cabar.asia
"Омор тағйир намеёбад". Тоҷикистон бо майзадагӣ чӣ гуна мубориза мебарад?
Мақомот мегӯянд, дар кишвар теъдоди мӯътодони машрубот коҳиш намеёбад. Аммо ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки ин тамоюл рӯ ба коҳиш аст ва далели онро ба суръати диндории ҷомеа ва муҳоҷират марбут медонанд.


акс аз: nypost.com
Аз дилхушӣ то вобастагӣ аз машрубот

Лутфулло Каримов (ном бо сабабҳои ахлоқӣ иваз шудааст), сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, бори аввал дар маҳфиле бахшида ба хатми мактаб нӯшокии спиртӣ истифода кард ва то имрӯз наметавонад аз он даст бикашад. Ӯ дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, бори аввал аз рӯи кунҷковии ҷавонӣ май нушид, аммо баъдан ин кор сабаби нокомиҳои зиёде дар зиндагиаш гардид.

"Он вақт намедонистам, ки ба чӣ доме афтодам, зеро касе ба ман нагуфт, ки ин бад аст ва ба тамоми ҳаёти ман таъсири манфӣ мерасонад. Аммо ҳоло дигар дер шуд, ба маслиҳати касе ниёз надорам, зеро шояд дигар ҳеч гоҳ нушиданро тарк карда натавонам. Беҳтар аст, ба дигар ҷавонон бигӯем, ки ин корро накунед, зеро сабаби вайрон шудани зиндагӣ ва оила мегардад",-мегӯяд Лутфулло. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд то хатми мактаб ҳеч гоҳе май нанӯшида буд, аммо ҳамсинфонаш ӯро ба ин чоҳ "тела" доданд.

"Вақте бори аввал машрубот нӯшидам, ҳарчанд миқдори кам буд, аммо ба ман зиёд таъсир кард. Хеле маст шудам. Ба назар чунин менамуд, ки он ба ман кувваи нав бахшид",-илова кард мусоҳиби мо.

Ӯ мегӯяд, аввалҳо барои дилхушӣ менӯшид, вале баъдан ин ба одат табдил ёфт, ҳоло бошад, ягон ҷамъомадеро бидуни нӯшокиҳои спиртӣ тасаввур карда наметавонад.
Барои арақ аз кор ронда шуд
Лутфулло дар идома гуфт, соли 2009 вақте барои кор ба Русия рафт, онҷо низ менӯшид ва кор то ҷое расид, ки ӯро аз кор пеш карданд.

"Дар кишвари бегона, ки оила ва дӯстонамро пазмон шуда будам, ягона ғамбарори ман арақ буд. Ҳарчанд дар гузаштаҳо танҳо рӯзҳои истироҳат менӯшидам, ҳоло дигар рӯзҳои истироҳатро интизор нашуда, ҳамеша дар яхдон як шиша арақ нигоҳ медорам ва ҳар шом 100-200 грамм менӯшам",-афзуд Каримов. Ба гуфтаи вай, аз соли 2009 аллакай муътоди машрубот шудааст ва ҳатто дӯстони наздикаш дигар ин ҳолатро тоқат карда наметавонанд. Моҳи ноябри соли 2012 баъди бозгашт ба Ватан Лутфулло як муддат аз майзадагӣ табобат гирифт, вале бенатиҷа.

"Тақрибан 2 моҳ нанӯшидам. Аммо дар тӯйи як дӯстам боз нӯшидам. Майнӯшӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ман шудааст. Пештар ҳар рӯз 100-150 грамм менӯшидам. Ҳоло баъзан ҳолатҳое мешавад, ки як шишаро холӣ мекунам",-идома дод ӯ.
«Ман аз порахӯрон беҳтар рафтор мекунам»

Каримов мегӯяд, аз рафтораш пушаймон аст, аммо роҳи халосиро намебинад. Зеро агар аввалҳо аз рӯи кунҷковӣ ва барои гузаронидани вақт менӯшид, пас ҳоло аз ғам менӯшад, ғаме, ки дар пайи майзадагӣ ва сарзанишҳо аз ҷониби хонавода ба вуҷуд меояд.

Дар ҷавоб ба ин суол, ки оё медонад, нӯшидани машрубот аз нигоҳи ахлоқӣ ва динӣ гуноҳ аст, чунин гуфт:

"Ман беҳтар аз мансабдорон ва диндороне ҳастам, ки ба фасоду азияти мардум даст мезананд. Ягона дарди ман руҳи ман аст".
Омор ба таври назаррас тағйир наёфтааст
Дар омори теъдоди муътодони майзадагӣ дар Тоҷикистон давоми 4 соли ахир тағйироти ҷиддие ба назар намерасад. Соли 2019 теъдоди майзадаҳо каме коҳиш ёфт, аммо дар давраи пандемияи коронавирус дар соли 2020 рақамҳо дубора афзоиш ёфтанд. Ба ҳисоби миёна, оморҳо нишон медиҳанд, ки каме бештар аз 6000 шаҳрванди Тоҷикистон гирифтори майзадагӣ ҳастанд. Тамоюли афзоиш қариб дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад.

Ба эътиқоди равоншинос Маҳмуд Кабирӣ, сабаби коҳиши шумори майзадагон дар ҷомеаи Тоҷикистон чанд сабаб дорад.

"Фарҳанги мо чунин аст, ки афроди майзадаро эҳтиром намекунанд",-таъкид мекунад Кабирӣ.

акс аз: pexels.com

Ба гуфтаи ӯ, дӯрӣ ҷӯстани ҷомеа аз майзадагон дар чанд самт зоҳир мешавад: аз нигоҳи эътиқодӣ, вақте ба ин боваранд, ки "майзадаҳо ба дӯзах мераванд", аз нигоҳи иҷтимоӣ, вақте занон ҳамеша бо "шавҳари бадмасти худ" дар "ҷанг"-анд ва ғайра.

"Дар ҷомеа ҳамеша роҳҳои безарар кардани эҳсосоти манфии одамон вуҷуд доранд. Яке аз онҳо истеъмоли машрубот аст. Тарғиби фарҳанги дурусти истифодаи машрубот дар ВАО метавонад барои рафъи оқибатҳои манфии марбут ба майзадагӣ мусоидат кунад",- мегӯяд Кабирӣ.
Агентии омори Тоҷикистон рӯзи 19 январи соли 2022 хабар дод, ки тавлиди нушокиҳои спиртӣ дар Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 -- 11,7 дарсад коҳиш ёфтааст. Бар пояи омор, моҳҳои январ-ноябри соли 2021 дар кишвар беш аз 443 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ истеҳсол шудааст.
Сабаб: муҳоҷират ё "исломишавӣ"-и ҷомеа?
Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ дар бораи иллатҳои аслии майзадагӣ чизе нагуфт, аммо хабар дод, ки аз солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон раванди коҳиши истеъмоли машрубот мушоҳида мешавад. Сабабҳои ин раванд шарҳ дода нашудааст.

Аммо як корманди собиқи ин марказ, ки ҳоло гирифторони майзадагиро табобат мекунад, дар суҳбат бо CABAR.asia ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, коҳиши мизони майзадагӣ ба чанд омил вобаста аст.

"Аввалан, дар Тоҷикистон нархи машрубот боло рафтааст ва аз ин рӯ мардум фикр мекунанд, ки ба ҷойи машрубот дигар маводи ғизоӣ бихаранд, беҳтар аст. Сабаби дигар муҳоҷират аст. Қисмати асосии аҳолии қобили меҳнати мо, ки истеъмолкунандаи аслии машруботи спиртӣ маҳсуб мешаванд, дар Русия қарор доранд",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, мушкили майзадагӣ бештар миёни насли калонсол мушоҳида мешавад.

Ҷомеашинос Акмал Маҳмудов бошад, дар навбати худ, сабаби аслии коҳиши майзадагӣ дар Тоҷикистонро афзоиши диндорӣ медонад.
"Солҳои охир ҷавонон дар Тоҷикистон бештар мазҳабӣ шудаанд ва ба ҳар касе, ки нушокии спиртӣ менӯшад, бо таҳқир менигаранд. Дар навбати худ, одамоне, ки май менӯшанд, талош мекунанд, пинҳонӣ ин корро анҷом бидиҳанд. Инчунин онҳо дар маросими тӯй, зодрӯз ва дигар ҷашнҳо низ менӯшанд. Хулоса, онҳо рафтори худро аз мардум пинҳон карданӣ мешаванд",-гуфт Маҳмудов.
Қаҳрамони мо Лутфулло Каримов низ мегӯяд, солҳои ахир фарзандону наздиконаш мухолифи шаробнӯшии ӯ ҳастанд ва бо ҳар роҳ ӯро ба намозхониву парҳезкорӣ даъват мекунанд.

"Солҳои охир истеъмоли машрубот дар ҷомеа хеле кам шудааст. Масалан, имрӯз ягон фарзанди ман машрубот наменӯшад ва зидди майнушиам ҳастанд. Мегӯянд, умуман аз нӯшидан даст бикашам, ҳатто дар рӯзҳои ид ҳам нанӯшам. Аксари онҳое, ки дар гузашта шароб менӯшиданд, аз ин кор даст кашида, ба ҳаҷ рафтанд",- гуфт Каримов.
Дар ҳамин ҳол, пизишкони тоҷик аз ду сабаби эҳтимолии майзадагии мардум ҳарф мезананд: яке бемориҳои равонӣ, дигарӣ - дилхушӣ.
"Ҷавононе ки ба ҳадафҳои худ расида наметавонанд ва ё бо мушкилоти бузург рӯбарӯ мешаванд, майл ба нӯшидани машруботи спиртӣ доранд. Чунин ҷавононро нотавон низ мегӯянд. Сониян, вақте як гуруҳ ҷавонон дар маҳфилҳо ҷамъ мешаванд, миёни онҳо ҳамеша майзадаҳо пайдо мешаванд, ки ё ҷавононро барои нӯшидан маҷбур мекунанд ё бо амалу рафтори худ онҳоро ба ин кор тела медиҳанд. Ин омили дуввум аст, ки аз хоҳиш ва ё тақлид оғоз шуда, тадриҷан ба одат табдил мешавад"- мегӯяд Муҳаммад Хоҷаамиров, табиби тоҷик, ки дар яке аз марказҳои тиббии Душанбе кор мекунад.

Фирдавс Раупов, пизишки дигари тоҷик мегӯяд, майнӯшӣ бахусус ба саломатии наврасону ҷавонон, ки муолиҷаашон душвор ва гарон аст, таъсири манфӣ мерасонад. Истеъмоли зиёди машрубот бошад, рушди равонии онҳоро заиф мегардонад. Одамони гирифтори майзадагӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд, вале баъди ду-се рӯзи табобат гурехта мераванд.

акс аз: lacigaleclub.com
ВКД бо мақсади профилактика: Ҳушёр бошед!

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, наметавонанд монеи истифодаи машруботи спиртӣ аз ҷониби одамон шаванд, аммо ҳамзамон онҳоеро, ки дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро нақз мекунанд, ба марказҳои махсуси табобатӣ мефиристанд.

ВКД-и Тоҷикистон мегӯяд, барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатари сӯистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ пайваста чорабиниҳо мегузаронад.

"Мо шаҳрвандонро маҷбур карда наметавонем, ки машрубот истеъмол накунанд. Онҳое ки пас аз нӯшидани машрубот дар кӯча хоб мераванд ва ё тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, боздошт ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ё нуқтаҳои махсус бурда мешаванд",- хабар доданд аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар Душанбе ҳамагӣ як нуқтаи ҳушёркунӣ мавҷуд аст. Як сол қабл раҳбари ин марказ Собир Ҷабборзода гуфта буд, ба ҳисоби миёна теъдоди "меҳмонон" дар як рӯз 2-3 ва баъзан 7-8 нафарро ташкил медиҳад. Ва ҳоло низ вазъият ҳамин тавр аст. Ба гуфтаи ӯ, одамон инҷо аз 3 то 24 соат, то пурра ҳушёр шуданашон нигоҳ дошта мешаванд. Барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ 13 сомониву 75 дирам (беш аз 1,15 доллар) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR "Amplify, Verify, Engage: Information for Democratisation and Good Governance in Eurasia", ки аз ҷониби ВКХ-и Норвеж маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи "Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ", ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR, ВКХ Норвеж ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.
© 2022 All Rights Reserved
Facebook | land@scape.eu