Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик мегӯяд, дар ҷомеаи мо нисбат ба маҳбусони собиқ муносибати хуб сурат намегирад, аз ҷумла намехоҳанд онҳоро ба кор қабул кунанд ва барои кумак ба онҳо сайъ намекунанд.
"Ба маҳбусони собиқ дигар хел нигоҳ мекунанд, пас аз раҳоӣ аз зиндон пайдо кардани кор барои онҳо мушкил аст. Зиндагӣ дар озодӣ барояшон мушкил мешавад, ҳарчанд онҳо баъди озод шудан мехоҳанд, ки зиндагиашонро дигар кунанд",-гуфт Бобоназарова.
Ӯ меафзояд, маҳбусони собиқ талош мекунанд, ки ному насабашонро иваз карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ бираванд, аммо на ҳамаи онҳо дар ин кор муваффақ мешаванд.
"Вақте 20 ҳазор нафар озод мешавад, мақомот бояд қаблан барномаи вижаи бо кор таъмин кардани онҳоро омода кунад, то маҳбусони собиқ тавонанд ба хонаводаҳояшон кумак кунанд, на ин ки барои онҳо дарди сари иловагӣ шаванд. Вақте кор нест, имкон дорад, ки онҳо боз ҷиноят содир кунанд. Мо дар расонаҳо мехонем, ки маҳбусони собиқ баъди озод шуданашон дубора ҷиноят содир кардаанд",- мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова.