Як омили дигари истифодаи васеъ аз худравҳои барқиро метавон талошҳои ҳукумат барои эҷоди инфрасохтори мувофиқ унвон кард. Соли 2017 лоиҳаи озмоишӣ оид ба таъсиси шабакаи нуқтаҳои пур кардани барқ дар Остона ва Алмаато оғоз гардид. Оператори ин лоиҳаи давлатӣ
мегӯяд, феълан дар пойтахти Қазоқистон 51 нуқта ва дар Алмаато 52 нуқтаи пур кардани барқ насб шудааст. Дар Қазоқистон инчунин нуқтаҳои таъмини
босуръати барқ низ фаъоланд. Масалан, дар пойтахт шаш Tesla Supercharger мавҷуд аст.
Соли 2023 ҳуқумат Нақшаи роҳ барои эҷоди зерсохтҳои лозим барои нақлиёти барқӣ дар тамоми шаҳрҳои бузурги Қазоқистон то соли 2029-ро
тасдиқ кард. Бар асоси иттилои Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон, Нақшаи роҳ талаботи меъёрию техникӣ оид ба тарҳрезӣ, ба роҳ мондани инфрасохтори зарурӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти маҳаллӣ барои пур кардани мошинҳои барқиро пешбинӣ мекунад. Мансабдорон инчунин мехоҳанд, барои ташвиқу ҳавасмандсозии одамон ба истифодаи фаъол аз худравҳои барқӣ ва инфрасохтори марбута механизмҳои гуногунро роҳандозӣ кунанд.