Дар қонунгузорӣ мафҳуми "моликияти муштараки зану шавҳар" вуҷуд дорад. Он амволе ҳисобида мешавад, ки дар давраи зиндагии муштарак ба даст оварда шудааст. Ҳуқуқ ба моликияти муштарак танҳо ба зан ё шавҳаре, ки даромад дорад, мутааллиқ намешавад, балки ба ҳамсаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми зиндагии муштарак корҳои хоҷагиро пеш мебарад, фарзандонро тарбия мекунад ва ғайра.
На танҳо моликияти якҷоя ба даст овардашуда, балки моликиятеро, ки яке аз завҷҳо пеш аз ақди никоҳ ба даст овардааст, ҳамчун моликияти умумӣ ҳисоб кардан мумкин аст, агар тарафи дигар исбот кунад, ки дар натиҷаи талошҳои ӯ арзиши моликият ба таври қобили мулоҳиза афзудааст.
Ҳангоми тақсими моликият ҳалномаи додгоҳ бо назардошти манфиатҳои кӯдакони ноболиғ қабул карда мешавад. Ба ибораи дигар, ҳамсаре ки фарзандонаш бо ӯ мемонанд, саҳми бештар мегирад.
Инчунин, ҳангоми тақсими моликият додгоҳ саҳми зану шавҳар, вазъи ҷисмонӣ ва руҳии онҳо, инчунин муносибати онҳо барои беҳтар ё бадтар шудани шароити моликиятро ба эътибор мегирад (моддаҳои 34, 36, 38 ва 39-и
Кодекси оилаи ҶТ).
Падару модар барои тарбияи фарзандони худ ҳуқуқи бештарро соҳиб ҳастанд. Аммо баъди талоқ масъалаи муайян кардани ҷойи зисти кӯдак ба миён меояд. Агар дар ин бора байни падару модар созиш ба даст наояд, ин масъаларо додгоҳ ҳал мекунад. Барои ин яке аз волидайн барои муайян кардани ҷойи истиқомати кӯдак ба додгоҳ ариза медиҳад. Додгоҳ ҳангоми баррасии ин масъала манфиати кӯдак, дилбастагӣ ва албатта фикри ӯро ба назар мегирад (қисми 1-и моддаи 63 ва қисми 4-и моддаи 65-и
Кодекси оилаи ҶТ).
акс аз: dearmummy.ru