Аз дафтари департаменти пулиси Алмаато хабар доданд, ки ин қазия дар феҳристи ягонаи тафтишоти то додгоҳӣ тибқи моддаи 107–и Кодекси ҷиноии Қазоқистон (Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) сабт шудааст.
Тамоми ташхиси лозим таъин шудааст, ки дар натиҷаи он тасмими зарурӣ гирифта мешавад.
Хадамоти дастгирии "Яндекс Go" мегӯяд, ин ронандаро аллакай аз замимаи хадамот берун кардаанд:
"Хадамоти дастгирӣ бо корбарон дар иртибот аст. Ронанда дар хадамот блок монда шудааст, аммо таъкид мекунем, ки бино ба додаҳои система ӯ занро то ҳамон ҷойе бурдааст, ки дар замима нишон дода шудааст. Ба гуфтаи мусофир, дар мошин касе силоҳ надошт. Дуруст аст, ки тамоми ҳолатро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян намояд", – гуфта мешавад дар
изҳороти ширкат, ки Zakon.kz нашр кардааст.
Ба андешаи равоншиноси дараҷаи олӣ
Зарина Штеер, ронандаҳои таксӣ ба худ иҷозат медиҳанд, ки марзҳои шахсиро убур кунанд, зеро медонанд, ки барои ҳарфу ишораҳои ноҷояшон муҷозот намешаванд.