Ман ҳатто гиря карда натавонистам...
Кӯдакони солҳи 90-ум ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистн
Дар Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият дар ҷомеа ҷудошавӣ ба вуҷуд омад, ки аллакай баҳори соли 1992 ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар бештари ҳолат ин ҷудоӣ решаҳои маҳалагароӣ дошт. Муҳорибаҳои мусаллаҳона тақрибан панҷ сол идома кард. 27-уми июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин ба имзо расид. Дар ин солҳо мардум наздикон, моликият, ватан ва бархе кӯдакиашро аз даст доданд.

Тоҷикон ҳанӯз ҳам он ҷанги мудҳишро дар хотир доранд ва такрори таърихро намехоҳанд. Ба қавли қаҳрамонҳои мо, ҳеҷ гуна ғаразҳои сиёсӣ ба қурбониҳое, ки Тоҷикистон дар солҳои 90-ум аз сар гузаронидааст, арзанда нест. ҳаргуна ихтилофот ва нофаҳмиҳо бояд пеш аз ҳама тавассути дипломатия ҳал шавад.

Мо хотироти одамонеро, ки кӯдакиашон дар солҳои ҷангӣ рост омадааст, гирдоварӣ намудем.
Маълумотнома
Аз рӯзи анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 24 сол гузаштааст. Тибқи маълумотҳои расмии мақомот, давоми солҳои ҷангӣ беш аз 60 ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст – тақрибан 25 ҳазор зан бева, ва 55 ҳазор кӯдак волидонашонро аз даст доданд. Садҳо ҳазор оила маҷбур шуданд онлаҳои худр тарк намуда, ба кишварҳои ҳамсоя гурезанд.

Танҳо ба маълумотҳои расмӣ, аввалҳои солҳои 1993 дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион гуреза ба қайд гирифта шудааст.
Нозанин, ҳангоми ҷанг 13 сол дошт.
Мазори Шариф, Афғонистон
- Ин октябри соли 92-юм буд, ман ҳанӯз намефаҳмидам, ки ҷанг оғоз шудааст. Ёд дорам, ман хӯроки нисфирӯзӣ тановул мекардам, ки нохост падарам ба ҳавлӣ даромада, гуфт зудтар ба кӯча бароед, машина омода аст. Ман чизеро сарфаҳм намерафтам, модарам саросемавор бархе курпачаҳоро ҷамъоварӣ мекард, аммо падарам гуфт ҳамачиро гузоред. Модарам як курпачаро бо матоъе баст, ва мо ба машина нишастем.
«Бачам, мо ба Афғонистон меравем, дар онҷо каме зиндагӣ мекунем», - ман инро аз модарам аллакай дар роҳ шунидам.
Дар қубодиён дар он лаҳза ҳоло оромӣ буд, ба ман чунин менамуд, ки ҷанг дар куҷое дур аст. ман тариқи радио мешунидам, ки дар бораи ҷанг чизе гузориш медоданд, аммо ин барои ман ҷолиб набуд. Тавре маълум, он ба мо хеле наздик будааст, - аз деҳае аз мо начандон дур чандин ҷавононро ба қатл расониданд. Дар дохили машина садои тирпаррониро шунида, онвақт ман хавотир шудам.

Дар наздикии сарҳад садои тирпарронӣ равшантар менамуд, падарам моро дар назди дарёи Панҷ, ки моро аллакай оилаи амакҳоям интизор буданд, чун тирпарронӣ дер давом накард, дар даруни чуқурие пинҳон шуданд. Падарам барои ҳимояи оилаамон баргашту мо дар даруни чуқурӣ интизори лаҳзаи лозимӣ шудем. Мо шабро интизор шудем ва аз болои Панҷ бо салам шинокунон гузаштем, аллакай тирпаронӣ он лаҳза ба охир расида буд. Аммо онҳое низ буданд, ки ноумед шуданд – ман медидам, ки чӣ гуна одамон зери «борон»-ҳои шадиди тирҳо дарёро убур карданд, баъзеҳо бо баллонҳо, баъзеҳо кӯшиш мекарданд шино кунанд. Се нафар ҳеҷ натавонистанд зинда дарёро то соҳили дигар шино кунанд, онҳоро ба матое печонида, дар Афғонистон ба хок супориданд. ҳамон лаҳза дили ман пора-пора шуд, аз дидани ин лаҳза ба даҳшат афтодам, ман ҳатто гиря карда наметавонистам, танҳо шах шуда будам.

Вақте мо ба тарафи дигари соҳил гузаштем, марзбононро дар бораи гурезагон огоҳ карданд, ва онҳо симро аз якҷой буриданд. Дар ин лаҳза модари ман кӯрпаро ба болои сим партофт, то мо ҳангоми гузаштан аз болои симхор захмӣ нашавем. вақте мо аз сим гузаштем, мо курпаро хостем кашем, аммо он дар сим часпида буд ва канда шуда, ҳама пахтаҳояш ба берун баромад. Мо ҳарчизе, ки аз дохил афтод, пур кардем ва ба урдугоҳ рафтем. ҳамон шаб мо ба ҳамон курпаи дарида худро пинҳон кардем.

ҳар се оила бо тамоми нерӯ омаданд. Дар Афғонистон моро хеле хуш истиқбол карданд, ҳама дар инҷо медонистанд, ки мо аз ҷанг гурехтем. Онҳо ба мо дар ҳама корҳо кӯмак мекарданд, аммо ман то ҳол дар бораи падарам нигарон будам: ӯ дар онҷо чӣ гуна аст? Оё ӯ умуман зинда аст? Пас аз 10-12 рӯз вай наздамон баргашт, пойҳояш варам карда, захмӣ буданд. Вай нақл кард, ки ҷангҷӯён аллакай ба қубодиён даромаданд ва хонаи моро оташ заданд. Пас аз ин падарамон назди мо ба Афғнистон ба даруни заминҳои пахта пинҳон шуда, фирор кард. зеро ин роҳи бехатар буд.
Рӯзҳои аввал дар Афғонистон мо дар палаткаҳо зиндагӣ мекардем, ба мо сару либос медоданд (ҳатто ҷуроб!) ва чипта медоданд, то аз бозорҳо тавонем харидорӣ кунем. Ман дарҳол ба мактаб рафтам, барои волидон кор пайдо карданд, ман дар Афғонистон ҳатто хоҳарчадор шудам!

Мо дар Афғонистон 5 сол зиндагӣ кардем. Ман аз он солҳо бо хушҳолӣ ёддоварӣ мекунам ва барои дастгирии давлат ва халқ миннатдорам. Ман мактабро дар Афғонистон хатм кардам, вақт ёфтам бо модарам дар корхонаи ширинибарорӣ кор кунам, бо оилаамон ба Мазори Шариф се маротиба сафар намудем ва хоҳарбузург шудам. Мо ба ватан аз ҳама охирон, вақте дар Афғонистон ҷанг оғоз шуд, баргаштем.

Мо субҳи барвақт мехестем, ҳама корҳоро анҷом медодем ва соати 7и субҳ хона медаромадем ва ғуруби офтобро инти зор мешудем. ҳамин ки офтоб ғуруб мекард, зиндагӣ аз нав ҷуш мезад. ҳаракатҳои мусаллаҳона дар ҷойҳое, ки мардуми осоишта зиндагӣ мекарданд, рух намедод, тирпарронӣ танҳо дар куҳҳо рух медод, аммо бар ҳол даҳшатовар буд. Мо тасмими гирифтем ба Тоҷикистон баргаштем, «модарам сахт хонаашро пазмон шуда буд» .

Вақте ба қубодиён баргаштем, хонаҳои мо сӯхта буданд, мо онро аз нав сохтем. Барои таъмир моро се сол лозим шуд, аммо ба ин нигоҳ накарда, мо хушбахт будем, ки ба ватан, ҷое ки дигар ҷанг нест, баргаштем.



Диловар, дар солҳои ҷанг 15 сола буд.
Самарқанд, Ӯзбекистон
Душанбе, Тоҷикистон

- Дар оғози ҷанг ман дар синфи 9-ум мехондам, маро зарур шуд пиёда то мактаби 53 равам. Боз ман тариқи майдони Шаҳидон, қароргоҳи ба ном «вовчикҳо»² мегузаштам. ҳамзамон, ман ҳамаи ин шиорҳо, ҳамаи он одамонро медидам. Онҷо онҳо аз зинаҳои Кумитаи марказӣ ва Шӯрои Олӣ баромад мекарданд. Дар ёд дорам суруди «Аз хобигарон, хобигарон, хез»-ро, он вақт ин суруд машҳур буд, тақрибан мисли суруди миллии яке аз майдонҳо буд. Ман наврас будам, ва як эҳсоси ҷолиб доштам ва мегуфтам «ваҳ, чӣ қадар зӯр аст. Вақте ман наврас будам, ин ҳама ҳодисаҳои ҷиддиро дарк карда наметавонистам. Ман ба ин ҳама нигоҳ карда, баъзан ҳатто ширкат ҳам мекардам. Баъзан ба ман як пора нон медоданд, пиёда то боғи ҳайвонот мерафтам, зеро автобусҳо аз бозори Путовский мегаштанд.
Дар Тоҷикистон ҷонибдорони мухолифинро «Вовчик»² меномиданд. ҷунбиш ҳамчун иттиҳоди ҳизби Наҳзати исломӣ (бо қарори суд дар ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ аст), ҳизби демократ ва баъзе аз ҳаракатҳои дигари наздик ташкил ёфтааст. Этимологияи калимаи «вовчик» аниқ маълум нест, эҳтимол аз ҳарфи арабии «و» - «вов» гирифта шудааст, ки маънояш тарафдорони ваҳҳобия аст.

«Юрчикҳо» ҷонибдорони президент Раҳмон Набиев ва Эмомалӣ Раҳмонро мегуфтанд, ки асосан идеологияи коммунистӣ ва шӯравиро дастгирӣ мекарданд. Этимологияи ин калима маълум нест.
Тирамоҳи соли 92 мо Самарқанд (Ӯзбекистон) рафтем. Волидонам шогирд доштанд, собиқ донишҷӯёне, ки дар Роҳҳи Охан кор мекарданд, онҳо моро ба қатора шинонданд. Аниқтараш моро дар қатора тела доданд. Хеҷ гуна фурӯши чипта набуд, то барои худ дар ҳуҷраи махсус ё ин ки дар купеи умумии қатора ҷой харидорӣ намоӣ. Касе пештар омад, нишаст, ҳамон кас чипта ба даст овард. Баъдан контукторҳо дохили қатор омаданд ва бо онҳо дар ҳамонҷо ҳисобӣ кардем.

Қатора пур буд. Ёд дорам, мо бисёрӣ будем, ва дар як вақт ба ман муяссар шуд, то дар рафи боғоҷҳо худро ҷой кунам. Вай дар охири ҳуҷра қарор дошт, ва ман қариби шаб инҷойро ёфта худро ҷой намудам, аммо хело гарм буд. ҳангоми омадан ба Самарқанд, моро аллакай хешовандонамон пешвоз гирифтанд, нимашаб пиёда то хона расидем, ки бобову бибиамон зиндагӣ мекарданд.

Мо дар Самарқанд якчанд моҳ зиндагӣ кардем ва зимистони соли 93 ба хона баргаштем. ҳангоми бозгашт, мо бо қатора аз Самарқанд то Термиз омадем, баъдан ба автобус нишастем. Вай моро то сарҳад расонид ва онҷо фаровард. Минтақаи бетарафро мо пиёда гузаштем, ки хеле роҳи дароз буд. Мо аз Самарқанд каме маводи ғизоӣ бо худ гирифта будем, ки то қадри тавон онҳоро бо худ гирифтем. Баъдан мо ба як нақлиёти боркаш нишастем, ва бо он то корхонаи Алюминий омадем ва дар онҷо мо дар меҳмонхонаи Турсунзода шабро рӯз кардем. Субҳи дигар мақомоти маҳаллӣ автобус ташкил намуда, моро то Душанбе оварданд.
"Вақте мо ба хона баргаштем, дидем, ки ошёнаҳои дуюм ва сеюм нестанд. ҳамон вақт ман ҷиддияти ҷангро дарк кардам".
Вақте мо ба хона баргаштем, дидем, ки ошёнаҳои дуюм ва сеюм нестанд. ҳамон вақт ман ҷиддияти ҷангро дарк кардам. Ба хонаи мо снаряд расида буд ва хонаи сеошёна ба якошёна табдил ёфта буд. Ман ба боло баромадам ва дидам, ки девори бетонӣ фурӯ рафта, тирезаҳо паридаанд ва фасад, тарафи қафои бино ҳама сурох шуда буданд. ҳамин лаҳза ман дарк кардам, ки инҷо ҳама ҷиддӣ аст.

Баъдан ҳамсояҳо, дӯстон. шиносҳо нақл карданд, ки онҳо ин ҳамаро чӣ тавр пушти сар карданд. Лаҳзаҳои хандаовар ва даҳшатовар низ буданд. Вақте шабона машина назди хона қарор мегирад, ту ба фикр фурӯ меравӣ: «Барои кӣ омада бошанд? Шояд ҳоло тақ-тақи дар мешавад ва ҳодисае рух медиҳад».
Аз ҳама хотироти рӯшан ин аст – вақте мо дар даҳлез гарм мешудем, он замон гармидиҳии марказӣ кор мекард. Даҳлез маҳкам буд, дари оҳанин дошт, ногоҳ тақ-тақи дар шуд. Дарро мо кушодем, як марди ҳарбӣ дохил шуд, писарчаи ҳамсоя ӯро шинохта, ҳолпурсӣ кард. Мард низ ба ҳолпурсии оғоз кард, онҳо чӣ тавр зиндагӣ мекунанд, волидонаш чӣ ҳол доранд, баъдан мепурсад: «дар хона «вовчик» ҳаст? Омӯзгорон ҳаст? Демократҳо?» Бо чӣ сабабе ба онҳо омӯзгорони таърих ҷолиб буд. Гуфт, агар бошанд, кӯдакон метавонанд иҷораҳои онҳоро вайрон кунанд, ва худи ӯ бо иҷоракорон сарукор мегирад.

Дар ҳамин ҳолатҳо ту ба хотир меорӣ, ки бо кӯдакони ҳамсоя чӣ муносибате дорӣ, ягон касро наранҷонидаӣ? Оё касе нисбати ту кина надорад? Онҳо метавонистанд бигӯян: «Дар инҷо волидони ӯ таърихнигоранд, ва умуман онҳо демократ ва ғармӣ ҳастанд». Яъне, ин се саволи асосӣ дар хусуси ман буданд. Ва ҳамин воқеияти мо буд. Танҳо, ҳамин ки ту вақти футбол нохост пойи кӯдаки ҳамсояро зер кардаӣ, вай метавонад аз ту қасд гирад ва тамоми зиндагии оилаи туро чаппа кунад. Ин яке аз ҳама эҳсоси аҷиб ва даҳшатовар аст, ки таҷриба кардам.
Пас аз таътили калон ман ба мактаб баргаштам, ба гуруҳҳо ҷудо шудани «вовчик» ва «юрчик» оғоз шуд. Бо одамоне, ки ту то ин лаҳза муносибати хуб доштӣ, ногаҳон туро дигар гуна қабул мекунанд – ин воқеияти мактабии он солҳо буд.

Солҳои ҷанг ман тавонистам мактабро тамом кунам ва ба Донишгоҳ дохил шавам. Дар соли якум моро барои ҷамъоварии пахта равон карданд, дар байни мо онҳое буданд, ки волидонашон дар вазифаҳои кумитаи ҳизби демократӣ буданд, ҳар гуна низоъҳо сар шуд, ду нафарро бо корд заданд. Боз ҷудоиандозӣ сар шуд, ҳар кас ба ёд овард, ки кӣ ҳаст .

Аммо бахти мо омад карда буд – гуруҳи мо бо ҳамдигар дӯст буданд, барои ҳамин дар дохили гуруҳи мо мушкилиҳои махсус набуд. Аммо мо донистем, ки дар бинои дигар, дар толори варзишӣ донишҷуёни муҳосибиро ҷойгир карданд, бо кадом сабабе намояндагони вилояти Хатлонро бо ҳам муттаҳид карда буданд. Мо фаҳмидем, ки онҳо ҳамсояҳои мо ҳастанд, аммо бояд бо онҳо бо эҳтиёт будан даркор, то дафъаи дигар рубарӯ нашавем, ҳаракат мекардем, ки аз як тарафи онҳо гузарем.
Баъдан, вақте мо аз истироҳат ба «ҷазира» (шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи Даалатии миллии Тоҷикистон - идора) баргаштем, хабар расид, ки падари як ҳамсабақамонро куштанд, вай ҳам аз ғарм буд. Ин бори дигар ба ман ёдрас кард, ки ҷуғрофияи маҳали ман бехатар нест.

ҳамин тавр, бо гуруҳамон бахти ман омад карда буд, ҳама одамони боақл буданд. Аммо ман медонам, ки на ҳама гуруҳҳо чунин буданд. Дар дигар гуруҳҳо озори ҷинсӣ буд. мутаассифона, ҷангиён ва силоҳ он замон маъмулӣ буданд, ҳолатҳое шуд, ки донишҷӯён бо яроқ меомаданд ва муаллимонро таҳдид мекарданд. Кӯшиш мекарданд вақти имтиҳонсупорӣ ҷангиёнро биёранд, то муаллимон баҳояшонро гузоранд.
Охирҳои соли 4-уми таҳсил, моҳи июли соли 97-ум ман ба ҳайси тарҷумон дар Комиссияи оштии миллии оид ба сулҳ ба кор сар кардам. Он вақт онҳо аллакай созишномаи сулҳро имзо карда буданд, онҳоро дар меҳмонхонаи «Вахш» ҷойгир намуданд. Маро зарур буд, наздашон равам, ҳуҷҷатҳоро тарҷума кунам, ба вохӯриҳо рафта, тарҷумаи шифоҳӣ намоям. Ман ҳамеша ҷангҷӯёнро бо автомату муҳофиз медидам.

Як маротиба вақте ман бояд онҷо мерафтам, миёни онҳо ким-чихел низоъ буд. Назди дар рафтам, ки нохост садои тирро шунидам – касе ҷониби касе тир холӣ кард. Ман шунидам, ки касе ба замин афтид, ва аз роҳам қафо гаштам. Фикр кардам, чӣ лозим аст дар ин вақт силоҳбадастонро асабӣ кардан. Ба қароре омадам, ки ба бинои чорошёна, ки ҳоло мағозаи «Волна» аст, дар ягон даҳлез пинҳон шуда, ҳал шудани низоъро интизор шавам. ҳамин ки дохили даҳлез шудам, аз онҷо се одами силоҳдор давида баромаданд, яке аз он дар даст автомат дошт ва лентааш овезон. Давон аз ман пурсид, ки ман ягон шахси силоҳдорро надидам, ман бошам шах шуда истодам. Баъдан онҳо гурехта рафтанд, вале ман ба хулосае омадам, ки ба ин даҳлез ворид нашавам. Тариқи бозори «Зелений» ба Донишгоҳ баргаштам ва ҳамон рӯз ман дигар ба меҳмонхонаи «Вахш» нарафтам.
Мамлакат, дар солҳои ҷанг 21 сола буд.
Қубодиён, Тоҷикистон
- Ин охирҳои октябри соли 92-юм буд. Ман дар маркази ноҳияи Кубодиён зиндагӣ мекардам, овоза шуд, ки Фронти халқӣ омада истодааст. Дар шаҳри мо он замон тоҷикони зиёди ба ном «мухолифини маҳаллӣ» - ғармиҳо, дарвозиҳо, помириҳо зиндагӣ мекарданд. Умуман, шаҳри байналмилалӣ буд – бисёр олмониҳо, ӯзбекҳо, тоторҳо, киҳое набуданд, - ман худам қирғиз-тоҷикам. Он замон ҳама чизҳои худро ҷамъ намуда, гурехтанд. Ман аз тиреза медидам, ки чихел ҳама мераванд, тақрибан дар чанд рӯз шаҳр холӣ шуд.

Бародари калонии ман ҳам чизҳои худро ҷамъ намуда, хост ба Афғонистон гурезад, қариб ҳама корҳояш ҳал шуда буд. Вай то сарҳад рафт ва бояд онро мегузашт, аммо ба гуфтаи шиносҳо, ки ҳамроҳаш буданд, вай чизеро дар шаҳр фаромӯш карда буд ва баргашт. Мутаассифона, вай то шаҳр баргашта натавонист, дар роҳ ӯро дастгир карда, ба қатл расониданд. Мо то ҳол намедонем, ки қабраш дар куҷо аст ва ӯро дар куҷо гӯронидаанд.

Баъдан, роҳҳоро махкам карданд, даромадан номумкин буд – ӯро дар худи ҷояш ба қатл расониданд.
Яке аз бародаронамро дар назди ман бо худ бурданд. Дар моҳи ноябр мо бо коре ба қитъаи Фароғат чандрӯза рафтем, ба воситаи деҳаи қурот баргаштем ва дар хонаи шиносҳоямон мондем,зеро дар он ҷо миқдори зиёди ҷангҷуён дида мешуд. Мо ба ноҳияи қубодиён ба қудоямон занг задем ва гуфтем, ки мо дар куҷо ҷойгир ҳастем, то моро аз он ҷо гиранд.«Ба ягон ҷо наваред, моро интизор шавед, мо ҳозир мерасем», - гуфтанд ба мо.

Бародари ман десант буд, тамоми Афғонистонро гузаштааст, вай хеле ҷавони солим ва қоматбаланд буд. Дар ҳоле ман хомуш нишаста, дар хонаи шиносҳоям пинҳон шуда, хешовандонамро интизор будам, бародарам доимо аз хона ба ҳавли мебаромаду медаромад. ӯро аз дарвоза ҷангҷуён дида, ба ҳавлӣ даромаданд ва гуфтанд, ӯ бо онҳо равад. Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки монад, аммо мутаассифона интихоби дигар набуд. Хешовандон сари вақт ӯро гирифта натавонистанд.
Ӯро 14-уми ноябр дар қурот ба қатл расониданд, устухонҳои ӯро мо баъди 8 сол пайдо кардем. Онҳо 5 нафарро парронда, ба даруни бетон андохтанд, барои он ки онҳо дар Афғонистон хизмат карда, гӯё «мусулмонҳоро қатл кардаанд».

Ҷояшро нафаре, ки чӣ тавр онҳоро парронданд, ба мо нишон дод. Мо солҳои зиёд ҷои аниқро мекофтем, тамоми замини ин қитъаро тагурӯ кардем, аммо чизе пайдо накардем, танҳо плитаи бетонӣ монда буд. Дар натиҷа ба шикастани бетонҳо шуруъ кардем. Чизи аввале ки ман дидам, - пойафзоли вай буд. Ин ҳамон пойафзоле буд, ки рӯзи охир, вақте якдигаро дидем, дар пояш буд.

Вақте боқимондаҳои ҷасадро кашида бароварданд, косахонаи сари ӯро бо тири дар пешониаш зада, ба ман доданд, бо вуҷуди он ки 8 сол гузашта буд, устухон буд, вале шакли рӯи бародарамро шинохтам. Устухонҳои ӯро дарҳол аз дигарон ҷудо карданд, ӯ дар миёни дигарон аз ҳама инсони тануманд буд. Ба нақли марди шоҳид, ба ӯ якбора 6 тир холӣ карда буданд. Баъди ин ӯ ба сӯи қотил дод задааст, ки: «Агар мехоҳед кушед, кушед». Баъди ин ӯ тири охиронро дар пешониаш хӯрдааст.
Хаспаллаев³ - фармондеҳи ноҳияи қубодиён.
Бачаҳоеро, ки ҳамроҳи ӯ куштанд, ҳамаашонро ман мешинохтам, ҷавонони хуб ва бегуноҳ буданд. Ман аз рӯзи маргаш 40 рӯз ҳисоб кардам ва назди раиси маҳалла Хаспаллаев³ рафтам, то барои ман гузарнома нависад, то назди ҷангӯён ба масҷид равам ва аз онҳо гову равған талаб намоям.

«Ман ба ту гӯшт медиҳам», -гуфт вай, аммо ман гуфтам: «Гӯшт дорам, ба ман гов диҳед» (барои он ки қурбонӣ карда, тибқи расм хунашро резам – аз идора)

Хаспаллаев бо ман чун роҳбалад Шоҳимардонро ҳамроҳ кард. ин ҷавони қоматбаланд ва бисёр зебо буд, вай як дандони тилло ва хандаи баланд ва яроқ дошт. Мо бо Шоҳимардон масҷид рафтем, онҷо ҷангиён ҷамъ омада буданд. Он вақт ман тарс надоштам, баръакс ман нафрат ва қаҳр доштам.

Вақте мо масҷид рафтем, ман 25-30 дегҳои калонро дидам, вақте халқ гуруснагӣ мекашид, онҳо чизеро қайд мекарданд. Ман медонистам, ки ҷангиён тамоми чорпоёни мардумро ҷамъ кардаанд ва дар масҷид нигоҳ медоранд.

Вақте ман ба масҷид даромадам, ҳама ба ман нигоҳ карданд. Ман наметарсидам, ва мегуфтам агар дар дасти ман автомат медоданд, ман ҳамаи онҳоро онҷо мекуштам. Ман назди раисашон рафтам, қоғазро нишон додам ва гуфтам ба ман гов ва равған лозим аст.
«На гӯшт аст, на пул», - гуфт вай, ман сахт ғазаболуд шудам ва гуфтам: «Ха, пул нест , пас гиред» ва чорсад рубл рӯи мизаш партофтам ва маҳз гов талаб кардам!
Онҳо гов дода, дар қасобхона куштанд. Гов калон буд, беш аз 100кило гӯшт баромад. Пулҳои маро баргардониданд, гуфтанд равған нест. Мо тамоми гӯштро дар трактор овардем, ҳамроҳ бо мо ҷангиёни маст дар «Виллис» меомаданд. Онҳо бо суръати баланд меомаданд ва дар роҳи оҳан машинаашон чаппа шуд ва дасту пойҳояшон шикаст. Ман ба онҳо нигоҳ карда, мехостам онҳоро дар ҷояшон кушам.

Мо маъракаи калон кардем, дар ёдбуд одамони зиёд омаданд, аз ҷумла ҷангиён ва қумондонҳо.

Ман дастархони калон ва нушунеъмати зиёд оростам дар ҳамон шароит – ҳам мева, ҳам қанд, ҳама ҳайрон шуданд. ҷангиён ба ҳам паст мегуфтанд, ки: «Ин ҳамаро ӯ аз куҷо овардааст? Наход халқ чизеро аз мо пинҳон карда бошад».
Мастон, дар айни ҷанг 17 сол дошт.
Душанбе, Тоҷикистон.
Хоруғ, Тоҷикистон.
-Дар соли 1992 ман 17 сола будам, бародарам - 18 сола буд. Ман акнун ба ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - идора) дохил шудам. Мо ним моҳ таҳсил кардем. Рӯзи 20-уми октябр, ёд дорам, бародарам маро субҳи барвақт бедор карда гуфт: «Ба фикрам ҷанг сар шуд». Ман баъдан вақте худам садои гулдуроси артилерияи вазнинро зери тиреза шунидам, фаҳмидам, ки ин шухӣ нест.

Дар он рӯзҳо мо ҳатто метарсидем аз тиреза берун нигоҳ кунем, мабодо дар сарамон тир нахурем. Тақрибан 3-юм ё 4-ум рӯз тирпаронӣ хотима ёфт, ва мо аз хона тавонистем бароем, то ақаллан нон харидорӣ кунем. Шаҳр холӣ буд, танҳо дар назди корхонаи нонпазӣ анбуҳи бетартибонаи одамон барои нон истода буд.

Мо он вақт ҷиддияти вазъро намефаҳмидем, аммо медонистем, ки аксарияти одамон хонаҳои худро дар Душанбе тарк карда, ба шарқи «Помир» рафтанд. Мо то декабри соли 1992 дар Душанбе будем.
Аллакай миёнаҳои ноябр мо фаҳмидем, ки ҳамааш ҷиддӣ аст. Фаҳмидем, ки дар бархе ноҳияҳо тозакунӣ, аниқтараш ҳамшаҳриҳои моро меҷӯянд, ва ба қатл мерасониданд. Бисёр даҳшатнок буд.

Миёнаҳои ноябр мо аллакай ҳаррӯз нақлиёт мекофтем, то Душанберо тарк намоем, вале ҳамааш беҳуда аст. Ва танҳо 5-уми декабр мо нақлиёти самосвали роҳгузарро ёфтем. Моро дар ақиби мошин боз бо панҷ мусофири дигар савор карданд, ва мо ба Хоруғ сафар кардем.
Дар қафои мошин моҳи декабр хеле хунук буд. Бисёр даҳшат буд. вақте мо аз Душанбе мебаромадем, дар шарқ, ҳар лаҳза тирпарониро интизор мешудем. Ва танҳо дар Бадахшон расида, оромиро дидем.
Вақте мо дар Хоруғ расидем, хешовандон бовар кардан наметавонистанд, мо аз ин ҷаҳаннам баромадем. Барои он ки он рӯзҳо тақрибан ҳаррӯз хабарҳо мерасид, ки касе аз моро дар Душанбе ва ё ноҳияҳои дигар парониданд ё ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. ҳаёти ҳамаи одамон он солҳо тағйир ёфта буд.

Касе намедонист, ки оянда чӣ мешавад. Ҳар кас чихеле метавонист зиндагӣ мекард.
AKDN⁴ (Aga Khan Development Network – Шабакаи Рушди Оғо Хон (идора).
Дар соли 1993 аллакай намояндагони AKDN⁴ ба Помир омаданд ва аллакай ёриҳои башардӯстонаро барои тамоми аҳолии ВМКБ аз қабили орд, равған, шири хушк, маводи донагӣ ва ғайраро ба роҳ монданд. ҳукуматҳои маҳаллӣ таъҷилан тавонистанд теъдоди аҳолиро, бо шумори гурезагон ва меъёр ба сари ҳар нафар ҳисоб кунанд. Метавон гуфт, АКDN дар он солҳо ба аҳолӣ барои зинда мондан кӯмак кард, ки ҳар як сокини ин минтақа аз фонд миннатдор аст. Ин кӯмакҳо то оғози солҳои 2000-ум давом кард.

Дар баробари ин AKDN лоиҳаҳои худро дар ҳудуди вилоят кушод ва ин барои бисёриҳо дар таъмини кор ва маоши хуб дар он солҳо кӯмак кард.

Дар ҳаёти ман низ фонд нақши калон дорад. Ман гирандаи идрорпулии фонд шудам ва соли 1993 барои таҳсил ба Русия рафтам. То соли 2001 ман дар Тоҷикистон набудам. Ва зиндагӣ аллакай дар онҷо хуб шудааст.
Аммо ҳамаи ин барои насли дар он солҳо зинда монда, сабақи хуб буд. Зеро ҳар гуна андешаи ба касе силоҳ бардоштан, касонеро, ки аз ҷанг наҷот ёфтаанд, ба ҳарос меорад.

Вале насли нави ҳамаи инро надида, серупур зиндагӣ карда, инро намефаҳмад. Ва боз ҳам ҷудосозии минтақаҳо эҳсос мешавад.
Шуҳрат, дар аёми ҷанг 8 сола буд
Душанбе, Тоҷикистон

Мо дар 91 мкр. зиндагӣ мекардем. Биноҳои моро чаро ки хонаҳои «ЦКовскими» мегуфтанд. Шояд, барои он ки ҳамсояҳои мо мансабдорони давлатӣ, рӯзноманигорони шинохта ва шоирон буданд.

Ман ҳамаи онҳоро ёд надорам, касонеро, ки мешинохтам, ин Лоиқ Шералӣ ва Амирқул Азимов буданд. Ман 8 сола будам… ман на дар бораи даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, на дар бораи он ваҳшониятҳо, ки дар кишвар рух медоданд ёд надорам. Тамоми дунёи мо дар дохили ҳудуди ҳуҷраи худ буд, ки ба мо иҷозат намедоданд ба берун бароем.

Ҷанги шаҳрвандӣ барои ман як бозии интерактивӣ буд, ки ҳама бозӣ мекарданд: аз кӯдакон то калонсолон.
Ёд дорам модарам ман ва додарамро соати 3-и шаб бедор кард, ки ҳамроҳаш то наздиктарин гастроном рафта дар навбати нон истем. Нонро он вақт, ба фикрам танҳо 2 донаӣ ба ҳар як нафар медоданд.

Мардҳои бинои мо барои ҳимояи хонаҳо аз ҷангҷӯён ва ҷинояткорон, ғоратгарон ҳайати дружинаро ташкил намуданд ва тамоми шаб дар гирди оташ навбатдор меистоданд.

Мо дар ошёнаи чорум зиндагӣ мекардем ва ҳамсояҳои мо, ки дар ошёнаҳои якум ва дуюм зиндагӣ доштанд, дар ҳуҷраҳои мо шабро рӯз мекарданд, зеро буданд ҳолатҳое, ки дар ҳуҷраҳо гранат ва маводҳои даргиранда мепартофтанд.

Як ҷанговари Народный фронт (Фронти халқ) ёд дорам, ки дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекард. Вай собиқадори ҷанги Афғонистон буд ва ӯ ҳамеша то даҳонаш мусаллаҳ буд. ҳамчунин сарбозоне, буданд, ки бинои моро муҳофизат мекарданд, мо наздашон мерафтем, то автомати ҳақиқӣ ва ё пистолетро ба даст гирем.
Народный фронт⁵
Ҳаракати ҳарбӣ-сиёсӣ, ки ҳукуматро алайҳи Анҷумани мухолифини тоҷик дастгирӣ мекард.
Боре ҳамсояи мо, даҳлезро шустушӯ мекард, маро даъват карда, пурсид, ки дар зери яке аз машинаҳо чизе аст. Ман хам шуда нигоҳ кардам, ва як ашёи гирди хурдакакро дидам. Вақте ман онро гирифтам ва болои сарам бардоштам. Бо тамоми овоз дод задам: «ГРАНАТА!». Дар як лаҳза назди бинои мо холӣ шуд. Дар дасти ман РГД-5, гранатаи дастӣ буд.
Аммо фоҷиа аз «майдон»-и мо ҳам бетараф нагузашт. Наздики зимистон, ёдам ҳаст, ки дар як нуқтаи холӣ рӯзноманигор, ки ҳамсояи мо буд ва ахлот мепартофт, кушта шуд.

Тақрибан, ҳамонрӯз дар машинаи худаш як корманди сафорат низ бо автомат парронида шуд. Вай аз тавақуфгоҳи худ, ки дар таги тирезаи мо буд, мебаромад. Дар паҳлӯи вай писараш, ки шояд 5 сола ҳам набуд, қарор дошт.

Писарча зинда монд.

Ҳолатҳое буданд, вақте мо манзараеро назорат мекардем, ки «Волга»-и зард назди бинои «ЦКовском» меомад, аз дохилаш чанд нафар силоҳбадаст фаромаданд ва аз як хона ба хонаи дигар тир холӣ мекарданд. Он замон маро хобҳои даҳшатнок думболагир буданд, ки ман ё наздиконам кушта шудем.
Маводи мазкур дар доираи барномаи ментории лоиҳаи «Рушди ВАО-и нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иниститут оид ба инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR)бо дастгирии ҳукумати Бритониё амалӣ мешавад, омода шудааст. Муҳтавои мавод нуқтаи назари расмии IWPR ва ё Бритониёро инъикос намекунад.
Муаллиф
Динора Камолова
Муҳаррир
Марат Мамадшоев
Ороиши тасвирӣ,
Расмҳо
Насиба Каримова
Александр Макаров,
РИА новости
Brian Harrington Spier
Аттар Аббас
Радио Озоди
PACCAUD Claude, CICR
Malcolm Linton,
Getty Images
Ороиш
Динора Камолова