cabar.asia
Тоҷикистон: Мақомот барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ чӣ кор мекунанд?
акс аз: tj.sputniknews.ru
Ҳамасола дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ сабаби талафоти ҷонии зиёд ва хисороти бузурги иқтисодӣ мегарданд. Коршиносон бар ин назаранд, ки мақомот ба профилактикаи офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намекунанд.

Дар пайи селҳои ғайриинтизори моҳи июли соли 2021, дар шаҳри Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак ба ҳалокат расид.
Боймурод Исмоилов дар пайи
ин офати табиӣ ҳашт аъзои хонаводаашро аз даст додааст
Боймурод Исмоилови 86-сола дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, дар тамоми умраш ҳеч гоҳ шоҳиди чунин фоҷеае нашуда буд. Мегӯяд, дар хотир надорад, ки дар гузашта моҳи июл чунин борони шадид боридаву сели зиёде омада бошад.

Ба гуфтаи Боймурод Исмоилов, фоҷеа дар чарогоҳи тобистона, воқеъ дар 30 километрии деҳа рӯй додааст. Тобистон одамон барои чаронидани чорво ба куҳсор рафта, чор-панҷ моҳ дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.

"Вақте сел меояд ҳама талош мекунанд, ки дар ин хаймаҳо паноҳ баранд. Аммо сел ҳам хайма ва ҳам одамонро бурдааст. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент ва вилоят якҷо бо сокинони деҳаҳо барои пайдо кардани ҷасади фавтидаҳо зиёд талош карданд. Як чархбол бо гуруҳи ҷустуҷӯӣ ҳам ба ҷойи ҳодиса омад",- илова намуд ӯ.

Ба таъкиди Исмоилов, ӯ ва хонаводааш мисли дигар сокинони маҳаллӣ аз ҳисоби даромади кишоварзӣ, чорводорӣ ва аз ҳисоби пули фиристодаи хешовандон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳодиса келин ва чаҳор наберааш ба ҳалокат расидаанд. Писараш барои ба хок супурдани онҳо аз муҳоҷират баргаштааст. Исмоилов инчунин дар ин фоҷиа боз ду фарзанд ва як хоҳари дигарашро аз даст дод.

фото: www.pexels.com
Соли 2021 чанд деҳаи Панҷакент – Киштӯдак, Вешист, Дашти Қозӣ ва Амондара шоҳиди селфароӣ шуданд. Рӯзи 7 август дар пайи сел дар Амондара як бознишаста ба ҳалокат расид. Лағзиши ярч дар деҳаи Ғезан кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ, инчунин сокинони деҳаву ихтиёриёнро маҷбур кард, давоми як ҳафта даҳҳо оиларо аз рӯстоҳои ҳамсоя ба ҷойҳои амн кӯчонанд.
Бар асари офати табиии тобистони соли ҷорӣ садҳо манзил, биноҳо ва муассисаҳои хизматрасонӣ валангор, роҳҳо хароб, хатҳои барқ вайрон, боғҳо, киштзорҳо ва пулҳо валангор шуданд, одамон садҳо сар чорвои худро аз даст доданд. Ин офатҳои табиӣ боиси марги одамон ҳам гардиданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар пайи боронҳои шадиди соли 2021, иқтисоди Тоҷикистон хисороти бузург дидааст. Аз ҷумла, офати табиии рӯзи 11 май 15 шаҳру вилояти кишварро фаро гирифта, боиси ҳалокати 9 нафар гардид.

Танҳо дар шаҳри Кӯлоб хисороти аз сел расида 46 миллион сомонӣ (4 миллион доллар) ҳисоб шудааст. Бино ба гузоришҳо, 43 хона комилан ва наздики 102 манзил қисман хароб шудааст.

Мақомоти шаҳри Панҷакент мегӯянд, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва кумак ба осебдидагон аз тамоми имконоти худ истифода кардаанд.
акс аз: news.tajweek.tj
Муҳаммадсодир Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент ба CABAR.asia гуфт, чархболи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва гуруҳи наҷотбахши он бо дастури бевоситаи президенти кишвар аз Душанбе омад, зеро тамоми роҳҳое, ки ба ҷойи ҳодиса мебарад, зери сел монда буд. Наҷотдиҳандаҳо ҳамроҳ бо сокинони деҳа ҷасади одамони фавтидаро аз зери лой берун оварданд.
Бо маҳзи гирифтани маълумот зуд ба ҷои воқеа рафтем. Барои арзёбии хисорот комиссияи махсус ба фаъолият шурӯъ кард. Инчунин чанд ҷасади дигари қурбониёнро, ки сел онҳоро аз кӯҳ ба соҳили дарёи Зарафшон бурдааст, пайдо карданд.
Мухаммадсодир Сафарзода
муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент
Сафарзода мегӯяд, ин мавзеъ дар кӯҳистон воқеъ мебошад. Аз нигоҳи ҷуғрофӣ онҷо ҳамасола хатари фаромадани сел, обхезӣ, ярч, сангрезӣ, шамоли сахт ва фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин минтақа беш аз 80 рӯдхонаи хурду калон мавҷуд аст, ки эҳтимоли омадани селро дорад. Барои бехатар шудани онҳо бунёди сарбандҳо зарур аст. Нақшаи сохтани сарбандҳо тартиб шудааст, аммо барои татбиқи он маблағ намерасад. Аммо ба таъкиди Сафарзода, дар сурати зарурат онҳо метавонанд аз тамоми таҷҳизоти дар шаҳр мавҷудбуда, сарфи назар аз он ки ба кӣ тааллуқ дорад, истифода кунанд.
акс аз: tj.sputniknews.ru
Подполковник Парвиз Амонзода, сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Панҷакент ба CABAR.asia гуфт, дар назди раиси шаҳри Панҷакент ситоди изтирорӣ амал мекунад, ки ба ҳайати он намояндагони тамоми раёсат ва шӯъбаҳои ҳукумати маҳаллӣ шомиланд.
Мо аз ҳама таҷҳизоте, ки дорем, истифода мебарем. Вақте техника лозим мешавад, Шӯъбаҳои нигоҳдории роҳ ё дигар идораҳо онро ба мо пешниҳод мекунанд. Аз сӯйи дигар, мо санади мукаммалеро бо нишон додани тамоми хисороти расида тартиб дода, ба ҳукумати маҳаллӣ мефиристем, зеро худи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ имкони расонидани кумаки молиро надорад.
Парвиз Амонзода, сардори Раёсати КҲФ ва мудофиаи шаҳрвандии шаҳри Панҷакент
Ба гуфтаи Амонзода, Кумита тамоми талошҳоро барои "ба ҷойҳои амн кӯчонидани хонаводаҳо, таҳкими соҳили дарёву рӯдхонаҳо ва ё пайдо кардани ҷасадҳои зери тарма ва сел монда" ба харҷ медиҳад.

"Аммо воқеият ин аст, ки идораи кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри мо ҳатто бинои худро надорад. Мо ба бино ва техникаи махсус, аз қабили булдозеру трактору экскаватор, ки дар чунин ҳолатҳо истифода мешаванд ва ҳам коргарони соҳибихтисос ниёз дорем",-гуфт Амонзода.

Сардори Раёсати КҲФ ва мудофиаи шаҳрвандӣ мегӯяд, дар бораи мавзеъҳои хатарнок ва осебпазир маълумоти мушаххас ҷамъоварӣ шуда, ҳамасола ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ корҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд.

"Соли 2021 дар деҳаҳои Мингдона, Зебон, Мазор ва Косаторош баъзе ҷойҳоеро, ки зери хатари обхезӣ ва сел қарор доранд, бехатар гардонидем. Даҳ оиларо, ки мо онҳоро муҳоҷирони экологӣ меномем, ба минтақаҳои амн кӯчонидем. Дар соҳили дарёи Зарафшон ба масофаи садҳо метр монеаҳои махсуси сангию сементӣ шинондем. Аммо баъзан офатҳои табиӣ ба чизҳое оварда мерасонанд, ки ҳеч кас интизорашро надорад. Масалан, омадани сел дар Киштӯдак - ҳеч кас чунин як ҳодисаеро то ин вақт дар ёд надорад",-гуфт Аминзода.
"Хисороти расида аз ҳаводиси табиӣ дар соли 2021 ҳудуди 7 миллион сомонӣ (наздик ба 620 ҳазор доллар) арзёбӣ мешавад".

акс аз: tj.sputniknews.ru
Коршиносон бар ин назаранд, ки воҳидҳои ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи шаҳрвандии Тоҷикистон имконоти кофӣ барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳаводис ва дигар офатҳои табииро надоранд. Онҳо на маблағ, на қувваи зарурии корӣ ва на техникаи махсус доранд.

Коршиноси маҳаллӣ Турдӣ Солеҳзода мегӯяд, барои беҳтар кардани кори хадамоти изтирорӣ шароити зарурӣ фароҳам нашудааст.
Теъдоди кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ зиёд нест. Фарз мекунем, ки якбора чанд деҳа мавриди офати табиӣ қарор мегирад, масалан, сатҳи дарёҳо баланд мешавад. Як шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо се-чор корманд чӣ кор карда метавонад? Масъалаи дигар ин аст, ки онҳо мутахассис надоранд, дар ин вазифаҳо касе кор кардан намехоҳад, зеро маоши онҳо кам аст. Онҳо ҳатто барои истифода бурдани экскаваторе, ки ягон ташкилот дар ихтиёрашон мегузорад, сӯзишворӣ надоранд.
Турди Солехзода, коршиноси маҳаллӣ
Солеҳзода ба зарурати фаъол кардани системаи муосири огоҳсозӣ аз офатҳои табиӣ ва таъсиси фонди махсуси ҷумҳуриявӣ барои кумак ба осебдидаҳои офатҳои табиӣ таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ, ба ин фонд ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам ҳар нафари хоҳишманд метавонад маблағ гузорад.

"Аз сӯйи дигар, сокинони деҳот бояд хонаву замин ва мошинҳои худро суғурта кунанд, то дар чунин ҳолатҳо ҷуброни зарарро дарёфт карда тавонанд",- гуфт Сафарзода.

Сокини осебдидаи деҳаи Киштӯдак
Як сокини деҳаи Киштӯдак, ки нахост номаш ифшо шавад, дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, бовар надорад, ки мақомоти маҳаллӣ аз фоҷеаи моҳи июл ибрат гирифта бошанд.

"Аллакай чанд моҳ мегузарад ва мо мебинем, ки ҳеч коре анҷом намешавад. Баҳор меояд, боз селу обхезӣ мешавад ва мо боз азоб мекашем",-гуфт ӯ.

акс аз: asiaplustj.info
Аз соли 1992 то соли 2020 бар асари фаромадани тарма, обхезӣ, сел, заминларза ва ярч дар маҷмӯъ 7 миллион нафар осеб дида, ба иқтисоди кишвар ҳудуди 2 миллиард доллар хисорот ворид гардидааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар кишвар 1471 минтақаи хатарнок муайян шудааст, ки дар онҳо эҳтимоли ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ мавҷуданд. Дар ин минтақаҳо қариб 860 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.

Ба иттилои кумита, тибқи пешгӯиҳо дар ин минтақаҳо эҳтимоли кӯчидани замин, фаромадани тарма, сангрезӣ, сел ва дигар офатҳои табиӣ хеле баланд аст. Дар Тоҷикистон бештар аз ҳама ҳолатҳои фаромадани тарма (55%) ва селхезӣ (10%) ба вуқӯъ мепайвандад.
Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR "Amplify, Verify, Engage: Information for Democratisation and Good Governance in Eurasia", ки аз ҷониби ВКХ-и Норвеж маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи "Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ", ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR, ВКХ Норвеж ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.
© 2022 All Rights Reserved
Facebook | land@scape.eu