Утилизатсияи мошинҳои барқӣ
Мушкиле ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло дар фикраш нестанд?
Коршиносоне ки бозори мошинҳои Осиёи Марказиро мушоҳида мекунанд, 2023-ро ҳамчун соли “равнақ”-и мошинҳои барқӣ дар хотир хоҳанд дошт. Муҳимтарин нуктае ки мақомот ҳангоми ташвиқи воридоти мошинҳои барқӣ ба он таъкид мекунанд ин аст ки чунин навъи нақлиёт барои беҳбуди вазъи муҳити зист мусоидат мекунад. Аммо мошинҳои барқиро аз нуқтаи назари экологӣ нақлиёти комилан “тоза” гуфтан мумкин аст?

Шартан «сабз»

«Ҳар қадар мошинҳои барқӣ зиёд бошанд, барои онҳо ҳамон қадар нерӯи барқ ​​зиёдтар тавлид мешавад. Нерӯи барқ бошад дар неругоҳҳои ҳароратӣ, ки бо истифода аз ангишт кор мекунанд, ҳосил мешавад. Ва ин ҷо мо ба “аз нигоҳи экологӣ тоза набудан” рӯбарӯ мешавем», - мегӯяд Алексей Алексеев, сардабири маҷаллаи «За рулем» («Пушти фармон»)-и Қазоқистон.

Дар воқеъ, тибқи маълумоти оҷонси энержии Ember, солҳои 2022-2023 дар Қазоқистон 87 дарсади нерӯи барқ ​​аз ҳисоби сӯзишвории истихроҷшаванда тавлид шудааст. Дар Узбекистон бошад, аз ин ҳам бештар – 97%. Дар Туркманистон тақрибан 100 дарсади ҳаҷми нерӯи тавлидшуда аз ҳисоби газ мебошад. Бахши энержии Тоҷикистон (90%) ва Қирғизистон (86%) аз нерӯгоҳҳои барқии обӣ вобастаанд, ки онро низ шартан метавон аз ҷиҳати экологӣ тоза номид. Хавфи асосии онҳо обанборҳо мебошанд, ки биосфераи дарёро ба куллӣ тағйир медиҳанд.
Худи аккумуляторҳо, ки мошинҳои барқии муосир тавассути онҳо ба кор андохта мешаванд, батареяҳои литий-ионӣ бо электролитҳои моеъ мебошанд. Дохили онҳо анод ва катод мавҷуд аст. Батареяҳо аз ҳамдигар бо катодашон, дақиқтар бо моддаҳое ки аз он сохташудаанд, фарқ мекунанд. Он метавонад никел, марганетс, кобалт ё фосфати оҳан бошад.
«Вақте ин унсурҳо аз замин шӯста мешаванд, энергияи зиёд сарф мешавад. Ва барои ба даст овардани энергия, масалан дар Чин, ки бузургтарин истеҳсолкунандаи батареяҳои мошинҳои барқӣ дар ҷаҳон аст, аз ангишт истифода мебаранд, на аз технологияи «сабз». Аз ин рӯ, барои арзёбии созгорӣ бо муҳити зист, бояд муайян кард, ки барои истеҳсоли он чӣ қадар энергия сарф шудааст ва он чӣ гуна энергия мебошад (аз чӣ истеҳсол шудааст)» - таъкид мекунад Санҷар Тайҷон, муҳандис, муассиси стартапи “TaiSan”, ки самти фаъолияти он коркарди аккумуляторҳои навоваронаи натрий-ионӣ мебошад.
Барои батареяҳо инчунин металҳои баландсифат лозиманд. Онҳо аз Африқо, Австралия ва Канада ба Чин ворид мешаванд ва нақлиёт, чунон ки маълум аст, ба фазо карбон сар медиҳад. Барои коркарди металҳо ва тавлиди худи батареяҳо равандҳои кимиёӣ истифода мешавад. Аз Чин, батареяҳо ба бозорҳои Амрико ва Аврупо интиқол дода мешаванд ва ҳамчунон «изи карбон» боқӣ мемонанд.

«Мушкил» кай дар мекӯбад?

Михаил Квентис, коршинос дар бахши мошинҳои барқӣ ва зерсохтори нерӯгиранда мегӯяд, батарея 5-7 сол кор мекунад. Аз ин рӯ, Қазоқистон, ки афзоиши шумораи мошинҳои барқӣ ба солҳои 2022-2023 рост омад, метавонад соли 2030 ба мушкили нобудсозӣ ё утилизатсия рӯбарӯ шавад. Ҳамин тариқ, кишварҳои дигари минтақа метавонанд бо илова кардани 5-7 сол ба соле, ки авҷи хариди мошинҳои барқӣ буд ё дар оянда мешавад, мушкилоти утилизатсияро пешгӯӣ кунанд.

Санҷар Тайҷон таъкид мекунад, ки муҳлати миёнаи кори батарея аз чӣ гуна истифода шудани он вобаста аст.
Омилҳои таъсиррасон ба муҳлати истифодаи батарея аз нигоҳи Тайҷон инҳоянд: «Чӣ қадар зуд нерӯ ​​гирифт, чанд бор суръат гирифт (ҳангоми суръат гирифтан фишор ба батарея зиёд мешавад), мошини барқӣ дар кадом ҳарорат, дар кадом иқлим истифода шудааст». Ӯ афзуд, «аммо дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки муҳлати миёнаи истифодаи он ҳашт солро ташкил медиҳад».
Дар ҳамин ҳол, ҳарду коршинос таъкид карданд, ки пас аз муҳлати ишорашуда батарея «корношоям» намешавад, онро метавон ҳамчунон мавриди истифода қарор дод, танҳо зуд-зуд бояд нерӯ дода шавад.
«Ҳатто ҳамаи «Тесла»-ҳои аввалин, ки аллакай зиёда аз 10 сол доранд, ҳанӯз ба иваз кардани батареяҳо ниёз надоранд», - илова кард Михайл Квентис.

Акс: Илья Ким

Ӯ афзуд, баъди анҷоми муҳлат батареяро зуд барои утилизатсия ё нобудсозӣ супоридан шарт нест, «бо иваз кардани унсурҳои “фарсудашуда” мешавад умри фаъолияти онро дароз кард».

Квентис бовар надорад, ки Қазоқистон ояндаи наздик бо вазъияте рӯбарӯ хоҳад шуд, ки дар ҳар гӯша “куҳҳо”-и батареяҳои истифодашуда ба миён биёянд, ҳарчанд таъсири манфии онҳо ба вазъи экологӣ имконпазир аст. Мавриди тазаккур аст ки вазъияти Қазоқистонро ба эҳтимоли зиёд кишварҳои дигари минтақа такрор хоҳанд кард, зеро бозори мошинҳои барқӣ дар Осиёи Марказӣ тақрибан якхел рушд мекунад.

Санҷар Тайҷон низ ояндаи наздик ҳеч «фоҷеаи саросарӣ»-и батареяҳои барқиро пешбинӣ намекунад, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ асосан аз мошинҳои муҳаррики дарунсӯз истифода мекунанд.
«Ҳоло ҳатто Аврупо ва Амрико ин мушкилро надоранд, пас аз панҷ соли дигар ин проблема онҷо зуҳур мекунад»,- тахмин мекунад Санҷар Тайҷон.
Ояндаи
номуайян
Дар мавриди коркард баъдан
фикр мекунем
Нақшаҳои
норавшан
Масъалаи утилизатсия ҳанӯз
ҳал нашудааст

«Умри дубора»-и батареяҳо

Михаил Квентис мегӯяд, бояд ба истилоҳот таваҷҷуҳ кард: «Утилизатсияи батарея маънои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркарди дубора (агар имконпазир бошад) ва интиқоли батареяҳо барои коркардро дорад. Истифодаи батареяҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа барои ба даст овардани мавод бошад, коркарди такрорӣ мебошад».

Раванди коркарди дубора, ба гуфтаи Санҷар Тайҷон, ба қисмҳо ҷудо кардани батарея аст. Қисмҳои ҷудошуда ба майдакунакҳо гузошта шуда, ба хока табдил мешаванд. Ҳар як метал (дар шакли хока) бастабандӣ мешавад - литий алоҳида, кобалт алоҳида ва ба ҳамин монанд. Баъдан ин хокаҳоро дигарбора барои истеҳсоли батарея истифода мебаранд.
«То 98 дарсади ҷузъҳо дубора ба истеҳсолот баргардонда мешавад», - тасдиқ мекунад Алексей Алексеев. - Ҳеч чизе нест, ки тавре моро метарсонанд, утилизатсия нашавад. Ҳама чиз қаблан фикр карда шудааст».
Санҷар Тайҷон мегӯяд, сармоягузорӣ дар ин самт аллакай идома дорад, аз ин рӯ технология танҳо беҳтар шудан мегирад: «Утилизатсияи беҳтарин дар Чин хоҳад буд, зеро бозори аслии мошинҳои барқӣ онҷост».

Дар байни душвориҳои коркарди батареяҳо, Тайҷон ҳоло танҳо масрафи энергияи ин равандро мебинад.
«Истеҳсоли батарея гарон аст – корхона барои як гигаватт-соат 30 миллион доллар сарф мекунад, коркарди дубора боз ҳам гаронтар мешавад. Аммо то ҳол ҳеч кас дар бораи арзиши корхонаҳо маълумоти дақиқ надодааст - ман дар манобеи боз ҷустуҷӯ кардам, чизе нест», - мегӯяд Санҷар Тайҷон.
Михаил Квентис ҳам ба ҳамин нукта ишора мекунад: «Барои бунёди корхонаи коркарди батарея маблағи зиёд масраф мешавад. Батареяҳои литий-иониро аз нав коркард кардан танҳо як раванди “буридан ва чидан” нест, он бештар ба кимиё ва металлургия дахл дорад».

Мақсаднок набудани сохтани корхона барои ҳар кишвар дар алоҳидагӣ боз дар он аст, ки дар ягон давлати Осиёи Марказӣ ҳаҷми батареяе ки коркарди такрориро аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар гардонад, вуҷуд надорад.
«Ҳатто агар дар баробари батареяҳои нақлиёт батареяҳои компютерҳо, асбобҳои барқӣ, телефонҳои мобилӣ, ки ҳамон технология ва ҳамон маводи кимиёвӣ истифода мешаванд, илова гардад», - мегӯяд коршинос бо такя ба вазъи Қазоқистон.
Мавриди тазаккур аст, тақрибан тамоми корхонаҳои нави коркарди батареяҳои литий-ионӣ бо мушкили камбуди ашёи хом дучор мешаванд. Ба иттилои Квентис, соли 2023 дар саросари ҷаҳон аз ҳаҷми умумии батареяҳое, ки аз мошинҳои барқӣ гирифта шудаанд, танҳо 3 дарсади онҳо барои коркарди дубора фиристода шудаанд.
«Корхонаи чинии Huayou Cobalt, ки иқтидори коркарди 65 ҳазор тонна батарея дар як солро дорад, соли 2019 ҳамагӣ 10 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда тавонист»,-мисол мезанад Михаил Квентис. – Оҷонсии Bloomberg хабар медиҳад, ки саноати коркарди батареяҳои нақлиёти барқӣ дар ИМА «шурӯи ноком» доштааст - иншооти коркарди такрорӣ сохта шуда, аммо ашёи хом ҳанӯз пайдо нашудааст».
Аз ин рӯ, коршинос пешниҳод мекунад, ки феълан ҷамъоварӣ, ба навъҳо ҷудосозӣ ва нигоҳдории дурусти батареяҳои литий-ионӣ, инчунин интиқоли онҳо ба дигар кишварҳо барои коркард роҳандозӣ карда шавад.
«Соли 2019 дар саросари ҷаҳон 97 ҳазор тонна батареяҳои литий-ионӣ барои коркард фиристода шуданд (барои муқоиса: тибқи маълумоти Евростат соли 2019 танҳо дар Аврупо 1,5 миллион тонна батареяҳои сурбӣ барои утилизатсия ҷамъоварӣ шудааст). Аз ин шумора 67 ҳазор тоннааш барои коркард ба Чин ва 18 ҳазор тоннаи дигар ба Кореяи Ҷанубӣ фиристода шудааст. Соли 2021, Чин аллакай дар бораи 188 ҳазор тонна гузориш дод», - гуфт Михаил Квентис.
Дар Аврупо якчанд корхонаи коркарди батареяҳо фаъолият мекунад. Маъруфтарини онҳо NorthVolt дар Шветсия, EcoBat дар Англия, Endesa дар Испания ва намояндаи SungEel-и Корея дар Маҷористон мебошанд. «Дар соли 2025, иқтидори умумии корхонаҳои коркарди аврупоӣ метавонад дар як сол аз 400 ҳазор тонна зиёд бошад»,- мегӯяд Квентис.

Чин дар коркарди дубораи батареяҳо пешгом аст, тақрибан 70 дарсади батареяҳо барои коркард интиқол дода мешаванд. «Дар он ҷо давлат назорат мекунад, то худи истеҳсолкунандаҳои батарея онҳоро дубора коркард кунанд», - шарҳ медиҳад Квентис. «Дар Аврупо ва ИМА ин омор аз 5 дарсад зиёд нест».

Батареяҳои литий-ионии истифодашуда партовҳои хатарнок мебошанд, хусусан вақте ки миқдори зиёди он дар як ҷо ҷамъ карда мешаванд. Ҳангоми кор бо онҳо бояд хеле эҳтиёткор буд.
«Интиқоли батареяҳо барои утилизатсия, ба вижа ба кишвари дигар, як раванди содаву осоне нест, ин масъала бояд дар сатҳи байниҳукуматӣ ҳал карда шавад», - таъкид мекунад Квентис ва сохтани як корхонаи коркарди батареяҳои литий-ионӣ дар Қазоқистонро пешниҳод мекунад: «Ин метавонад муфид бошад, агар мунтазам онҷо батареяҳои истифодашуда оварда шаванд, масалан аз Чин, аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ».
Аммо Михаил Квентис тахмин мекунад, ки ба эҳтимоли зиёд чунин як корхонаро Узбекистон месозад: «Дар онҳо чунин равандҳо тезтар сурат мегиранд. Ва онҳо аллакай нисбат ба Қазоқистон нақлиёти барқии бештаре доранд».

Санҷар Тайҷон пешниҳод мекунад, ки бояд ба дигар чиз тамаркуз кард: «Ҳоло аз фикри утилизатсия дида, бояд бештар дар фикри истеҳсоли батареяҳо бошем».

Кӣ бояд пул ҷудо кунад?

«Давлат. Бидуни тардид, давлат!» Ин посухи Михаил Квентис ба пурсиши «кӣ бояд пули утилизатсияи батареяҳои нақлиёти барқиро пардохт кунад», буд.

Вай тавзеҳ дод, ки масъулият барои ташкили коркарди дубора ва назорати ин раванд масъалаи ҳифзи муҳити зист аст ва ин масъалаҳо ҳеч гоҳ ва дар ҳеч куҷое дар сатҳи созмонҳои ғайридавлативу хусусӣ ҳал намешаванд.
«Давлат бе ин ҳам молиёт мегирад, аз харидорони мошинҳо, аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, аз тиҷорати нақлиёт хироҷ мегирад - аз ин пардохтҳо бояд буҷа барои фароҳам овардани муҳити бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ташкил карда шавад», - гуфт ӯ.
Алексей Алексеев бошад, баръакс, чунин мешуморад, ки масъулият бояд бар души соҳиби нақлиёти барқӣ вогузор шавад.
«Мо ширкатҳое хоҳем дошт, ки батареяҳоро ба Чин мефиристанд ё онҳоро барои коркарди минбаъда ҷудо мекунанд. Соҳиби нақлиёт бояд барои батареяи супоридааш ҷуброн бигирад. Ҳарчанд боз хароҷоти боркашонӣ вуҷуд дорад... Аммо шояд ширкате, ки батареяро мегирад, аз он фоида ба даст оварда, пули боркашониро пардохт кунад. Ин ҳанӯз мушаххас нашудааст, ҳанӯз чигунагии кор рӯшан нест», - мегӯяд Алексеев.
Михаил Квентис шубҳа надорад, ки раванди коркарди дубораи батареяҳо метавонад ба тиҷорати фоидаовар табдил ёбад. Аммо вай ба шарти асосӣ ишора мекунад: «Агар барои бахши хусусӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Монеагузорӣ нашавад, онҳоро муҷозот накунанд, балки ёрӣ расонида ҳавасманд гардонанд. Ва на танҳо бо пешниҳоди ёрона, балки бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид ва бартараф намудани монеаҳо. На ба монанди он чи ки бо ширкати "Уҳдадориҳои васеи истеҳсолкунандаҳо" оид ба утилизатсияи автомашинаҳо (ширкати маъруфу ҷанҷолбарангезе, ки ба духтари президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев алоқаманд медонистанд - CABAR.asia) иттифоқ афтод».

Дар Қазоқистон вазифаҳои оператори уҳдадориҳои васеи истеҳсолкунандаҳо аз ширкатҳои хусусӣ ба ширкати давлатии ҶС “Жасыл даму” гузашт. Он пулҳои аз пардохтҳо барои утилизатсия ҷамъшударо гирифта, миёни корхонаҳое ки ба коркард машғуланд, тақсим мекунад.
Ба дархости CABAR.asia ҶС «Жасыл Даму» посух дод, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки молҳои муайянеро дар Қазоқистон истеҳсол мекунанд ё ворид мекунанд (аз ҷумла батареяҳои литий-ионӣ) уҳдадориҳои васеи истеҳсолкунандаро доранд.
«Мутобиқи принсипи "ифлоскунанда пардохт мекунад", онҳое ки партовҳоро ба вуҷуд меоваранд, соҳибони ҳозира ва пешини партовҳо, барои таъмини риояи талаботи экологӣ оид ба коркарди партовҳо то гузаштан ба моликияти шахсе, ки партовҳоро барқарор ё нобуд мекунад, масъул мебошанд. Инчунин, соҳибони партовҳо муваззафанд, ки худашон муомилоти бехатари партовҳоро анҷом диҳанд ё идоракунии бехатари онҳоро тавассути интиқоли партовҳо ба субъектҳои хоҷагидоре, ки амалиёти коркарди партовҳоро анҷом медиҳанд, таъмин намоянд», - омадааст дар посухи расмӣ.
Ба ибораи дигар, давлат бар ин аст, ки пули утилизатсияи батареяҳоро бояд соҳибони нақлиёти барқӣ пардохт кунад.

Муаллифон :

Анастасия Бенгард (Қирғизистон)
Элина Бекназарова (Ӯзбекистон)
CABAR.asia

Муҳаррирон:

Наталя Ли
Татяна Трубачева
Лола Олимова
Гулафшон Соқиева
Марат Мамадшоев

Тасвирҳо:

Насиба Каримова


Ороиш:

Манижа Бабакулова


© 2024