ТОҶИКИСТОН
Нақшаҳои норавшан
Мақомоти Тоҷикистон аз гузариш ба нақлиёти барқӣ ба шиддат пуштибонӣ мекунанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки утилизатсияи мошинҳои корношоям, қабл аз ҳама батареяҳои онҳо чӣ гуна ташкил карда мешавад.
Раҷаҳмад Рофиев 5 моҳ мешавад, ки худрави барқӣ меронад. Ӯ дар яке аз ширкатҳои таксӣ дар Душанбе ба ҳайси ронанда кор мекунад.

Ӯ мошини барқии худро, ки истеҳсоли Чин аст, бар ивази 230 ҳазор сомонӣ (беш аз 21 ҳазор доллари амрикоӣ) харидааст.
«Истифодаи мошини барқӣ камхарҷтар аст, бар илова ба муҳити зист зарар намерасонад», - мегӯяд Раҷаҳмад Рофиев.
Дар Тоҷикистон бештари мошинҳо бо сӯзишвории нисбатан гаронбаҳои воридотӣ – гази моеъ ва бензин кор мекунанд. Ҳоло дар Душанбе нархи як литр гази моеъ 6,5 сомонӣ (0,60 доллар) ва бензин 10 сомонӣ (0,92 доллар) аст.

Ба ҳисоби миёна як мошини сабукрав дар 100 километр 10-11 литр гази моеъ ё бензин сарф мекунад. Ин дар ҳоле ки ба гуфтаи Раҷаҳмад Рофиев, худрави барқӣ бо 50 сомонӣ (ҳудуди 5 доллар) метавонад то 300 километр роҳро тай кунад. Дар фасли зимистон вобаста ба истифодаи низоми гармидиҳии мошин масофаи ҳаракат то 200-220 километрро ташкил медиҳад.

Мошини барқӣ вобаста ба миқдори энергияи дар батарея боқимонда, дар 40 дақиқа ё 1 соат пурра бо барқ таъмин мешавад.
«Ҳоло дар пойтахт марказҳои пуркунии барқ ​​зиёданд ва дар ин замина мушкиле вуҷуд надорад», - қайд кард Рафиев.
Ӯ мегӯяд, ҳоло дар мавриди коркард ва ё утилизатсияи аккумулятори мошинҳо фикр накардааст.
«Бештари мошинҳои барқӣ, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, истеҳсоли ҷумҳурии Чин мебошанд, ба фикрам, муҳлати истифодаи батареяи онҳо тақрибан 5-6 солро ташкил медиҳад. Аммо батареяҳои мошинҳое ки аз Ҷопон ё кишварҳои дигар ворид мешаванд, то 25 сол кафолат доранд», - илова кард ӯ.

Вай умедвор аст, ки роҳбарони бахши нақлиёти ҷамъиятӣ дар масъалаи коркард ва утилизатсияи батареяҳои мошинҳои барқӣ чораҳои бехатареро рӯйи даст хоҳанд гирифт.

Вобаста ба қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири мошинҳо бошад, Рафиев таъкид намуд, ки аллакай устохонаҳои таъмири мошинҳои барқӣ фаъолият мекунанд. Аммо азбаски бештари худравҳои барқӣ ҳанӯз нав буда, таъмирталаб нестанд, ӯ ва ҳамкасбонаш ба ин масъала ҳанӯз чандон аҳамият намедиҳанд.

Шумораи мошинҳои барқӣ давоми як сол ду баробар афзуд

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, танҳо дар соли 2023 ба кишвар 1,5 ҳазор мошини барқӣ ворид шудааст. Соли 2022 ин рақам ду маротиба камтар - 767 буд.

Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ояндаи наздик шумораи мошинҳои барқӣ ба 20-30 дарсади шумори умумии мошинҳо баробар шавад. Ин тадбир бояд дар доираи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028» амалӣ карда шавад.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёт, «ин барнома ба рушди фанновариҳои хидматрасонии мошинҳои барқӣ нигаронида шуда, дар доираи он ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад, вобастагии Тоҷикистон аз сӯзишвории воридотӣ коҳиш хоҳад ёфт. Илова бар ин, гузариш ба мошинҳои барқӣ партоби газҳои гулхонаиро, ки асосан тавассути мошинҳо тавлид мешавад, коҳиш хоҳад дод».
Ба гуфтаи Диловар Маъмуров, мудири Анҷумани манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон, дар барномаи зикршуда тадбирҳои озод кардани воридоти мошинҳои барқӣ аз молиёт ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.
«Ва ин хеле хуб аст. Ин боиси поин рафтани нархи мошинҳо мешавад», - гуфт Диловар Маъмуров.
Дар Тоҷикистон соли 2022 ба Кодекси андоз тағйирот ворид шуд, ки тибқи он воридоти мошинҳои барқӣ барои 10 соли оянда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва аксиз озод карда мешавад.
Соли гузашта Тоҷикистон бо Чин дар мавриди бунёди як корхонаи тавлиди мошинҳои барқӣ бо иқтидори 1500 мошини барқӣ дар як сол қарордод имзо кард.

Дар Тоҷикистон ширкати “Akia Avesto Automatic Industry” ҳам фаъолият мекунад, ки ба тавлиди автобусҳои барқӣ машғул аст.

Коршиносон чӣ мегӯянд?

Ба гуфтаи Диловар Маъмуров, мудири Анҷумани манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон, мошинҳои барқӣ воситаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошанд.
«Муҳлати истифодаи аккумуляторҳо зиёда аз 10 сол аст. Ҳисоб кунед, ки давоми 10 сол чӣ қадар партовҳо коҳиш меёбанд», - гуфт Диловар Маъмуров дар суҳбат бо CABAR.asia.
Ба гуфтаи коршинос, мошинҳои барқӣ дорои катализаторҳо ҳастанд, ки ба коҳиши партовҳои мошин мусоидат мекунанд. Бештари худравҳое, ки бо бензин ё дизел ҳаракат мекунанд (90 дарсад), чунин дастгоҳ надоранд.
Маъмуров мегӯяд, навъҳои зиёди аккумуляторҳои мошинҳои барқӣ мавҷуданд, ки ҳар истеҳсолкунанда барои мошини худ истифода мекунад.
«Усул ё принсипи кори онҳо яксон аст, яъне ҳамаи онҳо литий-ионӣ ҳастанд ва ягона фарқият муҳлати истифодаи онҳо мебошад», - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ин коршинос, хатарнок донистани худравҳои барқии тавлиди Чин иштибоҳ аст.
«90 дарсади аккумуляторҳои мошинҳои ҷаҳон дар Чин истеҳсол мешавад. Аз ҷумла, аккумуляторҳо барои худравҳои барқии амрикоии “Tesla”-ро ширкати чинии BYD тавлид мекунад», - мегӯяд коршинос.
Тавре Диловар Маъмуров қайд кард, дар Чин навъҳои зиёди мошинҳои барқӣ истеҳсол мешаванд ва сифати онҳо вобаста ба нархашон хеле фарқ мекунад.

Бо ин ҳол, коршинос дар посух ба ин пурсиш, ки коркард (безараргардонӣ)-и аккумуляторҳои корношоями мошинҳои барқӣ чӣ гуна бояд сурат бигирад, душворӣ кашид. Ба гуфтаи ӯ, барои ин бояд аз шеваи тавлиди батареяҳо огоҳ буд, аммо истеҳсолкунандаҳо ин нозукиҳоро ошкор намекунанд.
«Раванди истеҳсоли аккумуляторҳо як технологияи хеле тӯлонӣ аст ва истеҳсолкунанда онро ифшо намекунад», - гуфт Диловар Маъмуров.
Яке аз кормандони Кумитаи ҳифзи табиат ба шарти ифшо нашудани номаш ба CABAR.asia гуфт, дар Тоҷикистон ягон барномаи давлатӣ барои безараргардонии аккумуляторҳои корношоями мошинҳои барқӣ вуҷуд надорад.

«Аммо ин мавзӯъ ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад», - таъкид намуд ӯ.

Ба гуфтаи як коршиноси мустақил, ки ҳамчунин нахост номаш ифшо шавад, коркарди дубораи аккумуляторҳо ва ба маҳсулоти нав табдил додани онҳо хеле мушкил аст.

«Бояд роҳҳои коркарду дубора мавриди истифода қарор додани аккумуляторҳоро биомӯзем», - гуфт коршинос.
Дар баробари ин, коршинос таъкид намуд, ки қариб тамоми қисмҳои аккумулятор, аз ҷумла металл, пластик ва кабелҳоро мешавад дубора мавриди истифода қарор дод.
«Ҳоло дар ҷаҳон кобалт ва никел - металлҳое, ки дар аккумуляторҳои мошинҳои барқӣ мавҷуданд, дар истеҳсоли дучархаҳои барқӣ, чароғи симчӯбҳо, дар системаҳои бехатарии лифтҳо ва низоми нигоҳдории нерӯи барқ ​​истифода мешаванд», - гуфт коршинос.

Муаллифон :

Анастасия Бенгард (Қирғизистон)
Элина Бекназарова (Ӯзбекистон)
CABAR.asia

Муҳаррирон:

Наталя Ли
Татяна Трубачева
Лола Олимова
Гулафшон Соқиева
Марат Мамадшоев

Тасвирҳо:

Насиба Каримова


Ороиш:

Манижа Бабакулова


© 2024