cabar.asia
Тоҷикистон: Гирифторони ВНМО аз тамғазанӣ ва табъиз шикоят мекунанд

акс: picabu.ru
Бо вуҷуди он ки муносибат ба сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар ҷаҳон кайҳо бознигарӣ шудааст, дар Тоҷикистон ҳанӯз афроди мубталои ВНМО дар таҳсилу пайдо кардани ҷои кор бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Ҳатто табобат гирифтан дар дармонгоҳҳои муқаррарӣ низ баъзан барояшон имконнопазир мешавад.
Сарнавишти Нигина
Шаш сол пеш, ҳангоми ҳомиладорӣ ташхис нишон дода, ки Нигина (ном иваз шудааст) гирифтори ВНМО (ВИЧ) мебошад. Бо ҳамин душвориҳои ӯ дар зиндагӣ шурӯъ гардид ва пайваста мавриди табъиз қарор мегирад.

Вай бовар дорад аз шавҳараш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт, сироят ёфтааст, аммо ҳамсараш ин иддаоро рад карда, худи ӯро дар хиёнат муттаҳам мекунад.

"Шавҳари ман солҳои зиёд дар муҳоҷири корӣ қарор дошт. Вақте бори охир ба Тоҷикистон омад, ман бори дуюм ҳомиладор шудам. Ҳангоми муоинаи тиббӣ маълум шуд, ки ба ВНМО мубтало ҳастам. Табибон гуфтанд, ки шавҳарамро ҳам бояд муоина кунанд, аммо розӣ нашуд ва маро ба хиёнат муттаҳам карда, гуфт ки ман ӯро ба ин вирус сироят кардаам. Ман талош кардам ба вай фаҳмонам, ки ягон кори нодуруст накардаам ва намедонам чӣ тавр сироят ёфтаам. Аммо ба ҳарфҳои ман бовар накард ва маро "талоқ" дод", - мегӯяд Нигина.
Ба гуфтаи ӯ, пайваста бо бархӯрди манфии атрофиён нисбати худ ва фарзандаш рӯбарӯ мешавад. Нигина афзуд, дар ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба мубталоён ба ВНМО, бахусус агар онҳо зан бошанд, муносибати бад сурат мегирад. Мардум дарҳол гумон мекунанд, ки вай "бероҳагард" аст.

"Ташхис нишон дод, ки кӯдаки панҷсолаи ман низ гирифтори ҳамин беморӣ мебошад. Ӯро ба боғчаи кӯдакон бурдам, баъди як ҳафта гуфт, ки дигар ба он ҷо намеравад, зеро касе бо вай бозӣ намекунад. Назди мураббия рафтам, кушиш кардам бо ӯ суҳбат кунам, фаҳмонам. Аммо ҳамаи талошҳои ман беҳуда буд. Худи ӯ бовар дорад, ки писари ман барои атрофиён хавфнок аст. Маҷбур шудам, ки ӯро аз боғча бигирам. Ҳоло дар хона мемонад ва ҳатто ба кӯча намебарояд. Агар рафту ба кӯча ҳам барояд, пас аз 10-20 дақиқа гирякунон бармегардад. Ҳамсояҳо намегузоранд, ки фарзандонашон бо писари ман бозӣ кунанд. Хеле алам мекунад, ки писарам аллакай дар ин сину сол бо табъиз ва доғгузорӣ рӯбарӯ шудааст",-мегӯяд ӯ.
акс: pexels.com
Ба таъкиди Нигина, ҳатто аксар вақт табибон нисбат ба гирифторони ВИЧ (ВНМО) табъиз мекунанд. Чанд дандонпизишк баробари фаҳмидани он ки ба ВНМО сироят ёфтааст, розӣ нашудаанд, ки ӯро муолиҷа кунанд.
"Вақте назди табибон меравам, дарҳол мегӯям, ки ВНМО дорам. Моҳҳои зиёд аз дарди дандон азоб кашидам. Барои муолиҷа назди чанд дандонпизишк рафтам, вале баробари фаҳмидани бемории ман розӣ нашуданд, ки табобат кунанд. Танҳо як табиб, ки дӯстонам тавсия доданд, маро муоина ва табобат кард"
-мегӯяд Нигина
Нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи ВИЧ/СПИД ҳанӯз дигар нашудааст?
Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО, давоми 9 моҳи соли 2021 дар кишвар 732 ҳолати нави сироятёбӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, бар пояи омори Барномаи миллии мубориза бо ВНМО/БПНМ барои солҳои 2021-2025, теъдоди умумии гирифторони бемории ВНМО дар Тоҷикистон дар соли 2020 -- 11986 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 7698 (64,1%) мард ва 4288 (35,8 фоиз) зан мебошад.


акс: pexels.com

Тахмина Ҳайдарова, сарвари "Шабакаи тоҷикистонии занони гирифтори ВНМО" бар ин аст, ки бо вуҷуди раванди ҷаҳонишавӣ ва дастрас будани иттилои зиёд, ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз бо стереотип (қолиб)-ҳои кӯҳна зиндагӣ мекунад ва ба тамғазании афроди мубтало ба ВНМО давом медиҳад.

"Айбмонӣ, тамға ва табъизҳои куҳнашудае монанди "ВНМО вабои асри 21 аст" (ҳарчанд ВНМО як бемории идорашаванда аст ва барои ҷомеа хатаре надорад), "ВНМО бемории одамони бероҳагард аст" ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Азбаски мардум дар мавриди ин беморӣ иттилои кофӣ надорад, шахсони гирифтори ВНМО-ро ба кор қабул намекунанд. Ва агар дар ҷои кор фаҳманд, бо ҳар баҳона чунин одамонро аз кор ҷавоб медиҳанд. Одамони гирифтори ВНМО наметавонанд дар донишгоҳу донишкадаҳои тиббӣ таҳсил кунанд", - мегӯяд Ҳайдарова.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин тамғазаниҳо кайҳо куҳна шудаанд. Таҷрибаи чандинсола собит кардааст, ки бо рушди илми тиб афроди гирифтори ВНМО акнун метавонанд оилаи солим, фарзандони солим дошта бошанд ва барои дигарон безарар бошанд.
Қонунҳо дар бораи доғгузории мубталоёни ВНМО мукаммал нестанд
Ҳуқуқшинос Лариса Александрова мегӯяд, ҳам дар Кодекси ҷиноятӣ ва ҳам дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон муқаррароти мушаххас оид ба ҷавобгарӣ барои табъиз нисбати шахсони мубталои ВНМО вуҷуд надорад.

Дар моддаи 143-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – "Вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон" чунин таъкид шудааст:

"Қасдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита ё бавосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, молу мулкӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1130 то 2820 доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад".

Аммо ба гуфтаи Александрова, ин меъёрҳо камбудиҳои худро доранд.
акс: pinterest.com
"Чунон ки мебинем, дар ин модда дар мавриди нақзи ҳуқуқҳое, монанди вазъи саломатӣ гуфта нашудааст. Ва аслан, дар масъалаҳои ҷавобгарӣ барои табъиз ин рӯйхат набояд маҳдуд карда шавад. Ин нуктаро Кумитаи ҳуқуқи башари СММ низ дар мушоҳидаҳои ҷамъбастии худ барои Тоҷикистон дар соли 2019 қайд кардааст",-мегӯяд ҳуқуқшинос.
"Моддаи 17-и Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ баробарии ҳамаи одамонро дар назди қонун ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳоро бидуни табъиз аз рӯи як қатор аломатҳо кафолат медиҳанд. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз он нигарон аст, ки заминаи ҳуқуқии мавҷуда ҳимояи ҳамаҷониба аз табъизро аз рӯи ҳама аломатҳои тибқи Паймон манъшуда таъмин намекунад", - қайд мекунад Александрова.

Ба гуфтаи ӯ, дар моддаи 153-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - "Вайрон кардани қонунҳои меҳнат" барои нақзи ҳуқуқ ба меҳнат ҷавобгарии умумӣ пешбинӣ шудааст.
"Дидаю дониста ғайриқонунӣ аз кор озод кардани шахс, иҷро накардани қарори суд дар хусуси ба ҷои кори пештара барқарор кардан, ҳамчунин дигар ҳаракатҳои қасдан ва моҳиятан вайронкунии қонунҳои меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 5640 то 11290 доллар) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад",-илова кард ӯ.
Аммо тавре таҷриба нишон медиҳад, бо далели надонистани ҳуқуқҳои худ танҳо теъдоди ками шаҳрвандони мубталои ВНМО омодаанд барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба додгоҳ муроҷиат кунанд, таъкид мекунанд ин ду коршинос.
Ин матлаб дар доираи лоиҳаи "Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ", ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.
© 2022 All Rights Reserved
Facebook | land@scape.eu