Қирғизистон:
"Гӯиё ғарқаи нопокӣ карда бошанд"
Виктория 24 сол дорад. Ӯ дар яке аз мағозаҳои шаҳри Бишкек ба ҳайси мушовир кор мекунад. Имрӯз ҳам то дер дар ҷойи кор хоҳад буд. Мошин надорад, аз ин рӯ дар чунин ҳолатҳо маҷбур аст бо таксӣ ба хона биравад.
«Аз интизор шудани нақлиёти ҷамъиятӣ, ки шабона ҷадвали бетартиби корӣ доранд, таксӣ амнтар аст»,-мегӯяд ӯ.

Яке аз чунин рӯзҳо, ки то дер дар ҷойи кор масруф буд, ба хадамоти таксӣ занг зада, мошин фармоиш дод.

«Ронандаи таксӣ марди сину солаш ба ҷойе расидае буд, ҳанӯз аз оғози роҳ маълум буд, ки зиёд мехоҳад суҳбат кунад. Аммо ман ҳамеша ҷонибдори он ҳастам, ки дар таксӣ хомуш бошам. Билохира ӯ ба пурсидан шурӯъ кард: чандсола ҳастам, чаро ин қадар ҷавон менамоям. Ба гуфтани суханҳои ғайриахлоқӣ пардохт, ки агар ҷавон мебуд... Баъдан ба таъоруфҳои ноҷо сар кард, пасон танқидро шурӯъ карда, дар бораи намуди зоҳирии ман ҳарф зад. Ман то расидан ба хона хомуш будам, вақте аз мошин поин шудам, ин эҳсосро доштам, ки гӯиё ғарқаи нопокӣ карда бошанд»,-нақл мекунад Виктория.

Ӯ мегӯяд, ин ягона ҳолате нест, ки аз ҷониби ронандаи таксӣ носазо шунидааст.

«Ҳоло дақиқ ёд надорам, ки чӣ гуфтаанд, аммо худамро хеле нороҳат эҳсос карда будам»,-илова мекунад Виктория.
Натиҷаи бадтаринро барои худам тасаввур кардам
«Боре пас аз ҳамнишинии шабона бо ҳамкорон таксӣ фармоиш додам,- мегӯяд Айдай. – Дер шуда буд, аммо дар кӯча ҳанӯз мошинҳо ҳаракат мекарданд, одамон сайругашт доштанд. Ҳамсабақам гуфт, ки маро гусел мекунад. Вақте таксӣ омад, вай гуфт, ки рақамҳои мошинро дар хотир гирифтааст ва хоҳиш кард, бо маҳзи расидан ба хона барояш нависам. Мо хайрухуш кардем ва мошин ба ҳаракат даромад. Вақте дар чароғаки роҳнамо истодем, ронанда ба қафо нигарист ва пурсид: "Барои чӣ ӯ рақамҳои мошинро ба хотир гирифт?". "Шояд барои амният", - ҷавоб додам ман. "Ӯ фикр мекунад, ки ман шуморо мекушам?"- пурсид вай. Намедонистам ки чӣ ҷавоб бидиҳам ва воқеан ин лаҳза ҳолати тарс маро фаро гирифт».
Баъди ин ҳолат Айдай ҳамеша вақте то дер дар ҷойи кор мемонад, ба пайвандонаш занг зада хоҳиш мекунад, ки ӯро пешвоз бигиранд.

«Он шаб ронанда дигар ҳарфе нагуфт, ман ҳам. Ӯ ҳеч кори баде анҷом надод – таҳқир накард, таҳдид накард, - аммо ин савол, ки ман зуд натиҷаи бадтаринро барои худам тасаввур кардам, оромиши маро баҳам зад», - нақл мекунад Айдай.
Шикоят намекунанд, чунки хиҷолат мекашанд
Адами итминон ба амнияти шахсӣ дар таксиро чандин қиссаҳои ҳамла ба занон, ки дар хабарҳои ҷиноятӣ расонаӣ мешаванд, тақвият мебахшанд.

Моҳи ноябри соли 2018 дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое ба сайр даромад, ки дар он дида мешуд, чӣ тавр ду ҷавон духтари ҳиҷобиеро аз таксии Honda Fit озод карданд. Духтарро ронандаи 49-солае бо зӯр дар мошин нигоҳ медошт. Ин ҳодиса дар шаҳри Бишкек замоне ба вуқӯъ пайваст, ки шабона духтар ба хонаашон бармегашт. Дар назди ӯ мошине меистад ва ронанда пешниҳод мекунад, ки ӯро то ҷойи лозим мерасонад.

Ҳаво сарду торик буд ва духтар дар бораи чизе фикр накарда, ба мошин савор мешавад. Ронанда ба ӯ ҳамла карда, мехоҳад либосҳояшро бикашад ва ӯро таҷовуз кунад. Роҳгузарон садои духтарро, ки ба ёрӣ даъват мекард, шунида, ӯро аз мошин берун мекунанд. Баъди чанд рӯз пулис ронандаи таксиро боздошт кард ва танҳо баъди ин духтар аризаи шикоятӣ навишт.

Он вақт пулис хабар дода буд, ки дар аввал духтарак нахост, ки шикоят нависад, чунки хиҷолат мекашид. Баъди боздошт ва ду моҳ ба ҳабс гирифтани ронанда ва дар ВАО паҳн шудани ин хабар, боз ду зани дигари ҷабрдида ба пулис муроҷиат кардаанд.

Маълум гардид, ки ин ронандаи таксӣ пас аз ду рӯзи талоши аввали худ барои таҷовуз кушиш кардааст, дар канори шаҳр дар дохили мошинаш ба номуси як духтари 29-сола дастдарозӣ кунад.

Ҷабрдидаи дигар бошад, гуфтааст, ин ронанда талош карда буд, моҳи феврали соли 2018 ӯро таҷовуз кунад.

"Он вақт зан фикр кардааст, ки ронандаро пайдо намекунанд ва аз ин хотир ба пулис муроҷиат накардааст. Танҳо баъди он ки охирҳои моҳи ноябр дар хабарҳо ронандаро шинохтааст, барои навиштани шикоят омадааст",-иттилоъ дод пулис.

Ин қиссаҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр бархе занон шикоят накардан дар мавриди ҳолатҳои талоши таҷовуз ба номусро авло медонанд. Дар ҳамин ҳол, бадрафторӣ дар таксӣ ба ғайр аз сӯи духтароне, ки бо ин ҳолат дучор шудаанд, аз ҷониби касе ба қайд гирифта намешавад.
Соли 2019 Анҷумани занони додраси Қирғизистон дар бораи бадрафтории ҷинсӣ, ки дар донишгоҳҳо ва ҷойҳои кор сурат гирифтаанд, пажуҳиш анҷом дод.

Ин пажуҳиш маълум карда, ки дар ҳолати бо озору азияти ҷинсӣ дучор шудан занон аз дугонаҳо, дӯстон, хонавода ва наздиконашон ёрӣ ва маслиҳат мепурсанд. Дар ҳамин ҳол, ягон ҳолати муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин пажуҳиш зикр нашудааст.

"Ба назари пурсидашудаҳо, ҳангоми шикоят аз бадрафтории ҷинсӣ дар бештари маврид худи ҷабрдидаро гунаҳкор медонанд, ки гӯиё бо рафтори худ сабаби ба вуқуъ пайвастани ин ҳолат шудааст. Ин далели аслии ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накардани ҷабрдидаҳо мебошад",-гуфта мешавад дар пажуҳиш.

Маҳз аз тарси паҳн шудани ҳолатҳои бардрафтории ҷинсӣ ва ташаккули ин афкори ҷомеа, ки худи зан гунаҳкор аст, сабаби бетаваҷҷуҳӣ дар муҷозоти ҷинояткор мешавад.
Мудири молии хадамоти "Намба Такси"-и Бишкек Алия Чалакеева бо чунин андеша розӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, асосан мизоҷон аз рафтори дурушти бархе ронандаҳо шикоят мекунанд, аммо давоми се соли ахир танҳо 3-4 шикоят дар мавриди озору азият расидаасту халос.

Алия Чалакеева
Фото: личный архив
"Набояд истисно кард, ки занон дар мавриди чунин ҳолатҳо хомӯширо ихтиёр мекунанд ва дар ин бора муроҷиат намекунанд. Агар мизоҷоне, ки ҳангоми одитарин муносибати дурушт ба хадамот занг зананд, тамоси онҳо ба шӯъбаи назорати сифат ирсол ва онҷо ба ин шикоят расидагӣ мешавад. Ончӣ ба бадрафторӣ марбут аст, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки омили менталитет нақши асосӣ дорад ва бисёриҳо кушиш мекунанд, дар бораи чунин ҳолатҳо ҳарф назананд",-мегӯяд Чалакеева.
Хадамоти "Намба Такси", ки ҳоло ҳамчун "Би Такси" маъруф аст, инак ҳашт сол мешавад, ки дар Қирғизистон фаъолият дорад. Дар Бишкек ин хадамот беш аз 10 ҳазор ронанда дорад.

"Дар тамоми мошинҳои мо GPS насб шудааст, ки имкон медиҳад, мушоҳида кунем, ки мошин дар кадом масир ҳаракат кардааст. Интихоби ронандаҳо бар души шӯъбаи нақлиёт аст. Агар касе барои кор биёяд, менеҷерҳо ӯро меомӯзонанд, мо варақаҳо дорем, ки онҷо пурра фаҳмонида шудааст, ки чӣ тавр бояд аз замимаи мобилии хадамот истифода кард, ба мусофирон чӣ гуфтан мумкин нест ва чиро бояд гуфт. Инчунин мизоҷони доимии мо медонанд, ки барои муроҷиату шикоятҳо шӯъбаи назорати сифат дорем", - илова кард Чалакеева.

Ӯ меафзояд, бештари шикоятҳо аз тарафи занҳо мерасанд, ҳолатҳои моҷароӣ бошанд, асосан ба соатҳои асосӣ -- аз 8 то 10 ва аз 16 то 20 рост меоянд.

"Дар ин вақт тамоми хадамоти таксӣ серкоранд. Ронандаҳо фармоишоти зиёд мегирад ва мусофирон ҳам пас аз интизории зиёд шояд дар ҳолати асабонӣ қарор доранд. Аз ин хотир маҳз дар ҳамин вақту соатҳо ҳолатҳои нофаҳмӣ сар мезанад",-мегӯяд Чалакеева.

Ба андешаи раҳбари маркази буҳронии "Шанс" Елена Ткачева, соли равон ба маркази онҳо ягон муроҷиат дар мавриди бадрафторӣ дар таксӣ ворид нашудааст, аммо чанд сол пеш чунин ҳолатҳо буданд.

Елена Ткачева
Фото из интернета
"Хадамоти таксӣ бояд барои ронандаҳои худ дастурамал дуруст кунанд, на ин ки онҳоро бар асоси меъёри "наменӯшад, тамоку намекашад, мошин дорад" ба кор бигиранд. Ронанда дар ҳолати анҷоми вазифааш қарор дорад, мусофирон метавонанд гуногун бошанд, аммо дар дилхоҳ вазъият ронанда бояд худашро идора карда тавонад",-таъкид мекунад Ткачева.

Ба гуфтаи ӯ, ба ронандаҳо на танҳо қоидаҳои рафтору ҳаракат, балки ҳассосияти гендерӣ ҳам бояд омӯзонида шаванд, чунки онҳо метавонанд на танҳо бадрафторӣ кунанд, балки дашному ҳақорат бидиҳанд.
"Муҳимтарин чизе, ки мо метавонем барои пешгирии бадрафторӣ анҷом бидиҳем, ин тақвият додани интихоби бодиққати ронандаҳо, инчунин ба омӯзонидану омодагии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардан мебошад, чунки мо барои сафари бароҳати мусофирон масъул ҳастем",-мегӯяд директори хадамоти таксӣ Чалакеева.

Вай афзуд, хадамоти таксӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳфаи худро дорад, ки ҳар нафар метавонад муроҷиату шикояти худро нависад.

Алия Чалакеева
Фото: личный архив
"Агар бо рафтори ноҷои ронанда дучор шуда, намехоҳед, ки вазъияти моҷароӣ ба вуҷуд биёяд, метавонед пас аз анҷоми сафар ба "хадамоти тамос" занг бизанед. Шахсан тавсия медодам, ки ба иғво дода нашавед, ба саволҳои ноҷои ронанда ҷавоб нагардонед ва ба маҳзи ошкор шудани далели рафтори ноҷои ронанда фавран ба "хадамоти тамос" занг бизанед", - илова мекунад Алия Чалакеева.
Чӣ тавр бояд худро аз бадрафторӣ ҳифз кард?
Далелҳои озору азият ё бадрафтории ҷинсиро собит кардан душвор аст. Агар шумо дар таксӣ танҳо будед, пас шоҳиде надоред, ҳеч нақши физикии бадрафторӣ вуҷуд надорад, на сабти садо ҳаст, на видео.

Ҳуқуқшинос Элвира Тилек-қизӣ таъкид мекунад, ки дар қонунгузории Қирғизистон мафҳуми "бадрафторӣ" пурра ифшо нашудааст.

Масалан, дар қонун "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардон ва занон" мафҳуми "озори ҷинсӣ" зикр мешавад.
Озори ҷинсӣ - амали хусусияти ҷинсии шифоҳӣ ва ё ҷинсиест, ки ба паст задан ё таҳқири афроде равона шудааст, ки дар вобастагии меҳнатӣ, молӣ, оилавӣ ё вобастагии дигар қарор доранд".
"Агар бадрафторӣ дар таксиро бигирем, пас чунин ҳолатҳо метавонанд ба таърифи мазкур комилан мувофиқат накунанд. Он ҳамчунин озору азият дар кӯчаро, ки дар ҳама ҷо ба вуқӯъ мепайвандад, фаро намегирад",-изҳор медорад Тилек-қизӣ.

Бар илова, дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон моддаи 163 – дар бораи маҷбур кардан ба амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ ҳаст:

"Маҷбур кардани шахс ба алоқаи ҷинсӣ, ҳамҷинсгароӣ ва ё анҷом додани амалҳои дигари хусусияти шаҳвонидошта бо роҳи шантаж ва ё истифодаи вобастагии модӣ ё вобастагии дигари ҷабрдида, дар сурати набудани аломатҳои ҷиноят".

Барои анҷоми ин ҷиноят чунин ҷазоҳо муайян шудааст: маҳрум кардан аз ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян аз 4 то 5 сол; корҳои ислоҳӣ аз 280 то 360 соат; ҷарима - барои шахсони воқеӣ ҳудуди 125 доллари ИМА, барои шахсони ҳуқуқӣ 350 доллари ИМА ва ё маҳрум кардан аз озодӣ то 2,5 сол.

"Агар ҳолатҳои бадрафторӣ дар таксиро мисол бизанем, пас маҷбур кардан танҳо ин метавонад бошад, ки ронандаи таксӣ пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ кунад, либосҳояшро бикашад ва дарҳоро бубандад. Танҳо маҷбур кардан ба амалҳои хусусияти шаҳвонидошта нақзи қонун шумурда мешавад, ки барои он маҳрумият аз озодӣ [ред.: то 2,6 сол] муайян шудааст, ки хеле кам аст. Далели маҷбур карданро исбот кардан хеле душвор аст, шавоҳиди қавӣ лозим аст ва агар шоҳидҳо набошанд, пас ба эҳтимоли зиёд парванда то охир тафтиш намешавад ва қатъ мегардад", - таъкид мекунад ҳуқуқшинос.
Элвира Тилек-қизӣ яке аз омилҳои муассир набудани қонунҳоро адами мафҳуми "бадрафторӣ" ва шарҳи тафовути бадрафторӣ аз бадрафтории ҷинсӣ медонад.

Эльвира
Тилек кызы
Фото: личный архив
"Дар қонунҳои мо бадрафторӣ амали хусусияти шаҳвонидошта аз ҷониби роҳбар ва ё дигар шахсоне фаҳмида мешавад, ки ҷабрдида аз нигоҳи иқтисодӣ аз вай вобаста аст, аммо ин далел ба назар гирифта намешавад, ки бадрафторӣ метавонад аз ҷониби ҳамкорони дигар, аз ҷониби шахсони бегона дар кӯча, дар таксӣ анҷом шавад. Ҳоло мо наметавонем ин мушкилро ҳал кунем, аз ин хотир бояд қонунҳоро аз нав дида бароем", - мегӯяд Элвира Тилек-қизӣ.
Ба гуфтаи вай, бояд қонуне қабул карда шавад, ки дар он механизми мубориза бо табъиз аз рӯи хусусиятҳои гуногун, аз ҷумла аломатҳои ҷинсӣ ҳам навишта шавад.

Бар илова, ӯ ба зарурати тағйир додани таҷрибаи баррасии чунин парвандаҳо таъкид мекунад.

Ҷабрдидаҳои озору азият ё бадрафторӣ бо чанд сабаб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунанд, аммо ба гуфтаи ҳуқуқшинос худи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ба тафтиши чунин парвандаҳо манфиатдор нестанд.

"Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин аризаҳоро қабул намекунанд, чунки дар онҳо ҳам стреотипҳои ҷинсӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ бояд ҳарчи бештар ин мушкил инъикос карда шавад, то дар бораи он зиёдтар гуфта шавад",-мегӯяд Элвира Тилек-қизӣ.
Раҳбари маркази буҳронии "Шанс" Елена Ткачева тавсия медиҳад, ки барои таъмини амният бояд аз хадамоти расмии таксӣ истифода кард.

Елена Ткачева
Фото из интернета
"Онҳо масири ҳаракатро назорат ва расидан ба макони фармоишшударо сабт мекунанд. Агар кадом чизе ба вуқӯъ пайваст метавонед ба оператор тамос гирифта, шикоят кунед", - мегӯяд Ткачева.

Инчунин барои бехатарӣ тавсия дода мешавад, ки дар курсии пушти ронанда биншинед.

"Агар ронанда бо шумо суҳбат кунад, бояд ӯро ҳушдор бидиҳед, ки "хомуш бошед". Бо ин ибора мо ба худамон мефаҳмонем, ки аз вазъияти боварӣ берун шуда, вориди вазъияти омодагӣ ба он мешавем, ки кадом амалеро минбаъд иҷро кунем. Агар ронанда боз ҳам идома бидиҳад, пас мо мегӯем, ки амали ронанда марзҳои инфиродии шуморо нақз кардааст", - меафзояд Ткачева.

Ба гуфтаи ӯ, амалеро, ки марзҳои инфиродиро нақз мекунанд, мешавад ба хушунат нисбат дод.

"Одам дар таксӣ бо мақсади шинос шудан бо ронанда намешинад, балки барои он савор мешавад, ки то ҷойи лозими худ бирасад. Ва агар ронанда хомуш наистод, шумо бигӯед, ки ба пулис муроҷиат мекунед. Ба шумораи 102 тамос гирифта, мефаҳмонед, ки дар куҷо қарор доред ва ронанда нисбати шумо бадрафторӣ мекунад", - тавсия медиҳад Елена Ткачева.
Таҳиякунандагони лонгрид:
Муаллифон:
Зульфия Раисова,
Назигуль Жусупова,
Мазхаб Джумъа,
Ирина Матвиенко
Муҳаррири лонгрид:
Наталья Ли

Муаллифони идея:
Зульфия Раисова
Дастан Аккожа
Гирдоварандаи қиссаҳо:
Исмаил Карыпов,
Фарангис Давронова,
Вера Сухина,
Анастасия Черепанова,
Дастан Аккожа,
Кирилл Флаймен,
Молдир Албан
Рассом:
Насиба Каримова

Тарроҳ:
Карина Толмачева
Лонгрид дар доираи маъракаи иттилоотии "Амният дар таксиҳои Осиёи Марказӣ" таҳия шуд