Асосӣ
Қиссаҳо
Қазоқистон
Қирғизистон
Тоҷикистон
Узбекистон
Кишварҳо
Қазоқистон
Қирғизистон
Тоҷикистон
Узбекистон
Грамматика ва услуби навишти муаллифон ҳифз шудааст
Ман зиёд аз таксиҳои "5-сомона" истифода мекунам. Боре дар чунин таксӣ бо ман воқеаи ногуворе рӯй дод, ки ҳанӯз онро фаромуш карда наметавонам...
Душанбе
Хондан
Ин воқеа 3 сол пеш рӯй дода буд. Дар роҳ таксии яке аз ширкатҳои маъруфро нигоҳ доштам. Ронанда хоҳиш кард, ки каме интизор шавам ва рафта лимонад харид...
Душанбе
Хондан
Ин воқеа соли 2010, вақте синфи 11 мехондам ва 17-сола будам, рӯй дода буд. Ҳоло 28-сола ҳастам...
Душанбе
Хондан
Зодгоҳи ман Шаҳринав аст, ин шаҳр чанд километр дуртар аз Душанбе қарор дорад ва ман барои аёдати наздикон зиёд онҷо меравам...
Душанбе - Шахринав
Хондан
Пас аз воқеае, ки соли гузашта бо ман рух дод, ҳар бор маро тарс фаро мегирад...
Вахдат
Хондан
Ман пайваста бо ҳарассмент дар таксӣ дучор мешавам, тақрибан ҳамеша, тақрибан дар ҳар сафар...
Рудаки
Хондан
Ман ба наздикӣ барои таҳсил ба Душанбе омадам ва маҳз инҷо бо ҳарассмент дар таксӣ дучор шудам...
Душанбе
Хондан
Бо ҳарассмент дар таксӣ ман 1 декабри соли 2019 дучор шудам, вақте ки дар таксии "3"-и рангаш сафед нишастам...
Душанбе
Хондан
Ҳангоми аз роҳ таксӣ нигоҳ доштан дар Душанбе бо бадрафторӣ дучор шудам ва на як бору ду бор, асосан "таърифҳои хайрхоҳона" мешунавам...
Душанбе
Хондан
Вақте таксӣ назди ӯ истод, ронанда гуфт, ки дар курсии пеш нишинад...
Душанбе
Хондан
Умуман дар таксӣ ҳолатҳои ҳарассмент кам набуданд. Аммо як ҳолат дар хотири ман зиёд нақш бастааст...
Душанбе
Хондан
Дар кӯча ҳаво сард. Дар назди ТВ "Сафина" истода, интизори нақлиёт ҳастам. Соат қариб 8-и бегоҳ аст ва ман ҳанӯз дар хона нестам. Маро воҳима фаро гирифтааст, ки модарам барои дер мондан сарзанишам мекунад...
Душанбе
Хондан
Ҳар бор, ки аз роҳ таксӣ нигоҳ медорам, ҳамеша бо гаппартойиҳо рӯбарӯ мешавам...
Душанбе
Хондан
Ҳолати ҳарассмент дар таксӣ бо ман 26 июли соли 2020 рух дод. Ман аз Маяковский дар таксии "5-сомона" нишастам ва ба Садбарг мерафтам...
Душанбе
Хондан
Аксар вақт ман шоҳиди ҳарассмент мешавам, на ҷабрдида, чунки аллакай солам ба ҷойе расидааст...
Душанбе
Хондан
Ман тақрибан ҳамеша шоҳид ё қурбонии ҳарассмент дар нақлиёти ҷамъиятӣ мешавам, аммо ҳеч вақт гумон намекардам, ки шоҳиди ҳарассмент дар таксӣ мешавам...
Душанбе
Хондан
Ман зиёд таксӣ фармоиш медиҳам ва аксар вақт зери гаппартойиҳо қарор мегирам, дигар ба ин ҳама аҳамият намедиҳам...
Душанбе
Хондан
Баъди сайругашт бо дугонаҳоям ба назди хоҳарам ба канори дигари шаҳр рафтам. Дар шаҳри мо таксиҳои ғайриқонунӣ амал мекунанд...
Душанбе
Хондан
Тобистон буд, ҳамроҳи дугонаам дар таксии №3 нишастем, то ба боғи Айнӣ равем. Ронанда ҷавони тақрибан 24-26-солае буд, ки риши ғафсе дошт...
Душанбе
Хондан
Ман барои ба Ашан рафтан таксӣ фармоиш додам, ҳамроҳи дугонаам хостем ба кино равем, ронанда аввал хомуш буд...
Душанбе
Хондан
Ронандаи таксӣ дарҳоро баст ва рақамҳои маро пурсид, гуфт, ки сар намедиҳам...
Душанбе
Хондан
Дар Душанбе таксиҳои "5-сомона" ҳастанд. Бо чунин як таксӣ шом аз кор ба хона рафтам...
Душанбе
Хондан
Чанде пеш аз МС "Садбарг" баромада, дар роҳ таксӣ мепоидам. Як мошин омада, рақами 3-ро нишон дод ва ман онро нигоҳ доштам...
Душанбе
Хондан
Ронанда мошинро бо суръати баланд меронад, аммо якбора суръатро паст карда, ба гардиши барои ман ношинос ҳаракат кард...
Душанбе
Хондан
Ман зиёд аз таксиҳои "5-сомона" истифода мекунам. Боре дар чунин таксӣ бо ман воқеаи ногуворе рӯй дод, ки ҳанӯз онро фаромуш карда наметавонам...
Ман хеле кам таксӣ фармоиш медиҳам, чунки дар маркази шаҳр зиндагӣ мекунам ва ҷойи корам ба хонаам наздик аст, пиёда меравам. Аммо зиёд аз таксиҳои "5-сомона" истифода мебарам, ки дар Душанбе хеле маъруф ҳастанд, чунки онҳо нисбатан арзонтар ва аз автобус дида роҳаттар ҳастанд. Боре дар чунин таксӣ бо ман воқеаи ногуворе рӯй дод, ки ҳанӯз онро фаромуш карда наметавонам. Ман дар таксӣ нишастам, пушти чанбар ҷавони тақрибан 25-сола қарор дошт, вақте аҳамият додам, ки ӯ навиштаҷоти "3"-ро нишон намедиҳад ва мошинро бо суръат меронад, барои ман аҷиб намуд, ман ҳайрон шудам ва гушиҳоямро гирифта аз ӯ пурсидам, ки барои чӣ дигар мусофир намегирад ва барои чӣ мошинро ин қадар тез меронад, ӯ мошинро нигоҳ дошт, ба қафо баргашт, ба ман нигоҳ кард ва гуфт, барои он ки мехоҳад бо ман танҳо бошад ва намехоҳад, ки касе ба мо халал расонад. Ман хомуш истодам ва кушиш кардам, ки фароям, вай дарҳоро баста буд, ман ба ӯ нигоҳ кардам ва дуруғ гуфтам, ки GPS-и ман рушан аст, ҳоло ба дӯстписарам мегӯям ё худам сару рӯяшро мешиканам, чунки бокс машқ мекунам, ин суханҳо маро наҷот дод. Ӯ дарро кушод, бахшиш пурсид ва гуфт, ки шухӣ кардааст. Он лаҳза худамро хеле бад ҳис кардам. Баъди ин воқеа ман дар таксиҳои сиёҳшиша ё холӣ намешинам.
Ин воқеа 3 сол пеш рӯй дода буд. Дар роҳ таксии яке аз ширкатҳои маъруфро нигоҳ доштам. Ронанда хоҳиш кард, ки каме интизор шавам ва рафта лимонад харид...
Ин воқеа 3 сол пеш рӯй дода буд. Баъди хӯроки нисфирӯзӣ бо дугонаам ман ба дафтари корӣ меомадам. Дар роҳ таксии яке аз ширкатҳои маъруфро нигоҳ доштам. Ронанда хоҳиш кард, ки каме интизор шавам ва рафта лимонад харид. Бо бастаи ширинӣ ва табъи болида баргашт. Аз роҳе, ки ман гуфта будам, берун шуд ва маро тамоман ба ҷойи дигар бурд. Бар илова дар роҳ навигаторро хомуш кард. Аз шириниҳо ба ман дароз кард, ба либосам даст расонд. Ман ба оромӣ гуфтам, ки агар ба хубӣ маро раҳо кунад, ҳамён, телефон ва тиловориҳоеро, ки дорам, медиҳам. Аммо ӯ ором нашуд ва гарданамро газид, аммо чун худашро роҳат ҳис накард, аз мошин берун шуд, то дар курсии қафо, дар паҳлӯи ман нишинад. Ман пиҷак ва ҷузвдонамро дар мошин партофта, телефонамро гирифтаму гурехтам. Ӯ аз пасам рафт. Ман ба аввалин дари кушода даромада, ба шавҳарам занг задам. Вай аз рӯи дурбинҳои назди қаҳвахона ин ронандаи таксиро пайдо кард. Ман як шахси маъруф ҳастам, он вақт вазифаи муҳимеро ҳам бар зима доштам, аз ин хотир нахостам, ки сару садо шавад. Медонед-ку ҷамъияти мо чӣ хел аст. Мегӯянд ки худаш гунаҳкор аст ва монанди ин. Ронанда падари серфарзанд будааст (10 фарзанд), ману шавҳарам ӯро бахшидем, ҳарчанд метавонист ин кор дигар хел тамом шавад. Дар ҷойи ман метавонист духтари нисбатан ҷавонтаре қарор мегирифт, ки наметавонист аз вазъият берун шавад.
Ин воқеа соли 2010, вақте синфи 11 мехондам ва 17-сола будам, рӯй дода буд. Ҳоло 28-сола ҳастам...
Ин воқеа соли 2010, вақте синфи 11 мехондам ва 17-сола будам, рӯй дода буд. Ҳоло 28-сола ҳастам. Ин воқеа дар Душанбе, Тоҷикистон аз роҳи Қарияи боло ба Маркази ташхиси тиббӣ рӯй дод. Пас аз мактаб ман мунтазири нақлиёти ҷамъиятӣ будам, борон меборид ва дар истгоҳ тақрибан 20 нафар интизори нақлиёт буд. Таксии "5-сомона"-е омад, ронанда ва як ҷавони дигар нишаста буданд. Одамони зиёде мехостанд нишинанд, аммо ман аввалин шуда савор шудам. Ҳамин ки ман нишастам, ронанда мошинро ба ҳаракат даровард ва дарҳо баста шуданд. Мошин бо суръати баланд бо хатти сеюм ҳаракат мекард. Онҳо бо ҳам бо садои паст гап мезаданд. Мо ба дигар тараф гаштем ва ман оромона ба модарам занг задам, то бигӯям, ки дар мошин нишастам ва ба хона меравам. Ман ин гапро бо англисӣ гуфтам ва ин чиз маро наҷот дод. Ҳамин ки англисиро шуниданд, аз ман пурсиданд, ки аз куҷо ҳастам ва шавҳар дорам ё на. Ман ангуштариеро, ки дар даст доштам нишон додам ва бо аксенти бади амрикоӣ бо русӣ ҳарф задам.
Гуфтам, ки бале, аз инҷо нестам, шавҳарам дар сафорати Амрико кор мекунад. Ва онҳо ба самти даркорӣ мошинро ҳаракат доданд. То расидан онҳо пурсиданд, ки шавҳарат кӣ ҳаст, ман чӣ кор мекунам ва барои чӣ фарзанд надорем. Ман кушиш кардам, ки табассум кунам ва худамро ором нишон бидиҳам, тавре дуруғ гуфтам, ки гӯиё зиндагии ман аз ин дуруғ вобаста бошад. Онҳо маро то ҷойи лозим оварданд, пул нагирифтанд. Ҳамин ки гардишро тоб хурдам бо тамоми неру давидам. Дилам сахт-сахт метабид, гиря кардам. Баъди ин ман худамро дар ягон ҷой бехатар ҳис накардам. Чунки дар нақлиёти ҷамъиятӣ пайваста бадрафторӣ мекарданд, баданамро ламс мекарданд. Дар нақлиёти нисбатан шахсӣ бошад, қариб мерабуданд. Солҳои зиёде лозим шуд, ки ман дубора худро дар шаҳр роҳат ҳис кунам. Ҳоло дар дилхоҳ таксӣ бо ин андеша мешинам, ки эҳтимол имрӯз барои ҳаётам мубориза мебарам ва барои ин омода ҳам ҳастам.
Зодгоҳи ман Шаҳринав аст, ин шаҳр чанд километр дуртар аз Душанбе қарор дорад ва ман барои аёдати наздикон зиёд онҷо меравам...
Зодгоҳи ман Шаҳринав аст, ин шаҳр чанд километр дуртар аз Душанбе қарор дорад ва ман барои аёдати наздикон зиёд онҷо меравам, аммо худам бо падару модар чанд сол аст, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунам. Як бор вақте бо таксӣ ба дидорбинии бобоям Шаҳринав мерафтам бо ҳарассмент рӯбарӯ шудам ва нафаҳмидам, ки ин бадрафторӣ будааст. Ронандаи таксӣ ҳар гуна луқма партофтан гирифт, "ту зебо ҳастӣ, лабонат хеле зебоянд", ман худамро нороҳат ҳис кардам, аммо кушиш кардам ором бошам, то ӯро асабӣ накунам, чунки ҷавон аз ман калонтар ва бақувваттар буд, ман аз амнияти худ тарсидам. Бо хомуш мондан кушиш кардам, ки ин ҳама "ишораҳои таваҷҷуҳ"-ро аз байн барам. Гушиҳоро дар гуш гузоштам ва ин маро наҷот дод, вақте аз таксӣ фаромадам, худамро сабук ҳис кардам, роҳи нафас кушода шуд. Баъди ин кушиш мекардам, ки дар таксӣ танҳо нашинам ва бодиққат нигоҳ мекардам, ки ҳамсафари ман кӣ аст.
Пас аз воқеае, ки соли гузашта бо ман рух дод, ҳар бор маро тарс фаро мегирад...
Ман дар Душанбе мехонам ва кор мекунам, аммо дар Ваҳдат зиндагӣ мекунам, аз ин рӯ вақте дер ба хона меравам, ҳамеша таксӣ киро мекунам. Пас аз воқеае, ки соли гузашта бо ман рух дод, ҳар бор маро тарс фаро мегирад. Як шом вақте дар таксӣ нишастам бо ҳолати ногуворе дучор шудам, рафтори ронанда бо ман ношоиста буд. Аввал ӯ ба гаппартойӣ сар кард, ман кушиш кардам, ки аҳамият надиҳам, хомуш нишастам. Вақте қариб то хона расидам, ронанда шумораи телефонамро пурсид, ман боз ҳам хомуш будам, вақте расидем, дарҳоро баст ва гуфт, ки то рақамҳоямро нагӯям, маро раҳо намекунад. Ман дигар роҳ надоштам, маҷбур шудам рақамҳои телефонамро ба ӯ диҳам, вагарна наметавонистам ба хона равам, ӯ хеле ҷиддӣ ҳарф мезад ва воқеан дарро кушоданӣ набуд. Медонистам ки ӯ аз ман пурқувваттар аст ва ман ҳеч коре карда наметавонам ва касе ба ман кумак карда наметавонад, ман рақамҳоямро ба ӯ додам, ӯ як маротиба занг зад. Вақте рақамҳоро гирифт, дарҳоро кушод ва ман бо тамоми неру то хона давидам. Баъди чанд дақиқа ӯ ба ман занг зад, ман зуд шумораашро блок гузоштам, Худоро шукр, ки дигар ӯро надидам. Ҳоло метавонам худамро ҳимоя кунам, аммо ба ҳар сурат дар таксӣ худамро комилан амн ҳис намекунам.
Ман пайваста бо ҳарассмент дар таксӣ дучор мешавам, тақрибан ҳамеша, тақрибан дар ҳар сафар...
Ман дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ, аммо дар Душанбе кор мекунам ва пайваста бо ҳарассмент дар таксӣ дучор мешавам, тақрибан ҳамеша, тақрибан дар ҳар сафар. Ман дер ба хона меоям ва баъзе ронандаҳои таксӣ фикр мекунанд, ки раққоса, пешхизмат ва ё духтари сабукпой ҳастам, аз ин рӯ қиссаҳои зиёде дорам... Фикр мекунам дар ман аллакай иммунитети муошират бо ронандаҳо пайдо шудааст, ман аллакай ба гаппартоиҳову таҳқирҳо таваҷҷуҳ намекунам, нигоҳ мекунам, ки ба кӣ чӣ хел ҷавоб диҳам, чӣ тавр худамро ҳимоя кунам. Аммо боре дар як ҳолат қарор гирифтам, ки ҳанӯз хеле хафа ҳастам. Вақти ба хона баргаштан дар таксӣ нишастам, дар мошин дигар ягон духтар набуд, аллакай дер шуда буд, дар роҳ як марди дигар дар мошин нишаст, ки сархуш буд, аз ӯ бӯйи арақ меомад. Ӯ дар паҳлӯи ман нишаст, гап партофт, аз дастам қапид, кушиш кард, ки маро ба худаш наздиктар биёрад, ман тамоми роҳ бо садои баланд нигаронӣ кардам, аммо касе аз дохили мошинбудаҳо чизе нагуфтанд, аз ин чиз ман зиёдтар хафа шудам. Ман худамро хеле бад ҳис кардам, ки касе ба ман кумак намекунад, на ронанда, ки барояш пул додам ва мантиқан бояд амнияти маро таъмин кунад, на мусофирон, ки ба фикри ман набояд ба чунин бетартибӣ роҳ медоданд. Ӯ дар назди казино поин шуд, ман базӯр қаҳру ашки чашмони худамро доштам, худамро хеле бад ҳис мекардам, ки чаро ин ҳодиса бо ман рӯй дод. Ин ҳодиса аз нигоҳи равонӣ ба ман сахт таъсир гузошт, вақти хеле зиёд лозим шуд, то ман дубора бидуни хавф дар таксӣ нишинам.
Як бор дар таксие нишастам, ки ронанда маро духтари сабукпой фикр кард ва пешниҳоди ҳамхобагӣ намуд. Вақте аз назди як хона мегузаштем, ӯ гуфт ки ҳаминҷо зиндагӣ мекунад, ҳоло зану фарзандонаш дар хона нестанд ва мо метавонем ба хонаи ӯ равем, гарм шавем, чой нушем ва зуд корҳоро тамом кунем. Ман ҳайрон шудам ва гуфтам, ки девона аст, ки чунин пешниҳод мекунад, вай танҳо ҷавоб дод, ки агар ту аз чунин духтарҳо нестӣ, пас мебахшӣ, хоҳар. Ман хеле нафрат доштам, ки чаро бо ман ин чиз шуд…
Ман ба наздикӣ барои таҳсил ба Душанбе омадам ва маҳз инҷо бо ҳарассмент дар таксӣ дучор шудам...
Ман ба наздикӣ барои таҳсил ба Душанбе омадам ва маҳз инҷо бо ҳарассмент дар таксӣ дучор шудам. Дар Панҷакент бо чунин ҳодиса рӯбарӯ нашуда будам, чунки шаҳри мо хурд аст, ҳама якдигарро мешиносанд, аз ин рӯ дар маҷмуъ ҳарассмент онҷо хеле кам аст... Дар Душанбе ҳангоми нишастан дар таксии "5-сомона" борҳо бо ҳарассмент дучор шудам. Масалан, як бор ба ман гуфтанд, ки "чи мехри ки иқа хушруи дхтарак?", ман худамро нороҳат ҳис кардам, аммо тақрибан ягон вақт ҷавобе намедиҳам, чунки намехоҳам онҳоро ба шӯр биёрам. Ва ман ҳолатҳоеро шоҳид будам, ки дар ҷавоб ба нигаронии духтарон тарафи онҳо дод мезаданд, дашном медоданд...
Бо ҳарассмент дар таксӣ ман 1 декабри соли 2019 дучор шудам, вақте ки дар таксии "3"-и рангаш сафед нишастам...
Бо ҳарассмент дар таксӣ 1 декабри соли 2019 дучор шудам, вақте ки дар таксии "3"-и рангаш сафед нишастам, ронанда ҷавон буд, ба эҳтимоли зиёд донишҷӯ буд, хеле ҷавон менамуд. Ман барои он нишастам, ки хеле дер монда будам, як вақт аҳамият додам, ки ба ғайр аз ман касе дар мошин нест, мо меравем, меравем, аммо ягон мусофир намегирад. Ронанда ба ман ҳар гуна саволҳо додан гирифт, маро тарс фаро гирифт, чунки ман дар мошин танҳо будам, танҳо бо ронанда. Ман саволҳои ӯро нодида гирифтам, аммо ин ба вай таъсир намекард, ӯ боз савол додан мегирифт ва дар бораи худаш нақл мекард. Баъд ман гуфтам, ки мошинро нигоҳ доред. Вай аз ман пул нагирифт ва рақами телефонамро пурсид. Ман дарро пушидам ва рафтам. Ин ҳолат хеле тарснок буд, ӯ боз гуфт, ки рақамҳоятро те ман омада туро мебарам. Ин ҳодиса хеле таъсири бад расонд, ман дигар умуман дар таксиҳои "5-сомона" намешинам, ин аввалин ва охирин маротиба буд. Ман таксиро тавассути марказҳои тамос фармоиш медиҳам, аммо ҳатто дар чунин таксиҳо на ҳамеша худамро дар амният эҳсос мекунам.
Ҳангоми аз роҳ таксӣ нигоҳ доштан дар Душанбе бо бадрафторӣ дучор шудам ва на як бору ду бор, асосан "таърифҳои хайрхоҳона" мешунавам...
Ман дар Помир зиндагӣ ва таҳсил мекунам, Хоруғ шаҳри хурд аст, ҳама якдигарро мешиносанд, медонанд, ки волидонат кӣ ҳастанд, ба фикри ман ин яке аз сабабҳое аст, ки чаро ман онҷо бо ҳарассмент дучор нашудам. Аммо ҳангоми аз роҳ таксӣ нигоҳ доштан дар Душанбе бо бадрафторӣ дучор шудам ва на як бору ду бор, асосан "таърифҳои хайрхоҳона" мешунавам, мисли: оо, ту ин қадар зебо ҳастӣ, чашмони зебо дорӣ, лабҳои зебо дорӣ ва мисли ин. Дар чунин ҳолатҳо худамро хеле нороҳат ҳис мекунам, пештар хомуш меистодам, кушиш мекардам, ки дағалӣ накунам, аммо баъдан фикр кардам, ки ман барои он ки аз як ҷо ба ҷойи дигар равам пул медиҳам ва бояд ҳангоми сафар худамро роҳат ҳис кунам ва баъди ин ҳоло кушиш мекунам хомуш набошам, ҷавоб диҳам. Одатан бо садои баланд, баъзан ҳатто дағалона ҷавоб медиҳам, то хомуш бошад ва маро то ҷойи даркорӣ расонад. Умуман, ман кушиш мекунам шабона дар таксӣ нашинам, чунки аз амнияти худ хеле метарсам.
Вақте таксӣ назди ӯ истод, ронанда гуфт, ки дар курсии пеш нишинад...
Ин воқеа дар Корвон шуд, наздикиҳои нисфирӯзӣ, вақте ҷавондухтар хона рафтанӣ шуд, таксии 33-33 дархост кард. Вақте таксӣ назди ӯ истод, ронанда гуфт, ки дар курсии пеш нишинад, ин чиз барои вай аҷиб намуд, вай хеле саросема буд ва ба ин дархост аҳамият/эътибор надод. Ронанда як бачаи ҷавон буд. Дар аввали роҳ вай хомуш буд, баъдан дурудароз ба ӯ нигарист, пасон ба гаппартойӣ сар кард, духтар хомушона табассум кард, баъдан ронанда ба рухсора...дасти ӯ даст расонд...пурсид, ки кӣ аст, чӣ кор мекунад, дар куҷо мехонад. Баъди ин духтар хоҳиш кард, ки мошинро нигоҳ дорад, ронанда гуфт, ки дигар озораш намедиҳад, аммо баъди чанд вақт боз ба бадрафторӣ сар кард. Духтар ин бор бо садои хашмона гуфт, ки таксиро нигоҳ дорад. Худоро шукр, вай мошинро нигоҳ дошт ва духтар зуд гурехта рафт.
Умуман дар таксӣ ҳолатҳои ҳарассмент кам набуданд. Аммо як ҳолат дар хотири ман зиёд нақш бастааст...
Умуман дар таксӣ ҳолатҳои ҳарассмент кам набуданд... Аммо як ҳолат нисбат ба дигарҳо дар хотири ман зиёд нақш бастааст. Одатан ба донишгоҳ бо таксии 3 меравам. Як рӯз дар таксӣ нишастам, ҳамроҳи ман боз чор нафари дигар буданд, каме баъдтар онҳо фаромаданд ва ман танҳо мондам. Ронанда аз ман пурсид, ки дар куҷо мехонам, чандсола ҳастам, чӣ кор мекунам. Ман ба ӯ ҳеч баҳонае барои гуфтугуро надода будам, дар курсии қафо ба корҳои худам андармон будам, баногоҳ ӯ ба таъриф сар кард, ки ман хеле зебо ҳастам. Баъдан пурсид, ки оё бо ягон кас мулоқот мекунам ё не, баъдан ба худтаърифкунӣ сар кард. Ман бо одамони бегона гап заданро нағз намебинам, ба саволҳои онҳо ҷавоб доданро дӯст намедорам, аз ин хотир гапҳои ӯро нодида гирифтам ва ба донишкада расиданро интизор шудам, ман худамро дар таксӣ хеле бад ҳис кардам, танҳо баъди аз он берун шудан худро сабук ҳис кардам...
Дар кӯча ҳаво сард. Дар назди ТВ "Сафина" истода, интизори нақлиёт ҳастам. Соат қариб 8-и бегоҳ аст ва ман ҳанӯз дар хона нестам. Маро воҳима фаро гирифтааст, ки модарам барои дер мондан сарзанишам мекунад...
Дар кӯча ҳаво сард. Дар назди ТВ "Сафина" истода, интизори нақлиёт ҳастам. Соат қариб 8-и бегоҳ аст ва ман ҳанӯз дар хона нестам. Маро воҳима фаро гирифтааст, ки модарам барои дер мондан сарзанишам мекунад. Як таксии 25, ки ба хатсайри ман меравад, омад. Фикр кардам, ки бало ба сари 5 сомонӣ, бо таксӣ меравам. Ва нишастам. Ронанда дар бораи ман савол додан гирифт, фикр кардам, ки шояд ӯ одами хушмуомила ҳаст. Аммо ба ҳар ҳол ба саволҳояш ҷавоби дақиқ надодам. Номи маро пусид, пурсид, ки чандсола ҳастам, аз куҷо ҳастам, дар куҷо мехонам, ба чӣ кор машғул ҳастам. Ман кушиш кардам, ки дар бораи ҷойи зистам маълумоти аниқ надиҳам ва гуфтам, ки "аз ҳиминҷо ҳастам". Чанд дақиқа пас ӯ пурсид: "Бачае ки вақти дар таксӣ нишастан дар пешат буд, кӣ аст?". Гуфтам ки дӯстам ҳаст. Ӯ пурсид, ки мо чӣ муносибат дорем, гуфтам, ки ҳамин хел дӯст ҳастем. Ӯ гуфт, ки шояд дӯстписарат ҳаст. Боз чандин саволи дигар дод. Бо оинаи пеш ба ман зиёд нигоҳ мекард. Гуфт ки ман зебо ҳастам. Рақамҳои телефонамро пурсид, ман гуфтам, ки "телефон надорам". Маро воҳима фаро гирифт, мошинро нигоҳ доштам вақте мерафтам ӯ гуфт, ки "то дидор".
Ҳар бор, ки аз роҳ таксӣ нигоҳ медорам, ҳамеша бо гаппартойиҳо рӯбарӯ мешавам...
Ман дар Душанбе таҳсил ва кор мекунам, бо ҳарассмент дар таксӣ ҳам дар Душанбе дучор шудаам. Ҳар бор ки аз роҳ таксӣ нигоҳ медорам, ҳамеша бо гаппартоиҳо дучор мешавам, мисли "мемрм барот ика хушруи ҷон" ва зиёд рақамҳои телефонамро мепурсанд, одатан ман ҷавоб намедиҳам ва интизор мешавам, ки ба ҷойи даркорӣ бирасам. Ба фикри ман нодида гирифтан дар чунин ҳолатҳо ягона тасмими дуруст мебошад. Як воқеа, ки соли гузашта бо ман рӯй дод, таъсири зиёд гузошт, ба маънии бади ин калима. Боре яке аз мусофирон дар таксӣ ба ман шилқинӣ кардан гирифт, ҷавони тақрибан 25-сола буд, дар мошин дигар духтар набуд, касе маро ҳимоят накард, баръакс дигарон кушиш карданд, ки ӯро таҳрик диҳанд, ҳар чӣ гуфтан гирифтанд. Ман худамро бад ҳис кардам, танҳо мусиқие, ки дар телефонам буд, маро ором мекард. Баъди ин ҳодиса ман дар таксие, ки танҳо ҷавонон ҳастанд, намешинам.
Ҳолати ҳарассмент дар таксӣ бо ман 26 июли соли 2020 рух дод. Ман аз Маяковский дар таксии "5-сомона" нишастам ва ба Садбарг мерафтам...
Ҳолати ҳарассмент дар таксӣ бо ман 26 июли соли 2020 рух дод. Ман аз Маяковский дар таксии "5-сомона" нишастам ва ба Садбарг мерафтам. Ронанда хеле ҷавон буд, ӯ пурсид, ки ман рус ҳастам, ман гуфтам бале, баъди ин ӯ дар бораи миллати ман, аслу насаби ман зиёд савол додан гирифт, ман ҷавоб додан гирифтам, мисле ки аз ин ҷавобҳо вобаста буд, ки оё ман то ҷойи лозими худ рафта мерасам ё не. Ин ки дар таксӣ худам танҳо будам маро сахт ҳайрон кард, тарсидам, аз ин рӯ тавре вонамуд кардам, ки гӯиё дӯстписарам ба ман занг мезанад ва гӯиё бо ӯ гап зада, гуфтам, ки ҷонам, маро онҷо интизор ҳастӣ, ман ҳоло мерасам ва монанди ин. Ҳатто ин ҳам ӯро нигоҳ надошт, рақами телефонамро пурсид, гуфт ки дар Садбарг зиндагӣ мекунӣ, ман ҷавоб додам, ки не, барои дидани холаам омадаам. Баъди ин ман дигар дар таксӣ танҳо намешинам ё кушиш мекунам, ки дар таксии холӣ нашинам..
Аксар вақт ман шоҳиди ҳарассмент мешавам, на ҷабрдида, чунки аллакай солам ба ҷойе расидааст...
Аксар вақт ман шоҳиди ҳарассмент мешавам, на ҷабрдида, чунки аллакай солам ба ҷойе расидааст ва мушоҳида мекунам, ки бештари вақт духтарони ҷавон бо чунин ҳолат рӯбарӯ мешаванд. Ман аз худам дида, бештар барои духтаронам метарсам.
Бо ин ҳол, худам ҳам бо ҳарассмент дар таксӣ дучор шудаам, ду сол пеш аз "Хонаи матбуот" дар таксии "5-сомона" нишастам ва бояд то Фурӯшгоҳи марказӣ мерафтам. Ман ба кор мерафтам ва таваҷҷуҳ накардам, ки дар таксӣ ба ғайр аз ман каси дигаре нест, ин чиз барои ман аҷиб нанамуд, чунки субҳи барвақт аз хона баромадам. Марди тақрибан 40-сола кушиш кард бо ман суҳбат кунад, пурсид ки чандсола ҳастам, шавҳар, фарзанд дорам ё не. Худашро таъриф кардан гирифт, ман ба суханҳои ӯ комилан аҳамият надодам, аммо ин чиз нохушоянд буд. Баъди гаппартоиҳо дар бораи пойҳои ман тоқат накардам, гуфтам ки шавҳарам дар прокуратура кор мекунад, аз ин гап тарсид, бахшиш пурсид ва маро то ҷойи лозим расонд. Баъди ин ҳолат ман аз амнияти духтаронам метарсам ва ҳамеша таъкид мекунам, дер накунанд, дар таксӣ танҳо нашинанд.
Ман тақрибан ҳамеша шоҳид ё қурбонии ҳарассмент дар нақлиёти ҷамъиятӣ мешавам, аммо ҳеч вақт гумон намекардам, ки шоҳиди ҳарассмент дар таксӣ мешавам...
Ман тақрибан ҳамеша шоҳид ё қурбонии ҳарассмент дар нақлиёти ҷамъиятӣ мешавам, аммо ҳеч вақт гумон намекардам, ки шоҳиди ҳарассмент дар таксӣ мешавам. Боре ҳангоми нигоҳ доштани таксӣ дар роҳ ҳамроҳи дугонаам, бо ҳарассмент дучор шудам, мо аз мактаб бармегаштем, дар мошин бо ҳам суҳбат карда мерафтем, баъд ӯ фаромад ва ман ҳамроҳи ронанда танҳо мондам. Ронанда ба навъе ғайриихтиёр бо ман гуфтугӯро оғоз кард, пурсид ки оё дар мактаби 8 мехонам, ман дар аввал ба саволҳои ӯ ҷавоб додам, аммо баъдан пай бурдам, ки мақсадаш наздикӣ бо ман аст, ишораҳои маънодор ва таъоруфҳо мекард, мисли ин ки ман чӣ қадар зебо ҳастам, мӯйҳои дароз дорам ва чӣ қадар аруси зебо мешавам. Вай рақами телефони маро пурсид, гуфт ки зан гирифтанӣ ҳаст, барои худаш зан меҷӯяд ва ман ба ӯ маъқул шудаам. Ман ҷавоб надодам ва гушиҳоямро дар гуш гузоштам, ӯ мошинро нигоҳ дошт ва аз гӯши чапи ман гуширо гирифт, ман бо нигоҳи маҳкумкунанда ба вай нигоҳ кардам, гуфтам ки чени хоҳараш мешавам. Вай баргашт ва гуфт, ки шухӣ кард ва гапҳояш ҷиддӣ набуданд. Вақте ба назди хона расидам, аз таксӣ фаромада давидам ва ба худам гуфтам, ки ҳама чӣ гузашт. Ман ба қафо нигоҳ кардам ва дидам, ки вай нарафтааст, баробари ман мошин меронд, ман тарсидам ва роҳамро тағйир додам. Баъди ин ҳолат дигар танҳо дар таксӣ намешинам, кушиш мекунам бештар пиёда равам.
Ман зиёд таксӣ фармоиш медиҳам ва аксар вақт зери гаппартойиҳо қарор мегирам, дигар ба ин ҳама аҳамият намедиҳам...
Ман зиёд таксӣ фармоиш медиҳам ва аксар вақт зери гаппартойиҳо қарор мегирам, дигар ба ин ҳама аҳамият намедиҳам. Ман аллакай медонам, ки бо кадом ронанда чӣ хел гап занам, метавонам бо ҳар нафар бархурди муайян кунам, то ки маро ором гузорад. Аз ман бисёр вақт рақами телефон ва доштан ё надоштани дӯстписарро мепурсанд. Аммо боре бо як ронандаи девона дучор шудам, ки хеле сахт тарсидам. Вақте ман ҳама гапҳои ӯро нодида гирифтам ва ба саволи "номерота акы намети дхтараки хушру?" ҷавоб додам, ки дар умрам намедиҳам. Вай бо суръати баланд мошинро рондан гирифт, чизе мегуфт, ман қариб гиря кардам, зора кардам, ки мошинро нигоҳ дорад. Худоро шукр, ки вай истод ва ман аз мошин берун шудам. Эҳсос кардам, ки аз марг наҷот ёфтаам, баъди ин муддати дароз дар таксӣ нишаста натавонистам, аммо хушбахтона ҳоло ин тарс бартараф шудааст.
Баъди сайругашт бо дугонаҳоям ба назди хоҳарам ба канори дигари шаҳр рафтам. Дар шаҳри мо таксиҳои ғайриқонунӣ амал мекунанд...
Баъди сайругашт бо дугонаҳоям ба назди хоҳарам ба канори дигари шаҳр рафтам. Дар шаҳри мо таксиҳои ғайриқонунӣ амал мекунанд, ки дар онҳо чанд нафар мешинад. Вақте мерафтем, ба ғайри ман касе дар мошин нанишаст, ронанда тамоми роҳ гаппартойӣ кард ва вақте бояд мефаромадам, дарҳоро баст ва нагузошт, ки берун шавам. Гуфт ки маро дӯст доштааст ва мехоҳад бо ман издивоҷ кунад ва исрор кард, ки рақамҳоямро диҳам. Ман ба бародари калонам занг задам ва ронанда дарро боз кард. Дари мошин тақрибан се дақиқа баста буд, аммо ин муддат кофӣ буд, ки ман дигар дар чунин таксиҳо нашинам.
Тобистон буд, ҳамроҳи дугонаам дар таксии №3 нишастем, то ба боғи Айнӣ равем. Ронанда ҷавони тақрибан 24-26-солае буд, ки риши ғафсе дошт...
Тобистон буд, ҳамроҳи дугонаам дар таксии №3 нишастем, то ба боғи Айнӣ равем. Ронанда ҷавони тақрибан 24-26-солае буд, ки риши ғафсе дошт. Дар курсии пеш ҷавони дигаре, ки тақрибан ҳамсину соли ӯ буд, менишаст (тавре баъдан маълум шуд дӯсти ронанда будаст). Хуб, ӯ бо суръати баланд мошинро меронд, аз ин рӯ мо дарав ба ташвиш афтодем, аммо намедонам, барои чӣ хоҳиш накардем, ки мошинро оҳистатар ронад ва ё нигоҳ дорад, шояд барои он ки мо дар ҳолати шок будем. Вақте ба ҷойи даркорӣ расидем хоҳиш кардем, ки мошинро нигоҳ дорад, роҳкироро дароз кардем, аммо вақте мехостем фароем, дидем, ки дарҳо баста шудаанд. Дар ҷавоб ба хоҳиши мо барои боз кардани дар, онҳо аз мо рақами телефонро пурсиданд. Гуфтанд ки агар ман рақами телефонро диҳам, моро раҳо мекунанд. Баъди илтиҷоҳои зиёд билохира маҷбур шудам рақами худамро бигӯям, баъди ин мо аз мошин баромада гурехтем. Баъдан чанд бор аз рақамҳои ношинос ба ман занг заданд, аммо ман аниқ намедонам ки оё ҳамон ронандаи таксӣ буд ё не, чунки ман ягон бор ҷавоб надодам. Метарсидам ки шояд ӯ бошад. Мо ба ягон ҷо шикоят накардем ва ҳатто рақам ё тамғаи мошини ӯро ҳам дар хотир нагирифтем. Он вақт мо танҳо дар ин фикр будем, ки ҳар чи зудтар аз онҷо равем, гурезем.
Аллакай ду сол гузаштааст, аммо ман ҳанӯз метарсам, ки дар таксиҳои хусусӣ савор шавам ва агар савор ҳам шавам, пас ҳатман ба ягон шиносам занг зада хабар мекунам ва ҳамеша кушиш мекунам, ки дар курсии қафои ронанда нишинам, намедонам чаро аммо ба ин шева худамро каме амнтар ҳис мекунам.
Ман барои ба Ашан рафтан таксӣ фармоиш додам, ҳамроҳи дугонаам хостем ба кино равем, ронанда аввал хомуш буд...
Ман барои ба Ашан рафтан таксӣ фармоиш додам, ҳамроҳи дугонаам хостем ба кино равем, ронанда аввал хомуш буд, баъдан пурсид, ки ман бо кӣ мулоқот мекунам, дар куҷо ва монанди инҳо. Баъд пурсид, ки оё дӯстписар дорам ё не, ман гуфтам ки намехоҳам ба ин савол ҷавоб диҳам, баъдан ӯ рақами телефони маро пурсид, ман гуфтам ки ба наздикӣ сим кортамро иваз мекунам, аз ин рӯ ҳоло рақами ман "кор намекунад", ман худамро хеле нороҳат ҳис кардам ва гуфтам, ки мошинро нигоҳ дорад. Шояд касе ҳолати аз ин ҳам бадтареро таҷриба карда бошад, аммо ман хеле нороҳат шуда будам, ман мехостам, ки ором то Ашан бирасам, на ин ки ба саволҳои марди 40-солаи барои ман ношинос ҷавоб диҳам.
Дар дилам як ҳисси хеле нороҳаткунанда доштам, баъди ин ҳолат, ҳатто ҳоло ҳам метарсам, ки таксӣ фармоиш диҳам, чунки медонам боз метавонад чунин ҳолат рух диҳад ва боз мехоҳам як ҳолатеро ки муаллимам нақл карда буд, илова кунам, шогирдаш ба дарс дер кардааст, чунки ронандаи таксӣ дарҳоро баста рақами телефонашро пурсидааст, танҳо баъди он ки гиря карда ва хоҳиш кардааст, ки раҳояш кунад, дарҳоро боз кардааст. Муаллим ҳамеша ба ман мегуфт, ки эҳтиёт кунам.
Ронандаи таксӣ дарҳоро баст ва рақамҳои маро пурсид, гуфт, ки сар намедиҳам...
Ронандаи таксӣ дарҳоро баст ва рақамҳои маро пурсид, гуфт, ки сар намедиҳам, барои ӯро асабӣ накардан рақамҳоеро, ки кор намекард, додам.
Дар Душанбе таксиҳои "5-сомона" ҳастанд. Бо чунин як таксӣ шом аз кор ба хона рафтам...
Дар Душанбе таксиҳои "5-сомона" ҳастанд. Бо чунин як таксӣ шом аз кор ба хона рафтам. Дар паҳлӯи ман марди 50-60-сола менишаст. Дар вақти сафар ӯ аввал банохост, баъдан махсус ба пойи ман даст расондан гирифт, ламс кард. Вақте ки ман эрод гирифтам, ӯ худро тавре вонамуд кард, ки гӯиё чизеро намефаҳмад, ронанда бошад маро гунаҳкор кард, ки ба марди калонсол туҳмат мезанам.
Чанде пеш аз МС "Садбарг" баромада, дар роҳ таксӣ мепоидам. Як мошин омада, рақами 3-ро нишон дод ва ман онро нигоҳ доштам...
Чанде пеш аз МС "Садбарг" баромада, дар роҳ таксӣ мепоидам. Як мошин омада, рақами 3-ро нишон дод ва ман онро нигоҳ доштам. Вақте нишастам, як ҷавони дигар ҳам дар курсии пеш нишаста буд. Баъди чанд истгоҳ ӯ фаромад ва ман бо ронанда танҳо мондам. Баъди чанд дақиқа ронанда (30-35-сола) ба қафо нигоҳ карда, бо табассум ба ман нигоҳ кард. Ба саволҳои шахсӣ додан сар кард, чандсола ҳастам, дар кадом синф мехонам, дар куҷо зиндагӣ мекунам. Ман фикр кардам, ки шахси хушмуомила ҳаст ва ба чанд саволаш ҷавоб додам. Баъдан рақами телефони маро пурсид ва пешниҳод кард, ки бо ӯ мулоқот кунам. Ман сахт тарсидам ва рақами телефонамро надодам, аммо ӯ пурсид, ки барои чӣ намехоҳам бо ӯ мулоқот кунам, дӯстписар дорам ё не? Баъди ин 5 дақиқаи дигар ваъда кард, ки агар розӣ шавам тамоми проблемаҳоямро ҳал мекунад+маро муҳофизат мекунад. Ман хоҳиш кардам, ки мошинро нигоҳ дорад, аммо ӯ бо суръати баланд ҳаракат мекард. Худоро шукр, ки як чароғак сурх буд ва онҷо тамбашавии зиёди мошинҳо шуд. Ман зуд дарро кушода, фаромадам.
Ронанда мошинро бо суръати баланд меронад, аммо якбора суръатро паст карда, ба гардиши барои ман ношинос ҳаракат кард...
Ман бо ҳарассмент дар таксӣ тобистони ҳамин сол дучор шудам.
Яке аз рӯзҳои корӣ баъд аз машғулиятҳои иловагӣ ман таксӣ нигоҳ доштам, то ба хона равам. Баъди гуфтани суроға ман гӯшиҳоро гузошта, ҳамзамон хабарҳоро аз назар мегузаронидам. Ронанда мошинро бо суръати баланд меронд, аммо якбора суръатро паст карда, ба гардиши барои ман ношинос ҳаракат кард. Маро ба як ҷойи камодам бурд, ба гапҳои ман тамоман аҳамият намедод, дарҳои мошинро баст. Баъди истодан кушиш кард, ки ба курсии қафо гузарад. Ман кушиш кардам, ки ӯро тела диҳам, аммо ӯ маро ба тарафи худ кашида, кушиш кард, ки даҳонамро маҳкам кунад. Баъди чанд сония садои сигнали мошине аз қафо баланд шуд, ин чиз як лаҳза хотири ӯро парешон кард ва ман аз фурсат истифода бурда, тугмаи дари мошинро боло карда, даро кушода ба берун давидам. Мошини дар қафобуда ба ман зиёд кумак кард, вақте ронандаи он маро дид ба тарафи ронанда, ки аз паси ман аз мошин баромада буд, рафт. Вақте то мағозаи наздиктарин давидам, пурсидам, ки инҷо куҷо ҳаст ва маълум шуд, ки то кӯчаи ман 10 дақиқаина роҳ будааст.
Аввалин бор ман ду сол пеш, вақте ба таксии 3 шиштам бо ҳарассмент дучор шудам...
Душанбе
Хондан
Ман тамоку мекашам ва ҳангоми фармоиш додани таксӣ хоҳиш мекунам, таксие фиристанд, ки дар он тамоку кашидан мумкин бошад. Тақрибан ҳар бор шоҳиди насиҳатгарии ронандаҳо мешавам...
Душанбе
Хондан
Аввалин бор ман ду сол пеш, вақте ба таксии 3 шиштам бо ҳарассмент дучор шудам...
Аввалин бор ду сол пеш, вақте ба таксии 3 шиштам бо ҳарассмент дучор шудам, ронанда бадрафторӣ кард, дӯсташ бошад ӯро дастгирӣ мекард. Ӯ ба гаппартойӣ ва таърифҳое сар кард, ки барои ман нохушоянд, нафратовар буданд. Ман чанд бор хоҳиш кардам, ки мошинро нигоҳ дорад, аммо ӯ бо суръати баланд ҳаракат мекард, ҳамроҳи дӯсташ гуфтанд, ки маро ба як ҷойи "зӯр" мебаранд ва онҷо ба ман зиёд писанд меояд, аз тарс пойҳои ман меларзид, аз фикри ин ки маро ба ягон ҷойе мебаранд, ки касе ба ман ёрӣ дода наметавонад, қариб гиря мекардам. Ман дод задам ва хоҳиш кардам, ки мошинро нигоҳ дорад, онҳо бошанд, механдиданд... Маро ин чиз наҷот дод, ки ронанда бо сабаби суръати баланд як мошини дигарро зад ва маҷбур шуд, ки баромада бо ронандаи он мошин ин ҳолатро баррасӣ кунад. Дар ин лаҳза ман аз мошин баромада, гурехтам. Ҳарчанд вақти зиёд гузаштааст, аммо ҳанӯз наметавонам дар таксиҳои "5-сомона" савор шавам. Ман ҳамеша таксӣ фармоиш медиҳам, беҳтараш пули зиёдтар медиҳам, аммо каму беш бовар дорам, ки кушиши маро дуздидан намекунанд, баъди он ҳолат ман хеле дар ҳолати бад қарор гирифта будам ва намехоҳам, ки ин чиз боз такрор шавад. Ман худамро гунаҳкор меҳисобидам, чунки он рӯз либоси доманкутоҳ доштам, ман худамро гунаҳкор меҳисобидам, чунки фикр мекардам сабаби ба ин кор таҳрик додани онҳо шудаам… Аммо ҳоло аллакай мефаҳмам, ки инҷо айби ман набуд ва либос ҳеч вақт наметавонад сабаби анҷоми ягон амал нисбат ба инсони дигар шавад.
Ман тамоку мекашам ва ҳангоми фармоиш додани таксӣ хоҳиш мекунам, таксие фиристанд, ки дар он тамоку кашидан мумкин бошад. Тақрибан ҳар бор шоҳиди насиҳатгарии ронандаҳо мешавам...
Ман тамоку мекашам ва ҳангоми фармоиш додани таксӣ хоҳиш мекунам, таксие фиристанд, ки дар он тамоку кашидан мумкин бошад. Тақрибан ҳар бор шоҳиди насиҳатгарии ронандаҳо мешавам, мисли "ту духтар ҳастӣ, бояд фарзанд таваллуд кунӣ, сигаркаширо парто", баъзеҳо кушиш мекунанд, ки бо ман ба гапзанӣ сар кунанд, бисёр мешавад, ки маро таърифу тавсиф мекунанд. Оҳ, як бор ҳолате буд, ки фаромуш намекунам. Вақте тамоку мекашидам, ронанда кушиш кард, ки бо ман шинос шавад, ман бо ӯ гап назадам, тасаввур мекунед, ӯ ба ман пешниҳод кард, ки марихуана бикашам ва воқеан аз мошин ҳашиш баровард ва пешниҳод кард, ки мошинро нигоҳ дошта, бо ӯ дуд бидиҳам, ронандаи ширкати Рахш-таксӣ буд. Ман дар ҳолати шок будам, хоҳиш кардам, ки роҳро давом диҳад ва ман дигар бо ӯ гап назадам, ӯ ҳам мошинро ронд ва кушиш кард, ки дигар бо ман гап назанад.