cabar.asia
Тоҷикистон: Теъдоди қаллобоне, ки бо истифода аз беморону ниёзмандон дар интернет пул ҷамъ мекунанд, афзоиш меёбад
Дар Тоҷикистон кумак ба беморон ва ниёзмандон барои онҳое ки аз интернет фоида гирифтанро дӯст медоранд, ба як усули тарҳи қаллобӣ табдил шудааст. Коршиносон яке аз роҳҳои "ба дом"-и қаллобон наафтиданро дар баланд бардоштани саводнокии рақамии корбарони интернет мебинанд.

акс аз: 123ru.net
Райҳона Раҳимова соли дуюм аст, ки ба кори хайрия машғул аст. Ҳангоми ҳамагир шудани бемории COVID-19, вай гуруҳи "Ҳамроҳ ғалаба мекунем"-ро таъсис дод ва ҳоло низ кумак ба ниёзмандону беморонро идома медиҳад. Райҳона мегӯяд, ба назди ӯ афроди ниёзманду беморони зиёде меоянд ва онҳо ҳамроҳ бо ризокорон барои ҷамъоварии маблағ ва дигар кумакҳои зарурӣ талош мекунад.

Аммо ба гуфтаи ӯ, миёни муроҷиаткунандаҳо афроде низ ҳастанд, ки ҳадафашон ба даст овардани "пули бедарди миён" аст. "Занҳое буданд, ки аз бемории фарзандонашон истифода карда, мехостанд пули зиёд ба даст биёранд. Ё масалан, зане буд, ки модари пирашро барои талбандагӣ маҷбур мекард. Як донишҷӯ дар интернет аксҳои афроди дорои маъюбиятро паҳн карда, аз мардум пул ҷамъ мекардааст. Пас аз ошкор шудани чунин ҳолатҳо мо қабл аз расонидани ёрӣ ба мардум дурустии маълумотро аз ҳама ҷиҳат бодиққат тафтиш мекунем",- гуфт Раҳимова.

Вақтҳои охир чунин ҳолатҳо хеле зиёд мушоҳида мешаванд. Бо ёрии хайрхоҳон онҳо барои як духтари хурдсоли гирифтори бемории гидросефалия 5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 384 доллар) ҷамъоварӣ кардаанд. Бо ин пул барояш дастгоҳи лозимаро харидаанд, инчунин барои идомаи табобат ҳам як миқдор маблағ боқӣ мондааст.

"Аз беморхона ба ман занг зада гуфтанд, ки модар ба ӯ аҳамият намедиҳад ва табобат намекунад. Навори кӯдаки худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, кумак мепурсад. Одамони зиёде ба ӯ кумаки молӣ мекунанд, аммо зан фарзандашро хуб нигоҳубин намекунад. Вақте аз модари духтар пурсидам, ки чаро табобатро оғоз накардааст, чаро ба кӯдак ғизо надодааст, чаро дастгоҳеро, ки мо барои табобати кӯдак харидем, истифода намебарад, худашро пеши пойи ман партофт ва гуфт, ки ҳамаашро ислоҳ мекунад ва табобатро оғоз мекунад",- гуфт Раҳимова.


Муолиҷаи чунин беморон аз ҳисоби давлат ройгон сурат мегирад ва модари кӯдак бо баҳонаи табобат бо роҳи қаллобӣ аз одамон маблағи зиёд ҷамъ карда, қасд дорад барои худ хона бихарад,- мегӯяд Раҳимова.
акс аз: pexabay.com
Мусоҳиби дигари CABAR.asia, Хосият Ёрова чанд вақт аст, ки дар YouTube саҳифаи шахсии худро фаъол кардааст ва ҳоло беш аз 40000 обуначӣ ё пайрав дорад. Мегӯяд, зиёд мешавад, ки барои кӯмак ба ӯ муроҷиат мекунанд. Шиносҳо ва ё блогерҳои дигар ба ӯ видеоҳои мухталифро ирсол карда, хоҳиш мекунанд, ки тавассути саҳифаи худ дар паҳн кардани онҳо кумак кунад.

"Боре як блогнавис аз ман хоҳиш кард дар саҳифаи худ дар бораи як оилаи ниёзманд видео гузорам. Дар навор як зан аз зиндагии душвори худ қисса карда, аз афроди хайрхоҳ кумак мехост. Блогнависе ки ин наворро нашр кард, гуфт ки аллакай ҳудуди 17 ҳазор сомонӣ (наздики 1310 доллар) ҷамъоварӣ шудааст. Аз ман хоҳиш кард, ки рафта пули ҷамъшударо ба он хонавода бидиҳам ва бо сабт кардани навор нишон диҳам, ки пули фиристодаи хайрхоҳон то соҳибаш расидааст. Аввал бо ҳамроҳи хоҳари он зан ба бозор рафтем. Ҳама маводи лозимиро харида, ба хонаи онҳо рафтем", - нақл кард Ёрова.
Аммо вақте ба манзили онҳо мерасанд, маълум мешавад, ки сардори хонавода, ки қаблан хоҳари он зан гуфта буд, маъюб аст ва кор намекунад, дар ҷойи кор будааст.
"Вақте шавҳараш омад, дидем ки як марди бузургҷусса буда, ба одами маъюб монанд нест. Вақте шубҳа кардем, гуфтанд, ки ӯ аз дарди гурдаҳо сахт азият мекашад. Вақте пулро додем, зуд ҳисоб карда, ба кисааш гузошт. Блогнависе ки бо ман тамос гирифта буд, гуфт ки пулро муҳоҷирон ҷамъ карда, мехоҳанд аз шаҳри Кӯлоб барои онҳо хонаи сеҳуҷрагӣ бихаранд. Аммо онҳо эътироз карда, гуфтанд, ки дар Кӯлоб не, балки дар Душанбе хона мехоҳанд",- илова намуд Ёрова.
Баъдан маълум шудааст, ки онҳо оилаи ниёзманд нестанд ва дар навор фарзандони худро истифода бурда, бо ин роҳ хостаанд, аз саховатмандии одамон сӯйиистифода кунанд.
Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварии маблағ бо баҳонаи хайрия хеле маъмул шудааст. Ба гуфтаи блогнависон ва хайрхоҳон, вақте дар интернет навори нави беморону ниёзмандон пайдо мешавад, афроди ношинос зуд онро бо суратҳисобҳои бонкии худ дар саҳифаҳои мухталиф паҳн мекунанд. Бисёр одамон ба ин қаллобон бовар карда, ба суратҳисобҳои зикршуда пули зиёд интиқол медиҳанд. Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки блогнависон аз бесаводии ниёзмандон сӯйиистифода карда, барои худашон маблағи калон ҷамъ кардаанд.

Бар асоси маълумоти бархе шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон қаллобон аз кумак ба беморон, харидани ашёи рӯзгор барои ниёзмандон ва интиқоли ҷасади муҳоҷирони тоҷик барои сарватманд шудани худ истифода мекунанд.
акс аз: medrab.ru
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба CABAR.asia гуфт, далелҳои истифодаи мустақим аз сарнавишти мардум аз ҷониби афрод ё гуруҳи муайян расман сабт нашудааст.
"Аз ҷониби одамоне, ки аз номи онҳо шахсони дигар бо роҳи қаллобӣ пул ҷамъоварӣ карда бошанд, ягон муроҷиат ворид нашудааст. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксар вақт мушоҳида мекунем, ки бо истифода аз бечорагӣ, беморӣ ё марги муҳоҷирон бо роҳи қаллобӣ аз одамон пул ҷамъоварӣ мекунанд",- гуфт Маҳмадзода.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

"Соли гузашта пас аз муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои осебдидаҳо суратҳисоби махсус кушода шуд. Мақомот борҳо ҳушдор додаанд, ки ба суратҳисобҳои номаълум, ки дар кӯчаву шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанд, пул интиқол надиҳанд, ба ҳар кас бовар накунанд, зеро дар ин ҳолат афроди тасодуфӣ метавонанд аз вазъият истифода карда, пули "муфт" ҷамъоварӣ кунанд",-гуфт Маҳмадзода.

Коршиносон мегӯянд, дар ин мавридҳо бояд аз мантиқ истифода кард ва масъаларо бодиққат баррасӣ намуд.
Фариштамоҳ Гулова, коршиноси амнияти рақамӣ мегӯяд, ҳар қаллоб мехоҳад, ки маблағи муайяне ба даст биёрад ва барои расидан ба ин ҳадаф ҳама кори имконпазирро мекунад.

"Пеш аз ҳама, ҳар як корбар бояд дарк намояд, ки то ҳадди имкон бояд нишониҳои додашуда тафтиш карда шаванд. Яъне саҳифаи шахсе, ки дар бораи кумак маълумот нашр кардааст, то куҷо воқеӣ аст ва ин нафар то куҷо корбари фаъоли шабака аст?",- гуфт Гулова.

Ба гуфтаи ӯ, бештари корбарон ба чунин абзорҳо муроҷиат намекунанд. Мардум фикр мекунанд, ки ин кори хайр аст ва шарт нест, ки одам корҳои хайрашро оммавӣ кунад.

"Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бояд саводнокии рақамии худро беҳтар кунанд. Пеш аз ҳама, барои бехатарии худ, кортҳои бонкӣ ва маълумоти шахсии худро дар интернет ҷойгир накунед. Инчунин, вақте маълумоти инфиродии шахси сеюмро мебинед, бисанҷед, ки ин шахс то чӣ андоза ба кӯмак ниёз дорад. Ҳеч гоҳ аз савол додан шарм надоред",-гуфт ӯ.
Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR "Amplify, Verify, Engage: Information for Democratisation and Good Governance in Eurasia", ки аз ҷониби ВКХ-и Норвеж маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи "Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ", ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR, ВКХ Норвеж ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.
© 2022 All Rights Reserved
Facebook | land@scape.eu