Асосӣ
Қиссаҳо
Қазоқистон
Қирғизистон
Тоҷикистон
Узбекистон
Кишварҳо
Қазоқистон
Қирғизистон
Тоҷикистон
Узбекистон
Грамматика ва услуби навишти муаллифон ҳифз шудааст
Ронандаи таксӣ гардишро иштибоҳ кард ва талаб кард, ки пиёда биёям...
Бишкек
Хондан
Аз нигоҳи ҷисмонӣ майдача будам. Худам аз пойтахт нестам, он вақт дар курси як ё ду мехондам...
Бишкек-Ош жолу
Хондан
Ба ман савол додан гирифт. Новобаста ба он ки гуфтам намехоҳам ҷавоб диҳам, саволборон кард...
Бишкек
Хондан
Торик буд, ман филм медидам, ногоҳ ҳис кардам, ки дасте поямро ламс мекунад...
Бишкек
Хондан
Вай саволҳои шахсӣ додан гирифт, шавҳар дорам ё не, аз куҷо ҳастам...
Бишкек-Ош жолу
Хондан
Тақрибан дар миёнаҳои сафар ронанда дар бораи зиндагии хусусии дугонаам пурсидан гирифтааст...
Бишкек
Хондан
Дар мошин 5 мард ва ман нишаста будем. Дар паҳлӯи ман як ҷавон менишаст...
Бишкек
Хондан
Тобистон буд, ман ба ҳайси пешхизмат кор мекардам ва аз кор дер мебаромадам...
Ош - Бишкек
Хондан
Шабона аз шабнишинӣ бармегаштам, ронанда бӯи машруботро эҳсос намуда, фикр кард, ки метавонад аз фурсат истифода кунад...
Бишкек
Хондан
Ронандаи таксӣ хеле меҳрубон буд, то хона расонд. Аммо вақте расидем гуфт, ки ман дилкаш ҳастам ва оё намехоҳам, ки сафарро идома диҳем...
Бишкек
Хондан
Тасмим гирифтам, ки аз назди Бишкек Парк таксӣ нигоҳ дорам...
Бишкек
Хондан
Аз назди дугонаам баромадам, дар таксӣ нишастам. Дар роҳ аз ину он суҳбат кардем, вақте расидем, гуфтам, ки барои овардани пул меравам...
Бишкек
Хондан
Ба кор дер мекардам, маҷбур шудам, таксии "боэътимод"-и Яндексро даъват кунам...
Бишкек
Хондан
Дар ҷашни мавлуди дугонаам дар тарабхона ҳамин хел шуд, ки зиёд нушидам. Кадоме аз шиносҳо таксӣ даъват кард ва маро танҳо дар он шинонд...
Бишкек
Хондан
Субҳи барвақт ман мошин нигоҳ доштам, то ба хонаи дӯстписари собиқам рафта, чизу чораамро бигирам. Телефон заряд надошт. Таксӣ навиштаҷоти яндекс таксӣ дошт...
Хондан
Ронандаи таксӣ гардишро иштибоҳ кард ва талаб кард, ки пиёда биёям...
Ман соати 10-и шаб таксӣ фармоиш додам. Ба ҷойе, ки ман қарор доштам омадан каме душвор буд. Ронандаи таксӣ гардишро иштибоҳ кард ва талаб кард, ки ман пиёда то назди мошин равам. Ман рад кардам, ӯ каме асабӣ шуд, аммо худаш омад. Ӯ пурсид: - шумо қирғиз? –Бале. – Анъанаҳоро медонед? –Бале, қисман. –Дар бағоҷ рӯмоли сафед аст, пӯшед, ман шуморо медуздам. -ЧӢ? Хомушӣ. Ман ба ваҳм афтидам. Фикр кардам, ки худамро аз мошин партоям, бо кадом як кӯчаи танг рафтем, дар атроф ягон ҷонзот нест.
– Ман шухӣ кардам, гуфт ронанда. Давоми роҳ хомуш будам. Маблағи нишондодаро пардохт кардам, бо ҳайронӣ пурсид, ки "чаро ин қадар кам? Ана ман чӣ қадар ҳаракат кардам". Ҳангоми фаромадан дар бораи шухии хунукаш эрод гирифтам ва дарро сахт пушидам. Ронанда бо садои баланд таҳдид кард. Маро тарсу ваҳм фаро гирифта буд. Ба хадамоти таксӣ шикоят кардам, онҳо узр хостанд. Аммо тарсу ваҳм боқӣ монд. Аз он воқеа як сол гузаштааст, аммо ман нав ба истифодаи таксӣ сар кардаам, ҳамон ҳам дар ҳолатҳои хеле муҳим.
Аз нигоҳи ҷисмонӣ майдача будам. Худам аз пойтахт нестам, он вақт дар курси як ё ду мехондам...
Аз нигоҳи ҷисмонӣ майдача будам. Худам аз пойтахт нестам, он вақт дар курси як ё дуи донишгоҳ мехондам. Аз шаҳри худам ба Бишкек меомадам. Дар курсии қафо ҳамроҳи як зан ва марди тақрибан 40-сола менишастам. Ман дар миёна менишастам. Мо шабона савор шудем ва мард ба пойҳои ман даст расондан гирифт. Худамро хеле нороҳат ҳис кардам, аммо тарсидам ки чизе бигӯям. Танҳо аз зан хоҳиш кардам, ки ҷойҳоямонро иваз кунем. Вай чизеро пай бурд ва розӣ шуд, ки иваз кунад. Он вақт ба ин чиз зиёд таваҷҷуҳ намекардам, аммо ҳоло он воқеаро зиёд ба хотир меорам ва баданамро ларза мегирад. Аз ин сабаб бо мардони бегона дар таксӣ нишастанро бад мебинам.
Ба назари ман он вақт танҳо тарсу нофаҳмӣ маро фаро гирифта буд. Ҳоло ин чиз ба ҳолати эҳсосии ман таъсир мерасонад. Ман ҳамеша аз дилхоҳ тамос бо мардон ҳазар мекунам, ҳатто бо шиносҳоям низ. Аммо ҳоло мефаҳмам, ки набояд ба чунин чизе иҷозат дод ва аз гуфтани ҳарфам наметарсам, ба чунинҳо зуд ҷавоби сазовор медиҳам.
Ба ман савол додан гирифт. Новобаста ба он ки гуфтам намехоҳам ҷавоб диҳам, саволборон кард...
Ба ман савол додан гирифт. Новобаста аз он ки гуфтам, намехоҳам ҷавоб диҳам саволборон кард. Дар куҷо мехонам, чандсола ҳастам, дар куҷо зиндагӣ мекунам, оё дӯстписар дорам, шавҳар кардан мехоҳам? Ронанда зиёд ба қафо нигоҳ мекард, то чеҳраи маро бубинад ва ин чиз маро ба хиҷолат меандохт.
Гӯиё маро намешунид. Ман дақиқу фаҳмо гуфтам, ки намехоҳам ба саволҳо ҷавоб диҳам, аммо гӯиё нашунида буд. Ман худамро хаставу асабӣ эҳсос кардам. Ин вазъ маро хеле хиҷолатзада кард, фикр намекунам, ки дигар тавонам дар таксӣ роҳат сафар кунам. Кушиш мекунам, ки дер накунам, то барои даъвати таксӣ маҷбур нашавам.
Торик буд, ман филм медидам, ногоҳ ҳис кардам, ки дасте поямро ламс мекунад...
Дар Бишкек дар таксӣ нишастам, дар курсии пушти ронанда, ором ҳаракат мекардем, дар роҳ бо ҳама суҳбат кардем, шинос шудем, ронанда 3 фарзанд доштаст, дар мошин боз 3 зани калонсол бо кӯдаконашон буданд. Роҳ дароз буд, ман кроссовкаҳоро аз пой кашидам, наскиҳоям кутоҳ буданд. Вақти шиносшавӣ гуфтам, ки ду фарзанд дорам ва боз ҳомиладор ҳастам. Аллакай ҳаво торик буд, ман филм медидам, ногоҳ ҳис кардам, ки дасте пойи маро ламс мекунад, тарсидам, баданамро ларза гирифт, ба ронанда нигоҳ кардам, ӯ ба ман гуфт, "Кечке эле кино коро бересинби" (биёед шабона кино мебинем), ман хомуш мондам, поямро кашидам ва фикр кардам, ки шояд тасодуфан шудааст, аммо хеле нороҳат шудам, чунки пойҳо узви хеле маҳрамона ҳастанд ва ба ғайр аз шавҳар касе бояд ба он даст нарасонад.
Хуб, қариб расидем, ронанда ҳамаро хона ба хона мерасонад, ман шаҳри Ошро намедонистам, танҳо суроғаро ба ронанда гуфтам ва интизор будам, ки кай навбати ман мерасад, барои ман дар меҳмонхона утоқ брон шуда буд, вақте гуфтам, ки дар меҳмонхона меистам, аз ҳарфҳои худам тарсидам, ки ронанда шояд чизи дигар фикр кунад, вақте боз як занро фаровардем, ронанда боз бо дасташ поямро дошт, ман зуд поямро кашидам ва гуфтам, ки чӣ кор мекунед, дар ҷавоб гуфт, ки "ой жон эле тийишип жатамда сулуу кыз". Маро тарс фаро гирифт, оё то ҷойи даркорӣ мерасам ё не, ронанда суроғаро намеёбад, шояд 10 дақиқа гузашт, аммо ин 10 дақиқа барои ман тамоми умрро мемонад, рафту ягон чиз шавад ман чӣ кор карда метавонам, кӯча холӣ, касе нест, фикрҳои ҳархела маро азоб медод, фикр кардам, ки ором шавам, аммо нашуд, мо суроғаи меҳмонхонаеро меҷӯем, ки бояд ҷойгир шавам. Ба маъмурияти меҳмонхона занг задем ва маълум шуд, ки ронанда нодуруст фаҳмидааст ва ба дигар тараф рафтааст, асабӣ шуд, ки ба дигар ҷо рафтааст, ман гуфтам, ки хомуш бошад, маблағи иловагӣ пардохт мекунам, билохира расидем. Шояд ин ҳолат аз берун чандон глобалӣ натобад, аммо ман воқеан тарсида будам.
Вай саволҳои шахсӣ додан гирифт, шавҳар дорам ё не, аз куҷо ҳастам...
Тавассути сервизи Яндекс таксӣ даъват кардам. Ронанда марди ришдоре буд, ки тоқӣ пушида буд. Хушбахтона ронанда бо ман бадрафторӣ накард ва нишонаҳои ҳарассменти ҷинсӣ ҳам набуд. Аввал пурсид, ки оё корманди тиб нестам, чунки зебо ва дилкаш ҳастам? Ман бо оромӣ ҷавоб додам, ки не. Дар идома вай саволҳои шахсӣ додан гирифт, оё шавҳар дорам, аз куҷо ҳастам? Бо далелҳои амниятӣ гуфтам, ки чанд сол аст, ки шавҳар дорам, ҳарчанд дар асл шавҳар накардаам. Баъдан, пурсид, "афсус, шумо зебо ҳастед ва ман мехостам, ки барои ман зани дуюм шавед". Пурсид ки дар куҷо кор мекунам, барои чӣ онҷо кор мекунам, ман дигар ба саволҳояш ҷавоб надодам. Баъдан ӯ дидгоҳи динии худро ба ман бор карданӣ шуд ва гуфт, ки бисёрҳамсарӣ таҷрибаи маъмулӣ ҳаст, духтарон бояд чунин бошанду чунон бошанд ва монанди ин. Ман хомуш будам, то ки бо ӯ баҳс накунам ва то ҷойи даркорӣ бидуни мушкил бирасам, ҳамин тариқ ба вай фаҳмониданӣ шудам, ки моил нестам ба саволҳояш ҷавоб диҳам. Ман хоҳиш кардам, ки 200 метр дуртар аз ҷойе, ки бояд мерафтам, мошинро нигоҳ дорад. Баъди ин ҳодиса дигар аз амнияти худ хавф доштам, чунки ин ронанда маро аз назди хонаам ба кор бурд. Ба хадамоти хизматрасонии таксӣ муроҷиат кардам, онҳо гуфтанд, ки бо ронанда гап мезананд. Истифода аз хизматрасонии таксӣ дар ҳоле ки худро руҳан ба саволҳои бешумори ношоиста омода мекунӣ ва ҳатто баъзан метарсӣ, ки ҳарфе бигӯӣ ва хомушу ором меравӣ, то ба ҷойи даркориат бирасӣ, хеле даҳшатовар аст:(
Тақрибан дар миёнаҳои сафар ронанда дар бораи зиндагии хусусии дугонаам пурсидан гирифтааст...
Дар асл ин воқеа бо дугонаам рӯй додааст. Вай ба мулоқот дер монда ва тасмим гирифтааст, ки таксӣ даъват кунад. Ронанда як марди осиёии тақрибан 50-55-сола будааст. Тақрибан дар миёнаҳои сафар ронанда дар бораи зиндагии хусусии дугонаам пурсидан гирифтааст: оё дӯстписар дорад ё не ва чаро? Дугонаам, росташро гуфтааст, ки дӯстписар надорад, чунки фикр кардааст, мард ин ҳамаро аз дилсӯзии "падарона" мепурсад. Ва тақрибан баъди ҷавоби ӯ талоши ҷалби таваҷҷуҳи дугонаам сар шудааст, пешниҳод кардааст, ки ӯро ба сайругашт барад. Дугонаам маҷбур шудааст, ки ин ҳама гаппартоиҳои ронандаро то расидан ба ҷойи даркориаш таҳаммул кунад. Аммо ҳатто баъди он ки дугонаам аз мошин фаромадааст, мард тамоми рӯз ба ӯ занг задааст.
Дар мошин 5 мард ва ман нишаста будем. Дар паҳлӯи ман як ҷавон менишаст...
Дар мошин 5 мард ва ман нишаста будем. Дар паҳлӯи ман як ҷавон менишаст. Шаб вақте хоб будам, ҳис кардам, ки касе зонуҳои маро молиш медиҳад. Дар аввал фикр кардам, ки шояд ба назари ман чунин намудааст. Аммо баъдан фаҳмидам, ки ин кори ҳамон ҷавон аст. Ҳаво торик буд. Ман бо садои паст гуфтам, ки бас кунад. Аммо ин кор такрор шудан гирифт. Ин бор бо садои баланд ва бо ғазаб гуфтам, ки бас кунад. Мардони дигар шояд фаҳмиданд, аммо чизе нагуфтанд. Ҷавон дигар ин амалашро такрор накард. Ва вақте ки барои ҳавохурӣ аз таксӣ баромадем, ӯ гуфт: "Мебахшӣ, ман маъмулан ором хоб карда наметавонам".
Ман худамро нотавон ва истифодашуда, ҳатто ифлос ҳис кардам. Ва афсус хурдам, ки ҳанӯз дар аввал тарафи ӯ дод назадам ва ба ронандаи таксӣ нагуфтам, чунки дар аввал ҳатто бо назардошти вазъи ботинӣ ман ҳатто калимаи "бас кун"-ро оромона гуфтам. Дар асл ман ҳоло ҳам намедонам, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ кор бояд кард. Аммо аниқ аст, ки набояд хомуш истод.
Тобистон буд, ман ба ҳайси пешхизмат кор мекардам ва аз кор дер мебаромадам...
Тобистон буд, ман ба ҳайси пешхизмат кор мекардам ва аз кор дер мебаромадам, соати 12-и шаб таксӣ даъват кардам, чун тавозуни телефони ман кофӣ набуд, аз телефони ҳамкорам таксӣ фармоиш додам.
Ба кӯча танҳо баромадам, касе маро гусел накард. Чун аз ин пеш бо чунин ҳолат дучор наомада будам, тарс надоштам. Дар курсии пеши паҳлӯи ронанда нишастам. Албатта ман дар бораи чунин ҳолатҳо шунида будам ва медонистам, аммо тавре ҳамеша мешавад, фикр мекардам, ки бо ман чунин иттифоқ намеафтад. Ман дар мошин нишастам ва ҳаракат кардем. Ронанда миёнасол буд. Ҳамин ки мошин ба роҳ баромад, ӯ ном, сину сол, бо кӣ зиндагӣ карданам ва монанди инҳоро пурсид. Ман хаста будам ва ба саволҳо ҷавоб надодам. Аз ин хотир, ӯ асосан дар бораи худаш гап зад. Номашро гуфт, гуфт ки зан дорад ва марди поквиҷдоне ҳаст, аммо суҳбатҳояш ҳарчӣ бештар мазмуни маҳрамона мегирифтанд. Пурсид ки оё романтик ҳастам ё не, бо касе муносибат доштам ё не ва оё намехоҳам ягон чизи навро таҷриба кунам? Ҳамзамон пайваста такрор мекард, ки одами ботартибу поквиҷдон аст, аммо хаста шудааст ва мехоҳад як рӯз ҳама чиро фаромуш карда, онро бо духтаре мисли ман гузаронад. Шояд ин идея ба ӯ писанд омад, ки аз роҳи асосӣ баромада, самти ҳаракатро дигар кард. Ман тарсидам ва кушиш кардам бо садои ором бигӯям, ки маро дар хона интизоранд. Аммо ӯ ҷавоб дод, ки ҳеч гап не, мо зуд тамом мекунем. Тавозуни телефони ман тамом шуда буд ва наметавонистам ба ягон кас занг занам. Баъди чанд дақиқа мо ба ҷойе расидем, ки танҳо дарахтон буданд. Мошин, хона ва ягон чизи дигар набуд. Ӯ мошинро нигоҳ дошт. Ба тарафи ман баргашт ва гуфт, ки танҳо як романтикаи хурдакак ташкил мекунем. Баъд аз мошин фаромада, рӯйи капоти пеши мошин нишасту атрофро мушоҳида кард. Баъд маро назди худаш ҷеғ зад. Ман дар ҳолати ваҳму даҳшат қарор доштам. Тақрибан ду дақиқа дар берун интизор шуд. Баъдан ба хашм омад ва боз маро даъват кард, то ситораҳоро нишон бидиҳад. Баъд ба назди мошин омада, дарро боз кард ва дасташро тарафи ман дароз намуд. Ман такон нахӯрдам. Садои ман меларзид ва ашкҳо аз чашмонам ҷорӣ шуданд, ҳарчанд кушиш кардам, ки гиря накунам. Ӯ худро болои ман партофта тасмаи бехатариро кушод ва хост ки маҷбуран маро аз мошин фарорад. Он лаҳзаро хуб дар ёд надорам, аммо миёни мо муборизаи кутоҳе ба вуқӯъ пайваст. Ман муваффақ шудам, ки ӯро тела диҳам. Аммо дар чашмонаш қаҳру ғазабро мушоҳида кардам. Сахт дар ғазаб шуд, каме дар фикр афтода ба мошин нишаст. Мо дубора ба роҳи калон баромадем. Ман хоҳиш кардам, ки мошинро нигоҳ дорад ва аз мошин фаромадам. Ӯ зуд мошинро ронда рафт. Ман пиёда ба хона рафтам. Ба ёд надорам, ки то хона чӣ хел расидам. Чанд ҷойи либосҳоям дарида буд. Мӯйҳоям парешон. Он вақт ман ҳамроҳи дугонаам зиндагӣ мекардам, ҳамин ки ба хона расидам, маро ваҳшат фаро гирифт. Субҳи дигар аз кор рафтам ва дигар ҳеч вақт пешхизмат шуда кор накардам. Дигар ягон бор танҳо дар таксӣ нанишастам. Чанд моҳ дар ҳолати афсурдагӣ қарор доштам. Ба волидонам чизе нагуфтам. Танҳо ба дугонаам, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекардам, гуфтаму тамом. Мехостам ба милиса муроҷиат кунам, аммо чун ба мушкили дугонаам, ки ба чунин ҳолат афтода буд, расидагӣ нашуд, аз раъйам баргаштам. Ҳоло, бо гузашти ду сол метавонам каму беш дар бораи ин ҳодиса нақл кунам. Ман ҳатто метарсам тасаввур кунам, ки ҳолати духтароне, ки воқеан мавриди таҷовуз қарор мегиранд, чӣ мешавад.
Шабона аз шабнишинӣ бармегаштам, ронанда бӯи машруботро эҳсос намуда, фикр кард, ки метавонад аз фурсат истифода кунад...
Шабона аз шабнишинӣ бармегаштам, ронанда бӯи машруботро эҳсос намуда, фикр кард, ки метавонад аз фурсат истифода кунад, вақте ба назди хона овард, ҳисобномаро хомуш карда, зуд мошинро ба тарафи дигар ронд, аз хонаи ман ду се бино онтарафтар мошинро нигоҳ дошт, дарҳои мошинро баст, курсиро поин фароварда, "шиносшавӣ"-ро сар кард. Чанд соат маро дар мошин нигоҳ дошта, нақл кард, ки ба вай чӣ хел духтарон маъқуланду чӣ хелаш не, баъдан пас аз маслиҳатҳои зиёд маро ба назди хона овард. Ӯ рақамҳои маро ҳифз карда буд, чун дар барномаи хадамоти таксӣ он намоён мешавад, дар мессенҷер менавишт, ки пазмон шудааст ва мехоҳад маро дубора бубинад. Ман ба маъмурияти ширкати таксӣ шикоят кардам, акси паёмҳои навиштаашро ирсол кардам ва вазъиятро навиштам, онҳо маслиҳат доданд, ки ба милиса ариза нависам, чун онҳо намедонанд ки чӣ кор кунанд. Ман фикр кардам, ки агар ба милиса шикоят кунам, чӣ мегӯям? Дар қонунҳои мо мафҳуми ҳарассмент нест, ба эҳтимоли зиёд онҳо ӯро ҷавони романтик меноманду халос. Ва агар ӯро ба шуъба даъват кунанд, бо ӯ дар бораи рафтораш суҳбат мекунанд ва бо ҳамин тамом, ӯ бошад суроғаи ҷойи зист ва телефони маро медонад ва метавонад маро таъқиб кунад.
Ронандаи таксӣ хеле меҳрубон буд, то хона расонд. Аммо вақте расидем гуфт, ки ман дилкаш ҳастам ва оё намехоҳам, ки сафарро идома диҳем...
Пас аз клуб барои хона рафтан, таксӣ даъват кардам. Нушида будам. Ронандаи таксӣ хеле меҳрубон буд, то хона расонд. Аммо вақте расидем гуфт, ки ман дилкаш ҳастам ва оё намехоҳам, ки сафарро идома диҳем? Ман гуфтам, ки падарам маро пешвоз мегирад ва вонамуд кардам, ки ба ӯ занг мезанам. Ӯ назди хона омад, аммо дарҳоро баст ва маро бовар кунониданӣ мешуд, ки чизеро бой намедиҳам ва кушиш кард, ки ба пойҳои ман даст расонад. Ман ба оромӣ гуфтам, ки бояд хона равам. Ӯ маро гӯш накард. Ҳамин тавр дар мошини дарҳояш баста чанд дақиқа истодем, баъд ӯ гуфт ки роҳро идома медиҳем. Ман гуфтам, ки ҳоло падарам меояд ва мебинад, ки ҳанӯз дар дохили мошин ҳастам маро ҷанг мекунад. Вай истод. Ман гуфтам, беҳтараш худам ба хона рафта, пулро гирифта меоям. Ӯ гуфт, ки мешавад ва дарҳоро боз кард, ман ба хона даромадам. Ман он вақт танҳо зиндагӣ мекардам ва ӯ дид ки ман ба кадом дарвоза даромадам. Ман сахт тарсидам, ки агар роҳкироро пардохт накунам ба хона омада ва мебинад, ки ман танҳо зиндагӣ мекунам. Ман пулро гирифта онро аз тирезаи мошин дароз кардаму зуд баргашта дарвозаро маҳкам кардам. Баъди ду рӯз ӯ маро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кард ва дар ҳама ҷо ба саҳфаи ман обуна шуда, менавишт, ки "салом, чӣ хел ҳастӣ?" кай вомехӯрем?". Ман ба ягон навиштааш ҷавоб надодам. Баъди чанд ҳафта дигар нанавишт...
Тарс, дард, нотавонӣ, танҳоӣ. Ман намехостам, ки аз хона бароям, дар таксӣ танҳо наменишастам. Намедонистам, ки чӣ кор кунам, ба касе нақл накардам, чунки метарсидам, ки худи маро гунаҳкор мекунанд. Ҳоло ҳам фикр мекунам, ки худи маро гунаҳкор медонанд, аммо ҳоло дигар парво надорам. Ман ҳоло танҳо дар курсии қафои таксӣ мешинам, дар курсии пушти ронанда, дар бархе мошинҳо кушиш мекунам, ки бо ангуштонам тугмаи басташавии дарҳоро дошта истам (медонам ки ин кор камтаъсир аст, аммо ба ҳар ҳол чунин мекунам), инчунин интихоби таксӣ ҳам барои ман ҳатмӣ аст – ин бояд хадамоти таксие бошад, ки дар он маълумоти ронандаҳо ва мошинҳо навишта шудааст. Бигзор ин ширкатҳо арзиши гаронтар дошта бошанд, аммо дар онҳо худамро бехатар эҳсос мекунам, маълумот дар бораи ронанда ва мошинро ба дугона ва дӯстонам мефиристам. Ман кушиш мекунам, ки баъди торик шудан танҳо ва дар ҳолати сархушӣ ба хона наравам.
Тасмим гирифтам, ки аз назди Бишкек Парк таксӣ нигоҳ дорам...
Мо муваққатан дар хонае дар пушти маркази савдои Бишкек Парк зиндагӣ мекардем, дар соатҳое, ки мардум дарсу кор мераванд ё бармегарданд, таксиҳо намеомаданд, тасмим гирифтам, ки аз назди Бишкек Парк таксӣ нигоҳ дорам. Соат 8-и шом буд, бояд то Фурушгоҳи марказӣ мерафтам, онҷо дугонаам маро мунтазир буд, дар аввал ҳама чӣ ором буд, аммо вақте расидему ҳисобӣ кардам, ронанда дарҳоро баст, ман тарсидам, хушбахтона дар курсии қафо нишаста будам, дугонаам занг зад, ман гуфтам, ки расидам, дар мошини сурх ҳастам, ронанда гуфт, ки рақамҳои телефонатро те, шояд боз вомехӯрем, ман гуфтам, мебахшед, ман шавҳар дорам, оҳанги садои ӯ тағйир ёфт, шавҳар дорӣ боз сайругашт мебароӣ, ман ба ту бовар намекунам, маро тарс фаро гирифта буд, хайрият дугонаам мошинро пайдо кард ва дарро кушоданӣ шуд (тақ-тақ кард), ман зуд аз мошин фаромадам, баъдан сахт пушаймон шудам, ки аз кӯча мошин нигоҳ доштам.
Аз назди дугонаам баромадам, дар таксӣ нишастам. Дар роҳ аз ину он суҳбат кардем, вақте расидем, гуфтам, ки барои овардани пул меравам...
Аз назди дугонаам баромадам, дар таксӣ нишастам. Дар роҳ аз ину он суҳбат кардем, вақте расидем, гуфтам ки барои овардани пул меравам, чунки бо худам пули нақд надоштам. Аммо ӯ ба қафо баргашта, дасташро рӯи зонуям гузошту гуфт: "Ҷон, шояд маслиҳат мекунем ва каме машғул мешавем?" Ман сахт тарсидам, аммо кушиш кардам, ки нишон надиҳам, гуфтам ки пулро гирифта бармегардам. Аз мошин фаромадам, ӯ аз пасам фаромад. Ман зуд ба даромадгоҳи бино ворид шудам. Аммо ҷуръат накардам, ки дубора берун бароям.
Ба кор дер мекардам, маҷбур шудам, таксии "боэътимод"-и Яндексро даъват кунам...
27-сола будам, ҳоло 28-сола ҳастам. ҶҚ, Бишкек. Ба кор дер мекардам, маҷбур шудам таксии "боэътимод"-и Яндексро даъват кунам. Ронанда ҷавони тозаву озодае буд, ки донишгоҳи Ала-тооро хатм кардааст. Дар бораи таълим ва муҳим будани донистани забонҳо суҳбат кардем. Мисле ки суҳбатҳо дар мавзӯи нейтралӣ буд. Сафар тӯлонӣ набуд, аз ин рӯ суҳбат низ кутоҳ шуд. Шом аз ин ронанда паёмакҳо омадан гирифт. Ман навиштам, ки дӯстписар дорам, аммо ин чиз ӯро бознадошт ва мунтазам менавишт ва аксҳои хусусияти порнографидошта равон мекард. Ман хавф доштам, ки метавонад маро дунбол кунад, чун ҷойи истиқомати маро медонад. Акнун дигар бо ронандаҳои таксӣ суҳбат намекунам, гӯширо мегузорам ва вонамуд мекунам, ки мусиқӣ гӯш дорам.
Дар ҷашни мавлуди дугонаам дар тарабхона ҳамин хел шуд, ки зиёд нушидам. Кадоме аз шиносҳо таксӣ даъват кард ва маро танҳо дар он шинонд...
Дар ҷашни мавлуди дугонаам дар тарабхона ҳамин хел шуд, ки зиёд нушидам. Чунин ҳолат хеле кам мешавад, аммо он шаб аз ҳад зиёд нушидам. Мисле ки дар пой намеистодам. Кадоме аз шиносҳо таксӣ даъват кард ва маро танҳо дар он шинонд. Гумонам ронанда дидаст, ки ман худамро бад ҳис мекунам, ман намедидам, ки мо куҷо меравем, ҳарчанд то хона 10 дақиқаина роҳ буд. Як вақт ман аз тиреза нигоҳ карда дидам, ки ба кадом як ҷойи дигар рафтаем, ба як минтақаи шахсӣ, ки касе набуд. Ӯ мошинро нигоҳ дошт ва талаб кард, ки гӯиё барои ҳавохурӣ фароям, то мошинро ҷазир накунам. Дар ин лаҳза ӯ маро аз қафо ба оғуш кашид. Баъдан дубора дар курсии қафои мошин шинонд ва худаш дар паҳлӯям нишасту пойҳоямро молиш додан гирифт. Сахт тарсидам, ба ҳолати аз ин бадтар омода будам, аммо худамро ба даст гирифта бо оҳанги пур аз ғазаб гуфтам, ки "маро ба хона бар". Вай мисле ки тарсид ва рафта дар ҷойи худ нишасту маро ба хона расонд. Дар роҳ мегуфт, ки ту худат ба ман дарафтодӣ, худат хостӣ ва монанди ин. Баъдан пул хост, ҳоло ёд надорам чӣ қадар, аммо аз меъёри муқарраршуда зиёдтар.
Ба хона омадам ва зуд хобам бурдааст. Субҳ бо ин фикр бедор шудам, ки метавонистам мавриди таҷовуз қарор бигирам. Барои худам мешармидам, ки зиёд нушидам ва ин сабаби чунин як хавф шуд, аз тарафи дигар аз дӯстонам хафа шудам, ки маро танҳо дар таксӣ шинондаанд, ҳарчанд диданд, ки ман тамоман дар пой рост намеистам. Хушбахтона ин фикр ба ман кумак кард, ки ягон ҳолат ва ё либос сабаби сафед кардани таҷовузкор намешавад.
Субҳи барвақт ман мошин нигоҳ доштам, то ба хонаи дӯстписари собиқам рафта, чизу чораамро бигирам. Телефон заряд надошт. Таксӣ навиштаҷоти яндекс таксӣ дошт...
Субҳи барвақт (соати 7) ман мошин нигоҳ доштам, то ба хонаи дӯстписари собиқам рафта, чизу чораамро бигирам. Телефон заряд надошт. Таксӣ навиштаҷоти яндекс таксӣ дошт. Вақте расидем ман рафта дарро тақ-тақ кардам, мисле ки дар хона касе набуд ва баргаштам. Дар роҳ маро хоб бурд. Вақте бедор шудам, мошин истодааст ва ронандаи таксӣ дарро кушода маро бедор мекард, мо берун аз шаҳр будем. Ӯ маро бедор карда бепарда гуфт, ки маро мехоҳад ва муҳим аст, ки ман бедор бошам. Ман сахт тарсидам, гуфтам, ки рақами мошинро дар хотир гирифтаам ва ба милиса хабар медиҳам; агар мехоҳад ки дар озодӣ бошад, зуд маро ба шаҳр барад.
Мисле ки ин чиз кор дод ва маро ба ҷойи даркорӣ бурд. Тамоми роҳ бахшиш пурсид, ман гиря мекардам. Барои ман хеле вақт лозим шуд, ки ин ҳолат бартараф шавад, бидуни кумаки равоншинос ин кор душвор мебуд.