маҳз дар лаҳзае аз кор монд, ки хеле зарур буд, ман бояд ба наздиконам занг зада мегуфтам, ки дар куҷо қарор дорам. Хушҳолам, ки чизи бадтаре нашуд, аммо хеле тарснок аст, агар амалҳои вай нисбат ба дигарон идома ёфта бошанд... Ман худамро гум кардам ва дарҳол нафаҳмидам, ки чӣ бояд кунам.
Вазъиятро ин чиз душвор мекард, ки ман бо роҳи камҳаракат мерафтам. Он вақт ин роҳи маъмулии ман буд, ман дар канори шаҳр зиндагӣ мекардам ва шаҳр ба ҷойи корам меомадам. Аксар вақт маҷбур будам, ки соатҳои 5-6-и субҳ, вақте дар роҳ мошин ва одамон кам ҳастанд, ба роҳ бароям. Агар ҳоло мешуд, дар он вазъият: а) ба ҳеч ваҷҳ танҳо дар мошин наменишастам, ҳамсафарони боэътимод, онҳое ки субҳ бояд ба кор шаҳр раванд, пайдо карда, ҳамроҳ мерафтем; б) ҳамеша бо худам абзори дуруст барои тамосу иртибот мегирифтам; в) боз ҳам барвақтар аз хоб хеста, бо нақлиёти ҷамъиятӣ мерафтам; г) агар бидуни таксӣ намешуд, танҳо таксии расмӣ интихоб мекардам.
Бо гузашти вақт фаҳмидам, ки бахт ба рӯям хандидааст, ки ронанда шаҳвати худро бо чунин шева паст кардааст. Ин вазъият ба ман таъсир расонд ва ҳоло аз рӯи се қоида амал мекунам: 1. Таксии расмӣ даъват мекунам. 2. Ҳисоботномаи сафарро ба e-mail-ам пайваст кардам, ки наздиконам ба он дастрасӣ доранд. 3. Дар мошине, ки чизи шубҳаноке дорад, намешинам (дар мошин ба ғайр аз ронанда боз каси дигаре нишастааст, ба курсии қафо нишастанро иҷозат намедиҳанд, бӯи дуд дорад, ки сигор нест, мошини эълоншуда намеояд ва мошини дигар меояд ва монанди инҳо).
Бори аввал вазъияти нохуб соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, аммо он замон ронанда фурсат наёфт, ки коре кунад…
Бори аввал вазъияти нохуб соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, аммо он замон ронанда фурсат наёфт, ки коре кунад. Ман аз кор дер баромадам ва Яндекс таксӣ фармоиш додам. Ронанда қасдан аз назди хонаи ман гузашта, наистод. Вақте пурсидам, ки чаро чунин кард, ҷавоб надод ва мошинро рондан гирифт. Ман ба раисам занг задам ва вазъиятро фаҳмондам. Танҳо баъди ин ронанда хомушона мошинро гардонд ва маро назди хонаам овард. Ҳодисаи дар соли 20 ба вуқӯъпайваста моҳе қабл буд. Ҳамроҳи дугонаҳоямон вохурӣ доштем ва ман боз ҳам Яндекс таксӣ фармоиш додам. Вақте то ҷойи даркорӣ расидем, ронанда гуфт, ки ман либосамро ифлос кардаам. Ман пурсидам, ки куҷо, ӯ ба пуштам ишора кард. Чун ман худам инро надидам, гуфтам, ок, ҳоло дугонаҳоям кумак мекунанд ва аз мошин фаромадам. Ӯ зуд аз мошин фаромад ва аз дастам қапида гӯиё чангро тоза мекарда бошад, аз дунбаи ман қапид. Ман худамро кашидам ва гуфтам ки ба ман кумак лозим нест. Ӯ то вақте ки ба хашм наомадам, ба ман даст расонидан гирифт. Ин чиз тақрибан 1-2 дақиқа давом кард, аммо чунин эҳсосро доштам, ки гӯиё як умр давом кардааст.
Агар дар он лаҳза дарҳои мошин баста мебуд, ҳатто намедонам, чӣ мешуд…
Намедонам, ин чиз ҳарассмент ҳисоб мешавад ё не, аммо агар дар он лаҳза дарҳои мошин баста мебуд, ҳатто намедонам, чӣ мешуд. Давраи карантин буд, он вақт чизе кор намекард. Соати 12-и шаб ҳамроҳи холаам ба таваллудхона рафтем, дар шаҳр мо дигар ягон хешу табор надоштем ва касе набуд, ки моро бурда биёрад. Дар роҳи бозгашт таксӣ интизор шудам. Ним соат таксӣ набуд, тасмим гирифтам, ки то Саурана пиёда равам. Марди тақрибан 30-солае мошинро нигоҳ дошт, пешниҳод кард, ки бишинам. Вақте ҳаракат кардем, ӯ гуфт ки мумкин аст шуморо бибӯсам, ман тарсидам, гуфтам ки не, ӯ ба тарафи ман баргашт ва савол додан гирифт. Он вақт ман худоро зора кардам, ки дари мошин маҳкам набошад. Ман гурехтам ва дар байни хонаҳо пинҳон шудам.
Дар боғ интизори дугонаҳоям будам, аммо онҳо наомаданд. Зиёд интизор шудам, дигар автобусҳо ҳаракат накарданд…
Дар боғ интизори дугонаҳоям будам, аммо онҳо наомаданд. Зиёд интизор шудам, дигар автобусҳо ҳаракат накарданд. Он вақт телефон надоштам. Дар таксӣ нишастам. Мерседес 190. Ҳоло акнун медонам, ки 190. Ронанда марди бузургҷусаи қазоқ буд. Ором ҳаракат мекардем, ногоҳ якбора дасташро ба ноҳияи сутунмуҳраи ман гузошта гуфт, ки барои бокирагиат 100 доллар медиҳам. Ин лаҳза дар буриши Рискулов ва Адирбеков (ду истгоҳ то хонаи ман) чароғак сурх шуд. Ман зуд аз таксӣ фаромада бо самти муқобили роҳ давидам, то ӯ аз паси ман наояд. Ба ҳамин минвол ба хона расидам…