Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим бештар аз ҳама занҳо зарар мебинанд. Баъзеи онҳо баъди дар худ таҷриба кардани тамоми «лаззатҳо»-и ин тағйирот, тамоми хаёти худро ба мубориза бо оқибатҳои экологии фалокатҳои иқлим бахшидаанд. Орал Отаниёзова, табиб, донишманд ва ходими давлатӣ аз Қарақалпокистон бовар дорад, ки минтақаи назди Арал, ҳавзае дар наздикии баҳри хушкшудаи Арал метавонад рӯзе дубора эҳё шавад.
Ӯ яке аз аввалин раҳбарони ҷунбиши экологӣ аз ҳисоби бонувон дар Узбекистон аст ва тамоми ҳаёти худро ба мубориза бо паёмадҳои фоҷеаи баҳри Арал бахшидааст. Орал Отаниёзова солҳои тӯлонӣ барои беҳбуди саломатӣ ва некӯаҳволии занону кӯдакон дар Қарақалпокистон, минтақаи Узбекистон, ки аз хушк шудани баҳри Арал бештар осеб дидааст, заҳмат мекашад. Ин як фалокатест, ки Анҷумани ҷаҳонии обуҳавошиносӣ онро бузургтарин фоҷеаи такондиҳандаи муҳити зист дар асри 20 арзёбӣ кардааст.
Давоми 60 сол масоҳати баҳри Арал қариб 90 дарсад коҳиш ёфт, миқдори боришот чанд маротиба кам шуд, туғайзорҳо нобуд шуданд, зиёда аз 130 намуди ҳайвонот ва 30 намуди моҳӣ аз байн рафт. Ин офати табиӣ ҳамчунин боиси афзоиши бемориҳои саратон, чашм, роҳи нафас ва маризиҳои дигар дар миёни сокинони минтақаи назди Арал гардид. Занон ва кӯдакон аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки аз бӯҳрони баҳри Арал бештар осеб дидаанд.
Илова бар ин, сокинон дар пайи қатъ шудани саноати моҳидорӣ ва киштисозӣ бо бекории оммавӣ рӯбарӯ шуданд.
Орал Отаниёзова, ки дар минтақаи офати табиӣ қарор дошт, дар беморхонаи маҳаллӣ ба ҳайси табиб-акушер ба фаъолият оғоз кард. Таъсири нопадид шудани баҳри Аралро мушоҳида карда, дар байни занон як пажуҳиш анҷом дод, то муайян кунад, ки ин офати табиӣ ба саломатии репродуктивии занони минтақа чӣ гуна таъсир кардааст.
Пас аз пажуҳиш ва пурсиши 5 ҳазор зани синни репродуктивии Қарақалпокистон, маълум кард, ки қариб ҳамаи онҳо ҳангоми ҳомиладорӣ ё таваллуд аворизеро таҷриба кардаанд, ки ба ин ё он шакле ба оқибатҳои офати экологӣ дар минтақаи баҳри Арал рабт доранд.
Баъди ин Отаниёзова Маркази саломатии репродуктивӣ ва муҳити зисти Қарақалпокистонро таъсис дод, ки Perzent ном дорад. Ин калима аз забони қарақалпокӣ ҳамчун «авлод» тарҷума мешавад.
"Ман яқин кардам, ки барои мубориза бо ин мушкили мудҳиш бояд таваҷҷуҳи тамоми ҷомеа, ба вижа ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷалб карда шавад ва аз ҳама муҳим занон бояд фаъол карда шаванд, қабл аз ҳама сатҳи маърифатнокии онҳо баланд бардошта шавад», - мегӯяд Орал.
Perzent ба одамон чӣ гуна мутобиқ шуданро ба шароити нав дар соҳаҳои тандурустӣ, гигиена ва кишоварзии устувор таълим медиҳад. Бахши асосии фаъолияти Отаниёзова ба ҳуқуқи занон ва кӯдакон равона шудааст, ин ки занон чӣ гуна метавонанд зиндагии худро беҳтар гардонанд, чӣ тавр мешавад саломатии хонавода, сифати ғизо ва обро беҳтар кард.
Маркази Perzent на танҳо ба корҳои маърифатӣ ва илмӣ машғул аст, балки сокинони деҳотро барои беҳтар кардани шароити зиндагиашон роҳнамоӣ мекунад. Дар майдони 20 га хоҷагидорӣ, дармонгоҳи занона ва барои нашр кардани маҷаллаи «Perzent", ки миёни сокинони Қарақалпокистон бепул паҳн карда мешавад, матбаа таъсис додаанд.