УЗБЕКИСТОН
Масъалаи утилизатсия ҳанӯз ҳал нашудааст
Талабот ба мошинҳои барқӣ дар Узбекистон низ зиёд аст, аммо масъалаи утилизатсияи аккумуляторҳои ба муҳити зист зараровар то ҳол ҳал нашудааст.
Бар асоси маълумоти Агентии омор, агар дар соли 2018 ба кишвар ҳамагӣ 18 мошини барқӣ ворид шуда бошад, пас то моҳи июли соли 2022 шумораи онҳо 4,5 баробар афзоиш ёфтааст. Он вақт ба ҷумҳурӣ 1125 худрави барқӣ ворид гардид, ки маблағи умумии онҳо беш аз 34 миллион долларро ташкил медод.

Соли 2023 бошад, ба Узбекистон 25,7 ҳазор мошини барқӣ оварда шуд. Бештари вақт шаҳрвандони Узбекистон мошинҳои барқии истеҳсоли Чин, АМА ва Олмонро харидорӣ мекунанд.
Ҳукумати кишвар бо назардошти бехатарии нисбӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза будани мошинҳои барқӣ барои содироти ин навъи нақлиёт имтиёзҳои муайян ҷорӣ кардааст. Аз 1 январи соли 2019 воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ, андози аксизӣ ва пардохтҳои автомобилӣ озод карда шуд.

Аммо андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 20 дарсади арзиши мошин ва инчунин пардохти ҳадди ақал барои барасмиятдарории гумрукӣ боқӣ монд.
Дар Узбекистон намояндаҳои расмии истеҳсолкунандаҳои мошинҳои барқӣ ба фаъолият оғоз карданд. Моҳи январи соли 2013 UzAuto ва ширкати чинии BYD корхонаи муштараки истеҳсол ва фурӯши худравҳои барқии BYD Uzbekistan Factory-ро расман сабти ном карданд.
Сокини 30-солаи Тошканд Абдубоқир Юнусов соли 2020 соҳиби худрави барқӣ шуд. Он вақт мошинҳои барқӣ дар Узбекистон ба тозагӣ маъруфият касб мекарданд ва Абдубоқир ҳам баъди омӯзиши вариантҳои гуногун онро интихоб кард.

Бартарии чунин мошин дар он аст, ки барои сӯзишворӣ пул сарф кардан лозим нест, дар хона ҳам мешавад онро бо нерӯи барқ таъмин кард. Аммо ба андешаи Юнусов ин мошинҳо тарафҳои манфӣ ҳам доранд.
«Як нороҳатии ҳаракат ба масофаҳои дур бо мошини электрикӣ ин аст ки барои пур кардани барқ ​аз ​як то ду соат вақт лозим аст. Бо мошине ки бо сӯзишворӣ ҳаракат мекунад, ин вақтро сарфа кардан мумкин аст», - мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Юнусов иқрор мешавад, ки ҳангоми харидории мошин ӯ дар фикри утилизатсияи аккумулятор баъди корношоям шудани он набуд. Бо вуҷуди ин, ӯ розӣ аст ки барои утилизатсияи аккумулятор пул пардохт кунад.
«Дар хонаводаи мо аллакай ду мошини барқӣ ҳаст ва росташро гӯям, ман умуман дар бораи утилизатсияи аккумулятор фикр накардаам. Нақша доштам, ки баъди анҷоми муҳлати истифодаи мошин онро ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ фурӯшам. Агар ба ман, ҳамчун соҳиби мошини барқӣ роҳи бехатари безараргардонии аккумулятор пешниҳод шавад, ман омодаам маблағи онро пардохт кунам», - гуфт Юнусов.
Вазорати муҳити зисти Узбекистон соли 2021 дар фикри мушкилоти утилизатсияи батарея ва аккумуляторҳои мошинҳои барқӣ шуд. Он замон сомонаи вазорат эълоне нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, ин ниҳод омодааст, пешниҳодҳоро дар мавриди коркарди такрорӣ ё утилизатсияи партовҳои электронӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шаҳрвандон қабул кунад.
Моҳи феврали соли равон ин вазорат дар бораи мушкилоти марбут ба муҳити зист, ки ояндаи наздик Узбекистон метавонад бо он рӯбарӯ шавад, хабар дод.

Тибқи маълумоти Вазорати муҳити зист солона дар кишвар 140 ҳазор партови электронӣ ба вуҷуд меояд. 30-35 ҳазор тоннаи онро аккумуляторҳои гуногун ташкил медиҳанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 40 ҳазор нақлиёти барқӣ мавриди истифода қарор дорад. Ба ҳисоби миёна, аккумулятори чунин мошинҳо метавонад 10-20 сол хидмат кунад. Ва бо назардошти афзоиши солонаи воридоти мошинҳои барқӣ, то соли 2035 ба миён омадани 10 ҳазор тонна партовҳои электронӣ пешбинӣ мешавад.

Феълан, дар Узбекистон корхонаҳои «Узикиламчиранглиметалл» ва «Корхонаи аккумулятори Ҷизах» ба коркард ва бандубасти аккумуляторҳо машғуланд. Иқтидори умумии онҳо 15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Яъне, ин корхонаҳо қудрати утилизатсияи танҳо нисфи батареяҳоеро, ки ҳамасола корношоям мешаванд, доранду халос.

Қисми боқимондаи партовҳои электронӣ аз ҷониби мардум ва соҳибкорон, аксар вақт бо вайрон кардани меъёрҳои санитарию экологӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Масалан, металлҳои рангаи онҳо гирифта шуда, пластик, метал ва дигар қисмҳои он дар партовгоҳҳои умумӣ партофта мешаванд. Ин чиз боиси олудагии замин ва захираҳои об мегардад.

Тибқи ҳисобҳои Вазорати муҳити зист, як батареяи одии партофташуда метавонад 20 метри мураббаъро бо металлҳои вазнин олуда кунад. Илова бар ин, дастрасии озод ба партовҳо ба фаъолияти кластерҳои коркарди дубора халал мерасонад.

Фирӯзбек Сайфуллоев
Ин мушкил экологҳои мустақилро ҳам нигарон кардааст ва онҳо таъкид мекунанд, ки мошинҳои барқӣ нушдоруе дар масири «ояндаи сабз» нестанд.

Гузашта аз ин, чунин мошинҳо метавонанд ба таҳдиди нав барои муҳити зист табдил шаванд, таъкид мекунад вебнавис ва фаъоли бахши муҳити зист Фирӯзбек Сайфуллоев.

Дар суҳбат бо CABAR.asia ӯ гуфт, ки ҳатто утилизатсия ва коркарди батареяҳои якбормасраф дар кишвар феълан дар сатҳи зарурӣ нест. Мушкилоти марбут ба системаи ҷамъоварӣ ва коркарди такрорӣ вуҷуд доранд. Шаҳрвандон онҳоро ҳамроҳ бо партовҳои маишӣ дар партовгоҳҳои ҷамъиятӣ мепартоянд. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ омори озоди партовҳои электронии аз ҷониби аҳолӣ партофташуда ва навъҳои он пеш бурда намешавад. Инчунин дар мавриди коркарди партовҳои электронӣ ва аккумуляторҳо тадқиқотҳо гузаронида намешаванд.
«Барои тавлиди батареяҳои якбормасраф нисбат ба истифодаи он нерӯи барқи ​​бештаре лозим мешавад. Беҳтар аст ки аҳолӣ истифодаи батареяро ба ҳадди ақал кам карда, ба дастгоҳҳое гузарад, ки имкони тавассути нерӯи барқ ​​пур кардани онҳо мавҷуд аст», - мегӯяд Сайфуллаев.

Вай ҳамчунин гуфт, кластерҳо, ки барои коркарди пурраи тамоми партовҳо таъсис ёфтаанд, ба далели фаъолияти ба истилоҳ “пиратҳо”, ки аз маҷмааҳои коркарди партовҳо ғайриқонунӣ маҳсулотро ҷамъоварӣ мекунанд, ба маҳсулоти мавриди коркард дастрасӣ надоранд. Аз ин рӯ, кори кластер натиҷаи дилхоҳ намедиҳад ва онҳо баста мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Узбекистон бо нигаронӣ аз вазъи кунунӣ барои танзими партовҳои аз ҷиҳати экологӣ зараровар иқдомҳоеро роҳандозӣ мекунад. Моҳи майи соли 2023 фармони президент дар бораи таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷате, ки тавсеаи масъулияти истеҳсолкунандагони манбаъҳои кимиёвии энергия ва таъсиси низоми назорати муомилот ва нобудсозии онҳоро пешбинӣ мекунад, содир шуд.

Дар чаҳорчӯби ин қарор Вазорати муҳити зист як қатор ҳуҷҷатҳоро таҳия кардааст. Аз ҷумла, доиҳаи қонун «Дар бораи партовҳо», лоиҳаи фармони президент «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани механизмҳои иқтисодӣ дар бахши коркарди партовҳо» ва лоиҳаи фармони президент «Дар бораи чораҳои такмил додани расмиёти иқтисодии таъмини ҳифзи муҳити зист».

Сейчас ведомство совместно с Учебным и научно-исследовательским институтом ООН (ЮНИТАР) и Центром содействия устойчивому развитию (Казахстан) планирует изучить нормативно-правовую базу по управлению электронными отходами в республике.

Ҳоло ин вазорат дар якҷоягӣ бо Институти омӯзиш ва тадқиқоти СММ ва Маркази рушди устувор (Қазоқистон) нақша дорад, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии идоракунии партовҳои электрониро дар ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор бидиҳад.
То моҳи феврали соли 2025 Вазорати ҳифзи муҳити зист нақша дорад, лоиҳаи ҳуҷҷатеро таҳия кунад, ки коркарди ҳатмӣ ва утилизатсияи батареяҳои электронӣ, ба бехатар ва хатарнок ҷудо кардани он, эҷоди муҳити сармоягузорӣ барои соҳибкороне, ки ба ҷамъоварӣ ва коркарди батареяҳо машғуланд, татбиқи низоми дастгирии давлатӣ, ки имтиёзҳои молиётӣ, ёронаҳо, инчунин аз боҷи гумрукӣ озод кардани содироти таҷҳизотро дар бар мегирад.
Илова бар ин, вазорат пешниҳод мекунад, ки нуқтаҳои ҷамъоварии батареяҳо таъсис шуда, инчунин контейнерҳои махсус харидорӣ шаванд, ки имкони интиқоли бехатари партовҳоро доранд.
«Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба тозагӣ сохтмони майдончаҳои муосири партовпартоӣ оғоз шудааст. Аммо наметавонам бигӯям, ки аққалан як партовгоҳ ба майдони партови замонавӣ табдил ёфта, ба кор шурӯъ карда бошад. Лоиҳаҳои сохтмонӣ оғоз шуданд, вале пурра иҷро нашуданд», - гуфт Сайфуллоев.
Ин фаъоли муҳити зист пешниҳод мекунад, ки то ҳалли худро наёфтани мушкилот бояд таъсири моддаҳои зараровар, аз қабили симоб, сурб, кадмий, ки дар батареяҳо мавҷуданд, ба ҳадди имкон кам карда шуда, онҳо дар зарфҳои хушк ва дар ҷойҳои торик нигоҳ дошта шаванд.
Ва тавсия медиҳад, ки ба хариди мошини барқӣ ва утилизатсияи он дар оянда огоҳонатар муносибат шавад.

Муаллифон :

Анастасия Бенгард (Қирғизистон)
Элина Бекназарова (Ӯзбекистон)
CABAR.asia

Муҳаррирон:

Наталя Ли
Татяна Трубачева
Лола Олимова
Гулафшон Соқиева
Марат Мамадшоев

Тасвирҳо:

Насиба Каримова


Ороиш:

Манижа Бабакулова


© 2024