Cabar.asia
Худкушии занон
дар Тоҷикистон

Ҳамасола дар Тоҷикистон садҳо зан кӯшиши худкушӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, сабаби аслии ин ҳодисаҳои фоҷеабор низоъҳо ва хушунати хонаводагӣ мебошад.
Тибқи маълумотҳои Маркази ҷумҳуриявии клиникии равоншиносӣ, 90%-и худкушӣ занонро ташкил медиҳад. Аз соли 2015 шумораи онҳо хеле зиёд меафзояд нишондиҳандаҳо дар давоми якуним соли ахир хеле афзудааст.

Ба маълумоти Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2021 135 ҳолати худкушӣ миёни занон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 4 ҳолат кам мебошад.

Сабаби асосии инро Холматова Лола хушунати хонаводагӣ, муҳоҷирати меҳнатии шавҳарон ва падарон, вазъи ноустувори молии зиндагӣ медонад. Акнун боз як мушкили дигар зам шудааст – пандемия ва оқибатҳои он.
Хоҳаршӯи оштинопазир
Дар синни 21-солагӣ Шукронаро зӯран ба марди 56-сола ба шавҳар доданд. Қарор дод бо тақдир тан диҳад. Як муддати аввал ҳамааш хуб буд, Ҳатто бо марди бегонаи «калонсол» оддат ҳам кардам. Оромии зиндагии моро танҳо хоҳаршӯй, ки ҳамроҳамон зиндагӣ мекард, вайрон сохт. Хоҳаршӯй ҳар коре, ки Шукрона анҷом медод, интиқод мекард. Шавҳар тасмим гирифт халал нарасонад.

Вақт мегузашт. Шукрона ҳомиладор шуд ва писар таваллуд кард. Вай гумон мекард, ки пас аз таваллуди кӯдак ӯро ба ин оила акнун қабул мекунанд ва зиндагиаш хуб мешавад. Аммо тақдир баръакс нишон дод. Акнун хоҳаршӯй натанҳо арӯсро, балки писари ӯро низ чашми дидан намекард. Вай ба ҳама хешону ҳамсояҳо гуфтааст, ки кӯдак аз дигар мард аст. Пас аз чанд моҳ бародарашро ҳам ба ин бовар кунонд.

Шавҳари Шукрона ҳеҷ гуна ҳақиқатро шунидан намехост. Вай занро латукӯб мекард. Баъдан ба хонаи волидон ва ба кӯча баромаданро барояш манъ кард. Кӯдак худ ба худ калон мешуд: барои вай касе маблағ намедод, касе нигоҳубин кардан намехост. Дар як ҷанги занҳо мард худро дошта натавониста, «3 бор талоқ кардам»-ро ба забон гирифт. Шукрона пас аз ин хомӯшона аз хона баромад ва ба анбор даромада, худашро оташ зад

Парвандаи ҷиноӣ кушода нашудааст. Ҳодисаро ҳамсояи Шукрона нақл кард.
Недовольная свекровь привела в дом вторую жену
Насиба дар оилаи хубу обод ба воя расидааст. Маълумот гирифта, ба кори хости дилаш шурӯъ кард ва бо муҳаббат оила бунёд намуд. Чизи ягонае, ки хушбахтии ӯро халалдор мекард – вай фарзанд намеёфт. Дар аввал шавҳараш дастгириаш мекард, ҳамроҳаш назди табибон мерафт. Бо гузашти панҷ сол, онҳо ба тақдир тан доданд. Сипас аз ноҳия модараш барои табобат омад ва як сол бо онҳо монд.

Ҳар шаб модаршӯй «тасодуфан»кӯдакони хешовандонро ёдрас шуда, аз он мегуфт, ки вай ҳам орзӯи наберадор шуданро дорад. Пас аз як сол зан ба писараш пешниҳоди зани дуюмро кард, ҳатто номзадҳоро ҳам ёдрас мешуд ва ҳамаи инро дар назди Насиба мегуфт.

Насиба ба худ ҳамаи инро пинҳон медошт, то нимашаб кор мекард, хӯрок кам мехӯрд. Як рӯз модаршӯяш ба хона занеро ба ҳайси ҳамсари дуюм ва модари кӯдак овард. Шаб бо ҷанҷол гузашт. Баъди се рӯз Насиба худро аз тиреза партоф. Пас аз се моҳ шавҳараш оиладор шуд.


Парвандаи ҷиноятӣ боз нашуд. Ҳодисаро хоҳари Насиба нақл кард.

Акс: https://www.wattpad.com/
Шавҳар писар мехост
Духтараки хурдсол Зулайхо дар 9 солагӣ падарашро аз даст додааст. Аз сабаби он ки дар оила боз панҷ нафари дигар кӯдак буд, маҷбур шуд мактабро партофта, ба саҳро кор барояд. Вақте духтарак ба синни 16 солагӣ расид, ӯро ба як хешованди дур ба шавҳар доданд.

Шавҳараш бо ӯ муомилаи хуб дошт, аммо байнашон муҳаббат набуд. Зулайхо ҳама корро анҷом медод, то муҳаббати шавҳарро ба даст орад. Бо ташаббуси модаршӯй бисёр корҳоро бояд иҷро мекард: хӯроки пухтаи келинро чаппа мекрданд, либосҳое, ки мешуст, маҷбураш мекарданд, чандбора бо даст шӯяд, аз ҳама бадаш дар он буд, ки Зулайхо таваллуд намекард. Пас аз якуним сол духтар таваллуд кард. Зиндагӣ оҳиста хубтар мешуд: шавҳараш хурсанд буд, кӯдак солим калон мешуд.

Пас аз як сол духтари дуюмаш таваллуд шуд. Ин бор шавҳараш норозӣ буд – вай писар мехост. Ҳамарӯза вай маст хона меомад ва ба ҳамсараш мегуфт, ки вай зан нест, вақте барои шавҳар ворис таваллуд карда наметавонад. Ҳамин суханҳоро хушдоманаш низ такрор мекард.

Зулайхо аз хонаи шавҳар баромада рафтан ҳам наметавонист: бо ду кӯдак дар хона ӯро қабул намекарданд ва ӯ шавҳарашро ҳам дӯст медошт. Пас аз таҳқирҳои навбатӣ духтар рагҳои худро бурид. Зулайхоро тавонистанд наҷот диҳанд. Аммо муносибат бо ӯ бадтар шуд. Шавҳараш зани дуюм гирифт, барояш хона сохт ва ҳоло онҳо ҳамроҳ писарашонро калон мекунанд. Зулайхо бо модаршӯй ба ҳайси хизматгор зиндагӣ мекунад, кӯдаконаш ба касе лозим нест.


Парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Ҳодисаро худи Зулайхо нақл кард.

Духтар рагҳояшро мисли модар бурид
Шавҳари Наргис, вақте ӯро партофт, ҳомиладор буд. духтар маҷбур буд, хонаи падараш баргардад. Падар бо дили нохоҳам духтарашро қабул кард. Қариб ҳаррӯз бо Наргис ҷанг мекард, ӯро бероҳа мегуфт, баъзан ҳатто мезад. Духтар ба ҳамааш ба хотири фарзандаш тоб меовард. Пас аз чанд моҳ духтараки зебо таваллуд кард, кор ҳам пайдо намуд, зиндагӣ каме беҳбудӣ ёфт, аммо муносибати падараш мисли пештар буд, Наргис бо захмҳои кабуд кор мерафт.

Кӯшиши аввали худкушӣ дар назди духтараш шуд. Пас аз як ҷанҷолҳои навбатӣ бо падараш духтар дар назди кӯдаки шашсолааш бо корди калон рагҳояшро кушиши буридан кард. Барояш дигар фарқ надошт.

Кӯшиши дуюм вақте рух дод, ки духтараш ҳаштсола буд. Наргис дору хӯрд. Ин бор низ дар назди кӯдак. Ӯро наҷот доданд. Мушкилот бо падар, ғайбатҳои мардум, ҳамаи ин ба духтар фишор меовард ва ҳамаи ин кӯдакро мешикаст.

Ҷанҷолҳои шашсола ва заҳри оилавӣ аллакай духтари вай ҳам кӯшиши худкушӣ мекунад ва ӯ мисли модараш рагҳояшро бурид. Кӯшиши дуюм дар ҳамин сол гузашт. Маротибаи сеюм – пас аз як сол. Дар соли 2019, ин маротиба кӯдак дору мехурад. Ҳоло духтар 17 сола аст ва ӯ аллакай се маротиба кӯшиши худкушӣ кардааст.

Парвандаи ҷиноӣ дар ягон ҳолати кӯшиши худкушии Наргис ва духтараш боз нашудааст.

Акс: https://www.webmd.com/
Зан натанҳо шавҳар, балки тамоми аҳли оилаи ӯро бояд қабул кунад
Ба ақидаи ҷомеашносон, сабаб аслии худкушӣ миёни занон дар Тоҷикистон пеш аз ҳама муносибати хонаводагӣ аст, ки миёни зану шавҳар ба вуҷуд меояд.

«Ин пеш аз ҳама, хушунат дар оила рух медиҳад, вақте шавҳар ба ҳамсари худ даст мебардорад, рӯхан ба вай фишор меорад ва зан роҳи наҷотро дар худкушӣ мебинад. Ин барои он рух медиҳад, ки бештари занҳо аз ғайбати хешу табор ва ҳамсояҳо метарсад. Зӯровариро пинҳон медорад ва хомӯширо ихтиёр мекунад. Дар натиҷа, тағийроти равонӣ ба вуҷуд меояд ва занро ба худкушӣ мерасонад», мегӯяд ҷомеашинос Лола Холматова.

Сабаби дигар метавонад зулми хушдоман бошад, шахсияти келинро паст мезанад, бо ӯ мисли хизматгор муносибат мекунад.

«Дар оилаҳои тоҷик чунин қабул шудааст, ки зан натанҳо ба мард ба шавҳар мебарояд, балки ба тамоми аҳли оилаи он, ки бояд ҳамаро ризо кунад, дар ҳамин ҳол ҳуқуқи овози худро надорад», - мегӯяд Лола Холматова. Вай ҳамчунин фоҷиаи дар Норак рух додаро, ки зан бо чор кӯдакаш худро ба дарё партофт, ёдрас шуд.

«Дар натиҷа ин дар ҷомеа сару садоҳои зиёдро ба бор овард ва натанҳо сабабгори ба худкушӣ оварда расонидани зан ва кӯдакон маълум гардид, балки манбаи он низ. Маҳз хоҳаршӯи чордаҳсолааш, ки ӯро то ин ҳолат оварда расонид, будааст», - гуфт Лола Холматова.

Ҳомии ҳуқуқ, директории ТҶ «Ғамхорӣ» Мадина Низомова ҳамчунин мегӯяд, ки занҳое, ки бештар дар оила хушунат мебинанд, бештар худкушӣ мекунанд.

«Инро таҷрибаи мо нишон медиҳад. Ҳангоми суҳбат бо қурбониёни хушунати хонаводагӣ амалан ҳамеша дар бораи кӯшиши худкушӣ шунидан мумкин аст: ҳолатҳое буданд, ки зан чанд маротиба кӯшиши ин корро кардааст, аммо ӯро наҷот додаанд», - мегӯяд Мадина Низомова.

Ифтихор Камолов, ҷонишини директори Маркази клиникии равонӣ сабабҳои паҳншудаи зерини худкушӣ миёни занҳо дар кишварро номбар кард:
Омода набудан аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва равонӣ
Духтарлоне, ки дар синни барвақт ба шавҳар мебароянд, аксар вақт аз ҷиҳати равонӣ омода нестанд, вазъиятро одатҳои бади шавҳар, ки касе намедонист, бадтар мекунад.
Издивоҷ бо қарори аъзои оила
Вазъ вақте бадтар мешавад, агар арӯс дӯстдошта дошта бошад. Ин аксар вақт бо кӯшиши худкушӣ ё пеш аз тӯй ё баъд аз он, агар аз ҷониби оилаи шавҳар фишор оварда шавад, анҷом меёбад.
Сатҳи пасти иҷтимоӣ-иқтисодии зиндагӣ:
Сатҳи пасти савод, омода набудан ба зиндагии оилавӣ, истифодабарии маводи нашъа, машрубот ва ғайра.
Оилаҳои носолим ва камбизоат
Марг ва ё рафтани волидайн тамоми масъулияти нигаҳдорӣ ва тарбияро бо дӯши аъзои калонсоли оила вогузор мекунад, ки ин боиси беназоратии фарзандон мегардад. Онҳо, дар навбати худ худро партофашуда ва нолозим эҳсос мекунанд ва худро ба ҳолати душвори равонӣ меоранд.
Нофаҳмӣ дар оила
Фишор аз ҷониби оилаи шавҳар, муносибат бо келин чун хизматгор, ҳама намуди зӯроварӣ болои вай, хиёнати шавҳар, муҳоҷирати тӯлонӣ бе дастгирии оила ва ғайра.
Ҳолатҳои монанад дар оила.
Агар яке аз волидон худкушӣ карда бошад, пас кӯдак низ аниқ кӯшиш мекунад онро такрор намояд. Ин васвосӣ кӯдакро таъқиб мекунад, хусусан агар ӯ дидааст, ки шахси наздикаш ин корро карда бошад.
Роҳбари шӯъбаи фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшов қайд мекунад, ки ислом худкуширо маҳкум мекунад.

«Шояд сабаби ин ҳодисаҳои фоҷиавӣ мушкилоти иқтисодӣ дар оила бошад. Аммо мо сабаби аслии ин падидаро паст будани дониши диниву ахлоқии ин тоифа мешуморем. Дар баробари ин, омилҳои дигаре аз қабили бекорӣ, бадахлоқӣ ва тарбияи нодурусти оилавӣ вуҷуд доранд», - мегӯяд Хомушов.

Мушкилот инчунин дар нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо худи худкушӣ низ мавҷуд аст.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, директори ТҶ\«Ғамхорӣ» Мадина Низомова, амалан парвандаи худкушӣ аз сабаби он ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хулоса медиҳанд, ки ҷабрдида бемории рӯҳӣ дошт, парванда то суд намеравад.

«Ман шабона аз кор баромала, хостам сайругашт намоям ва аз рӯи пул мегузаштам. Духтари ҷавонеро дидам, ки мехост худро ба дарё партояд. Дарҳол ба пулис занг задам. То омадани онҳо ман назди духтарак рафтам ва бо ӯ суҳбат кардам, ӯро ором намудам ва дар лаҳзаи охир ӯро боздоштам. Дар ин лаҳз кормандони пулис низ расида омаданд. Ман ба онҳо вазъро фаҳмонидам, ёри таъҷилиро даъват намудам, аммо ба ҷои он ки онҳо ҳолатро рӯшан намоянд, бо ӯ дағалона суҳбат намуданд. Вақте фаҳмиданд, вай аз деҳа аст, ба вай гуфтанд, ки худро куштан мехоҳи, бояд дар деҳаатон ин корро мекардӣ, инҷо баррои мо мушкил эҷод намекардӣ», – нақл кард як манбаъ аз Душанбе бо шарти махфӣ мондани номаш.

Ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Маркази исломӣ барои пешгирӣ чӣ корҳоро анҷом медиҳанд?
Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон
Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Обидҷон Шарипов, кумита «корҳои фаҳмондадиҳӣ» мегузаронад, то ин ки занҳо ба худкушӣ даст назананд.

«Ҳам дар Душанбе ва ҳам дар минтақаҳои дурдасти кишвар кормандони мо ин фаъолиятро пеш мебаранд. Барои пешгирӣ кардани худкушӣ барномаи махсус нест, зеро хеле душвор аст муайян кардан ва пешгӯӣ кардан, ки оё дар ҳақиқат зан худкушӣ кардааст ё не. Вале мо дар доираи ҳамаи барномаҳои худ барои пешгирии худкушӣ миёни занон кор мебарем», - гуфт Обидҷон Шарипов.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ
Ҷомеашинос Лола Холматова ба ин назар аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш аз ҳама барои пешгирии худкущӣ бояд нақша чорабиниҳои муайяни тартиб диҳад.

«Аз ҷумла, тадбирҳои пешгирикунанда коркард шуда, тренингҳои психологӣ ва ғайра гузаронида шавад. Инчунин аҳамияти созмонҳои расмӣ ва ғайрирасмиро қайд менамоям, ки бояд натанҳо занҳоеро ошкор намоянд, ки хоҳиши худкушӣ доранд, балки ба онҳо ёрӣ диҳанд то аз ин вазъ бароянд», - мегӯяд ҷомеашинос Лола Холматова.
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбари шуъбаи фатвои Маркази исломи Ҷумҳурии Тоҷикистони Ҷамолиддин Хомӯшов иттилоъ дод, ки ба ҳама эмомҳои масҷидҳо дастур дода шудааст, ки дар рӯзҳои ҷумъа оид ба масъалаҳои ахлоқӣ «ба унвони огоҳӣ ба мардум аз чунин рафтори ғайриқонунӣ ва манфии он мавъиза кунанд, то одамон ҳушёр шаванд ва худ ва оилаҳои худро роҳнамоӣ кунанд».

«Ҳамчунин, андешидани чораҳои зерин хеле муҳим аст: ҷалби ҷавонон ба таълими дурусти динӣ ва дунявӣ, оид ба оқибатҳои манфии худкушӣ аз нуқтаи назари динию ҳуқуқӣ маълумот додан, кори тарғиботиро ба роҳ мондан, дар бораи ҳуқуқҳои тарафайни оила ва мавқеи он дар таълими динӣ. Тамоми ҷомеа: омӯзгорон, руҳониён, волидайн якҷоя бо ниҳодҳои дахлдор дар ин самт бояд корҳои назаррас анҷо диҳанд», - изҳор дошт Ҷамолиддин Хомӯшов.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Рушди расонаҳои нав ва журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Институти Инъикоси Ҷанг ва Сулҳ (IWPR) амалӣ мешавд, бо дастгирии Ҳукумати Бритониё таҳия шудааст. Мазмуни ин мавод нуқтаи назари расмии IWPR, ВКХ Норвегия ва ё Ҳукумати Бритониёро инъикос намекунад.
© 2021 All Rights Reserved
Facebook | land@scape.eu