CABAR.ASIA

Оё фановариҳои "сабз" системҳои муҳити зисти Помирро наҷот медиҳанд?

Дар мубориза бо табоҳии муҳити зист дар Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон нақши фановариҳои энержии сарфаҷӯёна батадриҷ барҷаста мешавад




Муаллифон: Ифтихор Миршакар ва Хушбахт Зайдулло

Иқлими сард, сатҳи болои фақру камбизоатӣ дар миёни мардуми маҳаллӣ ва гарон будани нархи манобеи энержӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони (ВМКБ) Тоҷикистон сокинонро маҷбур месозад, ки аз миқдори зиёде ҳезум барои гарм кардани манзилҳояшон истифода кунанд. Дар натиҷа, фишор бар захираҳои ҷангалӣ афзоиш меёбад. Коршиносони маҳаллӣ бар ин боваранд, ки густариши фановариҳои «сабз» дар ин минтақаи кӯҳистонӣ ва дурафтода метавонад вазъиятро беҳбуд бахшад.

Зимистони сахт, нодорӣ ва гаронии маводи сӯхт

Кӯҳистони Бадахшон, ки дар дунё бештар бо номи Помир машҳур аст, дар муқоиса бо манотиқи дигариТоҷикистон иқлими шадиду сардтаре дорад. Фасли зимистон инҷо дар ноҳияҳои мухталифаз 5 то 8 моҳ тӯл мекашад ва ҳарорати ҳаво дар баъзе аз ноҳияҳо дар моҳи январ то -50 дараҷаи Селсиюс коҳиш меёбад.

Бадахшон, ки 97 дарсади қаламрави он кӯҳистонӣ аст, аз фақиртарин манотиқиТоҷикистон ба шумор меравад.

Бар асоси омори Бонки Ҷаҳонӣ, сатҳи фақру камбизоатӣ дар Бадахшон ҳудуди 30 дарсадаст. Сатҳи миёнаи маош дар ин минтақа 1302 сомонӣ (баробари 115 доллари амрикоӣ) ва сатҳи ҳадди ақалли маош 400 сомонӣ (35 доллар) аст.

Дар Тоҷикистон, ба таври куллӣ, сатҳи миёнаи маош баробари 1447 сомонӣ (каме бештар аз 130 доллар) аст.

Дар ВМКБ барои гарм кардани хонаҳо миқдори зиёде аз маводи сӯхтӣ – ангишт, ҳезум ва саргини хушки ҳайвонот лозим аст. Мардуми маҳаллӣ вақт ва нерӯи зиёдеро барои фароҳамсозӣ ё хариди маводди сӯхт сарф мекунанд. Як тон ангишт дар Кӯҳистони Бадахшон аз 1800 то 2000 сомонӣ (159 - 177 доллар) ва як метри мукаъъаб ҳезум беш аз 100 сомонӣ (ҳудуди 9 доллар) аст.

Шаҳри Хоруғ,маркази идории ВМКБ.
Гаронтарин нархи барқ дар фақиртарин минтақаиТоҷикистон

Дар фасли зимистон тақозо ба нерӯи барқ афзоиш меёбад. Вале бисёре аз сокинон наметавонанд хонаҳои худро бо васоили барқӣ гарм кунанд. Онҳо пули кофӣ барои пардохти ҳазинаҳои барқи мавриди ниёзашонро надоранд.

Нархи нерӯи барқ дар ВМКБ аз ҳамаи минтақаҳои дигари

Тоҷикистон болотар аст –

1 киловат/соат нерӯи барқ беш аз 31 дирам (2.75 сент) аст.

Тибқи қарордоди боимтиёз, ширкати хусусии «Помир Энержӣ” нархи нерӯи барқро бар асоси қурби доллар таъйин мекунад. Сабабаш, ба гуфтаи масъулони ширкат, ин аст, ки «Помир Энержӣ» бештари муомилоти молии худ,аз ҷумла пардохти қарзу вомҳо ва хариди таҷҳизоти воридотиро,бо доллар анҷом медиҳад.

Бино бар ин, афзоиши қурби доллар дар баробари сомонӣ боиси афзоиши қимати нерӯи барқ дар ин минтақа мешавад. Аз замони имзои қарордод дар моҳи декабри соли 2002 то ба имрӯз, нархи доллар дар баробари пули миллии Тоҷикистон аз 3 то ба 11.3 сомонӣ боло рафтааст.

Тайи солҳои ахир ширкати «Помир Энержӣ» барқи мавриди ниёзи сокинонро ба таври ҳамешагӣ таъмин кардааст. Аммо дар зимистони 2020-2021 сармои шадид ва коҳиши сатҳи об дар рӯдхонаи Ғунд боиси маҳдудият ва ҷирабандӣ дар таъмини нерӯи барқ дар ВМКБ шуд.

Ба сабаби камбуди нерӯи барқ ва гаронии нархи ангишт дар зимистони 2020-2021, мардуми маҳаллӣ дар Бадахшон нисбат ба солҳои гузашта бештар аз ҳезум истифода карданд. Дар натиҷа, фишор бар захираҳои ҷангалӣ ва боғҳо афзоиш ёфтааст.
Тайёр кардани ҳезум дар ҷангалзоре дар Бадахшон
Дар фасли замистон барои гарм кардани як бинои маскунӣ дар Бадахшон дар моҳ ба ҳисоби миёна ​​1500 киловат нерӯи барқ (ё ҳудуди 470 сомонӣ– 41 доллари амрикоӣ) ё як тон ангиштсанг (1800 сомонӣ– 159 доллар) ва як метри мукаъаб ҳезум (беш аз 100 сомонӣ– ҳудуди 9 доллари амрикоӣ) лозим аст. Дар давраи зимистон харҷи истифода аз нерӯи барқ барои гарм кардани як хона ба ҳисоби миёна ​​то 2350 сомонӣ (207 доллари амрикоӣ), ангишт ва ҳезум то 9000 сомонӣ (796 доллар)-ро ташкил медиҳад. Бештари сокинони ВМКБ ба пардохти хароҷоти зиёд барои таъмини гармӣ дар хонаҳои худ қодир нестанд.

Фановариҳои энержии сарфаҷӯёна ба беҳбуди вазъи иҷтимоии сокинон дар Бадахшон кумак мекунад

Ба гуфтаи Рустам Зеваршоев, мудири кооперативи «Зиндагӣ» дар шаҳри Хоруғ, мардуми маҳаллӣ барои гарм кардани хонаҳои худ аз ҳезум зиёд истифода мекунанд, зеро хонаҳои онҳо барои нигоҳдории гармӣ, оиқбандии ҳароратӣ (термоизолятсия) нашудаанд. Ба назари вай, яке аз мyассиртарин равишҳои сарфаҷӯии энержӣ оиқбандии ҳароратии хонаҳо аст.
Рустам Зеваршоев
Кооперативи «Зиндагӣ»ба тарвиҷи равишҳои истифодаи муассир аз манобеъи энержӣ ва фановариҳои сарфаҷӯёна дар миёни сокинони Бадахшон машғул аст. Аз ҷумла,ин ширкат равишҳои истифода аз бухориҳои каммасраф барои пухтупаз ва гарм кардани хонаҳо, обгармкунҳои хуршедӣ, ва оиқбандии ҳароратии хонаҳоро густариш медиҳад.

Ҳоло ин танҳо ширкат дар Бадахшон аст, ки маҳсулоти энержии сарфаҷӯёна тавлид мекунад.
Маҳсулоти энержии сарфаҷӯёна дар намоишгоҳи Хоруғ
Он гуна, ки Зеваршоев ишора кард, бештари хонаҳо дар Кӯҳистони Бадахшон аз имконоти муассир барои нигаҳдории гармӣ бархурдор нестанд. Ин амр боиси харҷи зиёдине рӯи барқ ва маводи сӯхт мешавад. Дар фасли сармо ҳарорати ҳаво дар ин хонаҳо аз +15 дараҷа болотар намеравад. Вай муътақид аст, ки оиқбандии ҳароратӣ (термоизолятсия) навъе сармоягузории судманд аст, зеро мардум дар оғоз маблағе барои ин кор харҷ мекунанд, аммо баъдтар ба далели коҳиши тақозо ба маводи сӯхтӣ маблағи зиёде аз пулҳояшон сарфаҷӯӣ ва пасандоз мешавад.
"Оиқбандии ҳароратии (термоизолятсияи) хонаҳо – навъе сармоягузорӣ дар оянда аст. Мардуми маҳаллӣ бо оиқбандии хонаҳои худ қодир ба сарфаҷӯии маводи сӯхт ва беҳбуди шароити зиндагияшон хоҳанд шуд. Ба ин тартиб, метавон гиреҳ аз мушкили фақру камбизоатиро боз кард, ки сабабаш харҷи пули зиёд барои таъмини энержӣ маҳсуб мешавад."

Рустам Зеваршоев
Устоҳои маҳаллӣ дару тирезаҳое месозанд, ки гармии хонаро нигоҳ медоранд ва боиси сарфаҷӯии энержӣ мешаванд
Дар соли 2020, ба сабаби густариши вируси куруно тақозо ба маҳсулоти ин ширкат коҳиш ёфт. Аммо ба таври куллӣ, дар солҳои ахир сатҳи тақозо ба ин маҳсулот, бавижа дару тариза ва уҷоқу бухориҳои каммасраф, афзудааст.
"Мо қасд дорем устоҳои бештареро ба кор ҷалб кунем ва тавлиди маҳсулоти энержии сарфаҷӯёнаро афзоиш диҳем. Барномаи мо роҳандозӣ ва тарвиҷи фановариҳои «сабз» дар ВМКБ ва манотиқи дигари Тоҷикистонро дар мадди назар дорад. Ба ин хотир, мо бо теъдоде аз ширкатҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон барои мубодилаи дониш ва таҷриба ҳамкорӣ мекунем".

Рустам Зеваршоев
Ба гуфтаи Зеваршоев, ширкати «Зиндагӣ» моил аст таҷрибаи худро дар роҳандозии фановариҳои энержии сарфаҷӯёна бо устоҳо аз Афғонистон ҳам дар миён гузорад. Ҳоло музокирот дар ин замина идома дорад. Вай муътақид аст, ки танҳо оиқбандии (термоизолятсия) комили хонаҳо метавонад дар сарфаҷӯии энержӣ муассир бошад.
"Хонаҳое, ки дар онҳо илова ба дару тирезаҳои гарм, кафи хона ва сақфу деворҳо низ оиқбандӣ шудаанд, дар замистон гармтар ҳастанд. Соҳибони ин гуна хонаҳо ба ҳисоби миёна то 30 дарсад аз буҷети хонаводаҳояшонро барои таъмини маводи сӯхт ва нерӯи барқ сарфаҷӯӣ кардаанд. Бавижа, онҳо барои таҳияи ҳезум дар боғҳо ё ҷангалҳо дарахтони камтареро буридаанд."

Рустам Зеваршоев
На ҳамаи сокинон дар Кӯҳистони Бадахшон сармояи кофӣ барои оиқбандии ҳароратии (термоизолятсияи) хонаҳои худ ё хариди маҳсулоти энержии сарфаҷӯёнаро надоранд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи мудири созмони вомдиҳандаи «Мадина ва Ҳамкорон» дар шаҳри Хоруғ, Насим Раҳматшоев, ин созмон вомҳои кӯчаки (микрокредити) "сабзе" ба сокинон дар Бадахшон ироа медиҳад.

Барои оиқбандии ҳароратии хонаҳо ва хариди маҳсулоти энержии сарфаҷӯёна созмони «Мадина ва Ҳамкорон» аз соли 2009 то кунун ба 385 хонавода дар ноҳияҳои гуногуни Бадахшон вомҳои кӯчаке ба маблағи беш аз 1 милёну 34 ҳазор сомонӣ

(беш аз 91.5 ҳазор доллари амрикоӣ) ироа додааст.

Насим Раҳматшоев
Бо ин маболиғ, мардуми маҳаллӣ дар Бадахшон илова бар оиқбандии ҳароратии хонаҳои худ, бухориву уҷоқҳои каммасраф, обгармкунҳои хуршедӣ ва маҳсулоти дигари энержии сарфаҷӯёнаро низ харидорӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Раҳматшоев, тақозо ба вомҳои кӯчаки "сабз" дар Бадахшон хеле зиёд аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба манобеъи молии маҳдудаш, созмони «Мадина ва Ҳамкорон» ҳанӯз қодир ба таъмини ниёзҳои ҳамаи хоҳишмандон нест.
Оиқбандии ҳароратии хонаҳо аз вайронии муҳити зист ва манобеи табии Бадахшон пешгирӣ мекунад

Ба гуфтаи Ҳақризо Нурмамадов, мутахассиси идораи муштараки ҷангалзорҳо дар Бунёди иҷтимоии «САМР Табиат», барои ҳифзи манобеи табиӣ ва тарвиҷи фановариҳои сарфаҷӯёна ва навоварона дар Бадахшон бисёр муҳим аст. Аз ҷумла, оиқбандии ҳароратии хонаҳо, истифода аз бухориву уҷоқҳои каммасраф барои гарм карданихонаҳо ва пухтупаз, насби обгармкунҳои офтобӣ ва ғайра муассир аст.
Ҳақризо Нурмамадов (чап)
Ба эътиқоди Нурмамадов, густариши фановариҳои "сабз" ба коҳиши истифода аз ҳезум, ва дар натиҷа, ба коҳишихаробии ҷангалҳо ва боғҳо кумак мекунад. Ҳамчунин, дар хонаҳое, ки оиқбандиии ҳароратӣ шудаанд, мардум камтар ангишт месӯзонанд. Ин амр боиси коҳиши олудагии муҳити зист ҳам мешавад.

Оиқбандии ҳароратии хонаҳо (термоизолятсия) ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ низ ёрӣ мерасонад, зеро мардум дигар аз саргини ҳайвонот на ба унвони маводи сӯхт, балки барои ҳосилхез кардани заминҳои кишоварзӣ истифода мекунанд.
Дарахтони бурида дар ҷангал
Онгуна, ки Нурмамадов ёдовар шуд, густариши фановариҳои "сабз" дар Бадахшон метавонад дар коҳиши паёмадҳои тағйироти иқлимӣ, ҳам барои мардум ва ҳам барои муҳити зист, низ таъсир гузорад. Ҳамчунин, имкони мутобиқати мардуми маҳаллӣ бо тағйироти иқлимӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Нурмамадов, хароб шудани ҷангалҳо дар Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле нигаронкунанда аст. Барои мисол, дар ноҳияи Ишкошим, ки беш аз 32 ҳазор ҷамъият дорад, солона ҳудуди 25 ҳазор метри мукаъъаб чӯб барои таҳияи ҳезум ва ниёзмандиҳои дигар сарф мешавад. Масоҳати ҷангалҳои ин ноҳия 2039 гектар аст.
Дарахтшинонӣ дар қитъаи харобшудаи ҷангалзоре дар Ишкошим
Нурмамадов гуфт: "Ҳатто агар оиқбандии ҳароратии хонаҳо аз се як ҳиссаи талабот ба ҳезумро коҳиш диҳад, ин худ дастоварди бузургест."

Ба назари вай, барои ҳифзи ҷангалҳо аз нобудӣ, мардуми маҳаллӣ бояд аз манобеъи энержии замингармоӣ (геотермалӣ) ва энержии хуршедӣ барои гарм кардани хонаҳо истифода кунанд. Қимати нерӯи барқ ва ангишт гарон аст ва сӯхтани ангишт ҳамчунин боиси партоби гази диоксиди карбон ба ҳаво мешавад.
"Фақру тангдастӣ омили аслии нобудии манобеи табиӣ дар Бадахшон аст. Ба сабаби камбуди сармоя барои хариди ангишт ё пардохти пули барқ, бисёре аз сокинони камбизоат маҷбур мешаванд барои ҳифзи ҷони хонаводаҳои худ дар сармои сахту тӯлонии Помир ба буридани дарахтони ҷангалӣ даст зананд."

Ҳақризо Нурмамадов
Ба гуфтаи Ҳаким Анваров, муҳандиси ҷангал дар муассисаи давлатии ҷангалдории ВМКБ, вазъияти ҷангалҳои ин минтақа дар муқоиса бо даҳаи 1990 ба таври чашмгире беҳбуд ёфтааст. Дар эҳёи ҷангалзорҳои минтақа созмонҳои байналмилалӣ саҳми бузурге гузоштаанд.

Барномаи «Идораи муштараки ҷангалҳо» (ММҶ), ки Созмони Ҳамкориҳои Байналмилалии Олмон (GIZ) роҳандозӣ кард, ба бозсозии ҷангалҳои минтақа то ҳадде кумак кардааст. Дар чорчӯби ин тарҳ, идораи ҷангалдории ВМКБ қитъаҳое аз ҷангалро бар асоси қарордод барои истифодаи тӯлонимуддат дар ихтиёри сокинон гузошт. Масалан, дар ноҳияиИшкошим, тақрибан 90 дарсад аз масоҳати ҷангал дар ихтиёри мардуми маҳаллӣ қарор дода шудааст.

Анваров гуфт: "Мардуми маҳаллӣ худашон ба эҳёи ҷангалҳо иқдом карданд. Онҳо бахше аз маҳсулоти ҷангалиро нигоҳ медоранд ва бахшеро ба муассисаи ҷангалдорӣ медиҳанд. Ин равиш ба эҳёи ҷангалҳо хеле мусоъидат кардааст."
Ҷангали эҳёшуда дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ
Масоҳати ҷангалҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 10 ҳазор гектар аст. Ба гуфтаи Анваров, солона аз 40 то 50 гектар ҷангал эҳё мешавад.

Анваров мегӯяд: "Имрӯз мардум камтар ҳезум месӯзонанд. Агар мо қаблан то 1200 метри мукаъъаб дар сол ҳезум захира мекардем, ҳоло фақат то 600 метри мукаъъаб захира мекунем. Дар соли 2020, аз қитъаҳои ҷангалӣ 90 гектар эҳё шуда ва дар 10 гектар дарахтҳо кишташудааст.

Ба гуфтаи Анваров, имрӯз мардуми маҳаллӣ дар бораи фоида ва нафъи фановариҳои энержии сарфаҷӯёна огоҳии беҳтаре доранд.
"Дар бисёре аз деҳаҳо, мардум хонаҳоро бо истифода аз фановариҳои сарфаҷӯёна гарм мекунанд. Ин амр ба ҳифзи манобеъи ҷангал кумак мекунад. Яке аз сабабҳои беҳбуди вазъияти ҷангалҳо ин аст, ки сокинон акнун барои гарм кардани хонаҳои худ камтар ҳезум захира мекунанд."

Ҳаким Анваров
Оиқбандии хонаҳо – ба суди мардум ва ба нафъи муҳити зист

Бисёре аз мардуми маҳаллӣ ба ин огоҳӣ расидаанд, ки бо оиқбандии ҳароратии (термоизолятсия) хонаҳояшон на танҳо пулашонро сарфаҷӯӣ мекунанд, балки дар ҳифзу тавсеъаи манобеъи табиъӣ низ саҳм мегузоранд.
Хусрав Зеваршоев
Хусрав Зеваршоев бо аъзои хонаводааш дар Хоруғ зиндагӣ мекунад. Вай бо истифода аз масолеҳи сохтмонии суннатӣ ва ҷадид хонаи нави худро оиқбандӣ кардааст. Дару тирезаҳои чӯбиеро насб кардааст, ки сарфи энержиро коҳиш медиҳанд. Деворҳои хонаро низ оиқбандӣ кардааст.

Зеваршоев худаш барои гарм кардани хона бухорие (печкае) сохтааст, ки боиси сарфаҷӯии энержӣ мешавад. Ин бухорӣ бо андак ҳезум ва ангишт хонаро гарм мекунад. Бо он аҳли хонавода ғизо ва оби гарм низ таҳия мекунанд.
"Хонаи оиқбандишуда гарму роҳат аст. Мо қаблан дар хонаи дигаре зиндагӣ мекардем ва барои гарм карданаш ҳезуми зиёд лозим буд. Дар хонаи навамон хароҷоти маводи сӯхт бағоят коҳиш ёфтааст."

Хусрав Зеваршоев
Хусрав Зеваршоев ва Хосият Соқиева
Ба гуфтаи Хосият Соқиева, ҳамсари Зеваршоев, хонаводаи онҳо низ барои гарм кардани хона аз барқи камтар истифода мекунанд. Пештар, онҳо дар як хонаи чаҳорҳуҷраӣ ва оиқбандӣ нашуда мезистанд ва фақат як утоқро гарм мекарданд, утоқҳои дигар сард буд. Ба сабаби камбуди сармоя, ин хонавода тавони истифода аз чандин бухории барқиро надошт.

"Хароҷоти мо ҳоло барои таъмини гармӣ хеле камтар аз касонест, ки хонаҳояшон оиқбандӣ нашудааст. Бино бар ин, мо пули хонаводаро сарфаҷӯӣ мекунем ва кӯдакон эҳсоси роҳат мекунанд, ки ин бисёр муҳим аст."
"Шӯрбахтона, дар минтақаи мо мардум барои гарм кардани хонаҳои худ ҳезум зиёд месӯзонанд. Аз ин рӯ, дарахтони ҷангал ва ҳатто боғҳои мева бурида мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дарахтони мевадор метавонанд манбаи даромади хубе барои деҳотиён бошанд. Оиқбандии ҳароратии хонаҳо ҳам ба сарфаҷӯии пули хонавода, ҳам ба ҳифзи манобеи табиӣ кумак мекунад."

Хосият Соқиева
Ифтихор Файзуллобеков ва Муҳайё Лутфуллоева бо фарзандонашон дар деҳаи Питоби ноҳияи Шуғнон зиндагӣ мекунанд. Қаблан, онҳо дар як хонаи бузурги суннатӣ зиндагӣ мекарданд, ки оиқбандӣ (утепление) нашуда буд.

Файзуллобеков гуфт: "Сармо аз тирезаҳо ба хона роҳ меёфт, ҳавои хона сард буд. Мо ҳамеша хонаро бо ҳезум гарм мекардем, аммо чандон гарм намешуд. Ҳезуми зиёд лозим буд, бино бар ин маҷбур будем дарахтони боғамонро бурем."

Ҳангоми сохтани хонаи нав, Файзуллобеков тасмим гирифт онро оиқбандӣ кунад. Вай қаблан дар Маскав кор карда буд ва оиқбандии ҳароратиро медонист. Баъди бозгашт ба ватан, бо кооперативи «Зиндагӣ» ба ҳамкорӣ оғоз кард.
Хонаи Ифтихор Файзуллобеков
Файзуллобеков аз устоҳои маҳаллие, ки тавассути мутахассисони олмонӣ омӯзиш дида буданд, чизҳои зиёди дигаре ҳам омӯхт. Сипас, ӯ коргоҳи худро дар деҳа боз кард ва ба сохтани дару тирезаҳои сарфаҷӯёна пардохт.
"Мо акнун се сол аст, ки дар хонаи наву оиқбандишуда зиндагӣ мекунем. Дар муқоиса бо хонаи қадимиямон хароҷоти маводи сӯхт ва нерӯи барқ хеле коҳиш ёфтааст. Мо ҳамчунин аз ҳезум камтар истифода мекунем."

Ифтихор Файзуллобеков
Ифтихор Файзуллобеков
Ба гуфтаи Файзуллобеков, хароҷоти хонаводаи ӯ барои гарм кардани манзилашон ду баробар камтар аз ҳамсоягонаш аст. 

Вай гуфт: "Масалан, зимистони порсол дар тӯли чаҳор моҳ ҳамсояи мо барои гарм кардани хонааш аз 10 халта пору, беш аз 20 халта ангишт ва 3 метри мукааб ҳезум истифода кард. Мо камтар аз 10 халта ангишт ва тақрибан як метри мукааб ҳезум сарф кардем. Лавозими барқиро фақат 5 соат дар рӯз рӯшан кардем."
"Аз ин ки маблағҳои зиёде барои гарм кардани хона дар тӯли сол сарф кунед, беҳтар аст як бор дар оиқбандии ҳароратии хона сармоя гузоред."

Ифтихор Файзуллобеков
Дар хонаи қадимии худ, Файзуллобеков беш аз 2000 сомонӣ (177 доллар) барои таъмини нерӯи барқ дар замистон пардохт мекард. Дар хонаи нав, хароҷоти барқ ду баробар коҳиш ёфтааст.
"Ман бавижа хушҳолам, ки фарзандонам дар хонаи гарм эҳсоси роҳатӣ мекунанд. Ҳамчунин, коҳиши хароҷот барои таъмини барқу гармӣ ва сарфаҷӯии пули хонавода имкон медиҳад, ки шароити зиндагиямонро беҳтар кунем."

Муҳайё Лутфуллоева
“Ин мавод дар доираи лоиҳаи барномаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Миёна" таҳия ва аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониё роҳандозӣ шудааст. Муҳтавои маводи мазкур метавонад бо мавқеи IWPR ва ё Ҳукумати Бритониё ҳамхон набошад".

© 2021 CABAR.asia