Бонки миллии Тоҷикистон рублҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия, инчунин асъорҳои аз ҳисоби содирот ва сармоягузории мустақими хориҷӣ ба кишвар воридшавандаро ҷамъоварӣ намуда, ба онҳо аз Русия доллар мехарад.
Тибқи
маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, 50% маблағҳои интиқолии бо рубл воридшударо бонкҳои тиҷоратӣ бояд ба БМТ фурӯшанд. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, Бонки миллӣ дар навбати худ ин пулҳоро дар бонкҳои Русия бо доллар иваз мекунад. Бонки Миллӣ инро тасдиқ намекунад, аммо рад ҳам накардааст.
Азбаски кишвар қисми асосии асъори хориҷиро аз содироти захираҳои меҳнатӣ (муҳоҷирон) мегирад, қурби пули миллӣ - сомонӣ аз пули мефиристодаи муҳоҷирон вобастагии калон дорад.