Таҳмина, сокини 32-солаи ноҳияи Файзобод
Таҳмина чаҳор фарзанди ноболиғ дорад. Ду сол пеш аз шавҳараш ҷудо шудааст ва дар ин муддат дар ҷустуҷӯи адолат пушти дари додгоҳҳои Файзободу Душанбе саргардон аст. Ӯ талош дорад, аз ҳуқуқи фарзандони ноболиғаш барои манзил дифоъ кунад.
"Ман бо талаби гирифтани алимент ва манзил аз шавҳари собиқам ба додгоҳ муроҷиат кардам. Додгоҳ қарор баровард, ки ману фарзандонам дар як ҳуҷраи манзили шавҳарам маскун шавем. Аммо он ҷо ҳамагӣ ду моҳ тоқат овардам, чунки қариб ҳар рӯз аз тарафи шавҳари собиқам ва аҳли оилааш ҷанҷол сар мезад.
Онҳо ҳама корро карданд, то маро аз хона пеш кунанд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки хонаводаи ӯ 25 садяк замин дорад ва ману фарзандонам ҳақ дорем аз онҳо қитъаи хурдеро талаб кунем",-мегӯяд Таҳмина.
Ӯ меафзояд, дигарбора ба додгоҳ муроҷиат кард, аммо ҳеч яке аз кормандони додгоҳ аз манофеи ӯ дифоъ накарда, аз шавҳари собиқаш ҷонибдорӣ мекарданд. Пас аз талабҳои тӯлонӣ ва суботкоронаи Таҳмина оилаи шавҳари собиқаш нахуст розӣ шудаанд, ки ба ӯ як порча замин бидиҳад, вале баъдан фикрашонро дигар кардаанд.
"Вақте бори дигар ба додгоҳ муроҷиат кардам, судя аз шавҳари собиқам пуштибонӣ карда, ба ман маслиҳат дод, рафта дар ҳуҷраи хонаи ӯ, ки барои ман ҷудо шудааст, зиндагӣ кунам.
Пас аз ин қадар талошу давиданҳо, омода кардани ҳуҷҷату имзоҳои лозимӣ ва таҳия кардани қарор ҳоло танҳо як имзо аз додгоҳ мондааст. Аммо ҳамеша баҳона мекунанд: фардо биё, пасфардо биё. Бо ҳар баҳонае имзо намегузоранд",-шикоят мекунад ҳамсуҳбати мо.