Ба гуфтаи Элвира Токтоболотова, мутахассиси шӯъбаи коркарди партовҳои Вазорати захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Қирғизистон, феълан масъалаи коркарди дубораи батареяҳои мошинҳои барқӣ дар миқёси ҷаҳонӣ матраҳ аст.
«Ҳатто кишварҳои пешрафта ҳанӯз механизми утилизатсияи ин батареяҳоро таҳия накардаанд. Дар ҳоли ҳозир мо таҷрибаи Ҷопон, Олмон, Русияро меомӯзем ва бо мақсади рушди минбаъдаи механизми утилизатсия дар ҳоли таҳия кардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳастем. Аммо ҳоло гуфта наметавонем, ки оё мо метавонем батареяҳоро 100 дарсад утилизатсия кунем ё не», - гуфт ӯ ва афзуд, лоиҳаи қарор барои тасдиқи номгӯи молҳое, ки бояд аз онҳо барои утилизатсия пул ситонида шавад, ба дастгоҳи президент фиристода шудааст.
Элвира Токтоболотова ёдовар шуд, ки соли 2023 қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» дар таҳрири нав қабул шудааст. Айни замон якчанд санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла санадҳои марбут ба декларатсияи молҳо, пардохтҳо барои утилизатсия ва қоидаҳои ҳисоботдиҳӣ барои ширкатҳои коркардкунанда дар ҳоли таҳия шудан ҳастанд.